Саидқул Билолов аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова мебошад. Ӯ баъдан ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ворид шуд ва дар соли 1976 онро ба итмом расонд. Замоне дар ин донишкада ба унвони устод низ тадрис кардааст.
Ӯ бештар аз сесад оҳанг офаридааст ва аксари таронаҳояш бар ашъори шоири маъруф Бозор Собир суруда шудааст.
Саидқул Билолов аз соли 1989 то кунун узви дастаи ҳунарии «Дарё» ва феълан раҳбари он мебошад. Ӯ як навбат вакили Маҷлиси намояндагон ва узви кумитаи фарҳанг дар порлумон низ буд, аммо ҳаргиз аз овозхонӣ ва ҳунар канор нарафт.