Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба тавофуқ расиданд, ки қарордоди сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро то се моҳи дигар ниҳоӣ кунанд ва ба имзо расонанд. Дар нахустин нишасти коршиносони се кишвар, ки 3 январ дар Исломободи Покистон доир шуд, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқат карданд, ки созишномаи сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро дар моҳи марти соли равон дар Кобул ба имзо расонанд. Дар ин музокирот раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Саидраҳмон Назриев - муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бар уҳда дошт.
Шералӣ Ҷононов - сафири Тоҷикистон дар Покистон, ки дар ин музокирот ширкат дошт, рӯзи 4 январ дар мусоҳибаи ихтисосие бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз имзои ин қарордод тоҷирону ширкатҳои Тоҷикистон тавассути Афғонистону Покистон ба роҳҳои обӣ дар бандари Карочӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
Шералӣ Ҷононов
Шералӣ Ҷононов 43 сол дошта, соли 1993 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 1998 Академияи дипломатии вазорати хориҷаи Русияро хатм кардааст. Аз соли 1995 дар кори дипломатист. Аз 3 январи соли 2013 сафири Тоҷикистон дар Исломобод таъин шуд. Оиладор, соҳиби 3 писар ва як духтар.
Ҷононов: Дар ин санад ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки гурӯҳҳои кории се кишвар ташкил карда шавад ва ин гурӯҳҳо бо назардошти имконоту шароити ҷонибҳо созишномаи ниҳоии тиҷоратӣ-транзитиро барои имзо таҳия кунанд. Дар он вазифаҳои ин гурӯҳҳои корӣ ба таври мушаххас оварда шудааст ва он масъалаҳои транзитӣ, масъалаҳои гумрукӣ, масъалаҳои молияви ва нақлиётиро дар бар мегирад. Ин мулоқоти аввалин буд. Аслан ин созишнома байни Афғонистону Покистон имзо шудааст. Вале ин ду кишвар ба хулосае расиданд, ки барои дастрасӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, ба хусус ба Тоҷикистон, бояд Тоҷикистонро ба ин созишнома ҷалб кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Агар мо ба оянда нигоҳ кунем, имкон дорад, ки Тоҷикистон дар ин миён ба кишвари транзитӣ табдил ёбад ва ҳамкориҳои Покистону Афғонистон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Қирғизистону Узбакистон низ идома ёбад?
Ҷононов: Бале, ширкаткунандагони музокирот таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар ин замина метавонад нақши дарвоза барои кишварҳои дигари Осиёи Миёнаро бозӣ кунад. Барои ҳамин онҳо ҷалби Тоҷикистон ба ин созишномаро зарур медонанд.
Озодӣ: Оё бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ гуфтугӯҳо дар ин бора оғоз шудааст?
Ҷононов: Не, ин аввалин вохӯрии се кишвар буд, ки дар сатҳи коршиносон баргузор гардид.
Озодӣ: Оё тиҷорат ё доду гирифти молу коло тавассути Афғонистон бо Покистон афзоиш хоҳад ёфт?
Ҷононов: Бале, мақсади асосии созишнома пеш аз ҳама соддатар кардани тиҷорат аст. Масалан, агар бор ба бандари Карочӣ ва ё Гвадар омад, бояд дар муддати кӯтоҳ ва бо нархи арзон ба Тоҷикистон интиқол ёбад.
Озодӣ: Оё Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, ки тавассути хоки Афғонистон ба бандарҳои обии Покистон ва аз он ҷо бо кишварҳои дигари ҷаҳон роҳ пайдо кунад?
Ҷононов: Дар созишнома як модда бояд дар ин бора оварда шавад ва масири интиқоли борҳо бояд муайян шавад, ки аз кадом гузаргоҳҳои гумрукиву марзӣ бояд то куҷо рафта расад. Ҳадаф албатта ду бандар аст - бандари Карочӣ ва бандари Гвадар.
Озодӣ: Чӣ гуна имтиёзҳо дар назар гирифта мешавад, оё барои боҷи гурукӣ ва ё молиёти гумрукӣ барои якдигар сабукиҳо қоил хоҳанд шуд?
Ҷононов: Коршиносон бояд дар ин бахш кор кунанд ва ба таври возеҳ муайян шавад, ки дар куҷо ва чӣ тавр барои молҳо боҷи гумрукӣ табақабандӣ шавад.
Озодӣ: Тоҷирони Тоҷикистон аз Покистон чӣ борҳоро ба Тоҷикистон ва чӣ борҳоро аз Тоҷикистон ба Покистон бурда метавонанд?
Ҷононов: Аз Покистон бештар маводи хӯрока, текстил ва молҳои саноатӣ меравад. Аз Тоҷикистон бештар мева, меваи хушк, пахта ва дигар молҳои саноатӣ ҳам содир мешавад. Яке аз стратегияҳои ҳукумати Тоҷикистон баровардани кишвар аз бунбасти нақлиётиву иқтисодӣ аст ва ин корҳо барои содироту воридоти бештари молу коло анҷом мегирад. Дар чунин ҳолат нарх метавонад дар бозорҳои Тоҷикистон поинтар равад. Ҳадафи дигар пайдо кардани дастрасӣ ба бандарҳои обии ҷаҳон аст.
Озодӣ: Мо гуфта метавонем, ки аз Покистон ба Тоҷикистон меваву сабзавот ҳам меоранд, он гуна ки солҳои охир аз он ҷо картошка меоранд?
Ҷононов: Баръакс, меваи тару хушки Тоҷикистон ба ин ҷо меояд. Масалан, ангури Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон харидори хуб дорад ва дар ҳамаи бозорҳо машҳур ва пурхаридор аст.