Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Исломобод, Кобул ва Душанбе ба густариши тиҷорат


Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд, ки созишномаи сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро то се моҳи дигар ниҳоӣ намуда ва ба имзо расонанд.

Дар нахустин нишасти коршиносони се кишвар, ки рӯзи 3 январ дар шаҳри Исломобод доир шуд, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқат карданд, ки созишномаи сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратиро (Pakistan, Afghanistan and Tajikistan on Trilateral Transit Trade Agreement (PATTTTA) то се моҳи дигар ниҳоӣ намуда ва дар моҳи марти соли равон онро дар Кобул ба имзо расонанд. Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, имзои ин созишномаи имкон медиҳад, ки Тоҷикистон тавассути Афғонистону Покистон ба баҳр васл шавад ва ҳамин тариқ Кобулу Исломобод ба бозорҳои Осиёи Миёна роҳ ёбанд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев, вазири тиҷорати Покистон Шаҳзод Арбоб ва сарпарасти вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон Муззаммил Шинворӣ ҳайатҳои кишварҳои худро дар ин гуфтугӯ раҳбарӣ кардаанд. Дар иттилоияи вазорати тиҷорати Покистон омадааст, ки дурнамои созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни се кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуд ва ҳар се кишвар ба мувофиқа расиданд, ки нишастҳои машваратии худро то расидан ба натиҷаи ниҳоӣ, идома бидиҳанд.

Ҷонибҳои намояндагони худ барои гуфтугӯи баъдӣ муайян намуда ва тафовуқ карданд, ки нишасти навбатӣ моҳи феврал дар шаҳри Душанбе доир шавад ва пешнависи созишнома омода гардад. Ҷонибҳо ҳамзамон ба ин натиҷа расиданд, ки созишномаи ниҳоӣ моҳи марти соли равон дар шаҳри Кобул ба имзо бирасад.

Гуфтугӯҳо дар мавриди имзои созишномаи сеҷонибаи тиҷоратӣ-транзитӣ миёни се кишвар дар ҳолест, ки дар нимаи дувуми моҳи декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Исломобод барои интиқоли 100 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Турхам ризоят додааст.

Вазорати хориҷӣ гуфт, ки мувофиқати пешакӣ дар мавриди интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути бандари Карочии Покистон ҳангоми сафари вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ба ин ду кишвар ҳосил шуда буд. Қарор аст, ки маводи сӯхт тавассути баҳр ба бандари Карочии Покистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол ёбад.

Як ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Оҷонсии захираҳои моддии кишвар Нурмуҳаммад Ахмедов мавзӯи интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути Покистонро бо мақомоти он кишвар матраҳ карда буд

Ба иттилои расмӣ, қарор аст, ки дар марҳилаҳои ҳамасола аз ин роҳ аз 1 то 2 миллион тонна маводи сӯзишвории Кувайт ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Тоҷикистон мехоҳад, аз Покистон орду гардум ва шакар ҳам бихарад.

XS
SM
MD
LG