Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ субҳи имрӯз, 29-уми июл, дар Қасри миллат сурат гирифт ва ҷонибҳо Эъломияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дуҷонибаро имзо карданд.
Муборизаи муштарак зидди терроризм
Ҳарду раҳбар терроризм ва тундгароиро маҳкум карданд ва эълом доштанд, ки дар мубориза бо ҳама анвои ин падидаҳо аз наздик ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Зардорӣ ошкоро бадтар шудани вазъи амниятӣ дар минтақаро таъкид кард ва гуфт, дар садаи 21 таҳдиди чунин падидаҳо ба як кишвар маънии таҳдид ба кишварҳои ҳамсояро низ дорад.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1600 километр марз дорад, ки на ҳамаи нуқоти он ҳифозат мешавад. Ташаннуҷи азвоъ дар шарқи Тоҷикистон ба таҳаввулоти Покистон ва Афғонистон пайванд дода мешавд ва дар арафаи сафари Зардорӣ дар Душанбе ду таркиши хурд ба вуқӯъ пайваст.
Омодагиҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба
Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои умури хориҷи Тоҷикистон ва Покистон барои солҳои 2009-2011 ва Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо аз сӯи вазирони корҳои хориҷии ду ба тасвиб расид.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи масири ҳавоӣ байни Душанбе ва Исломобод ва намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Осиф Алӣ Зардорӣ, тибқи барномаи сафар, ҳамчунин дар нишастҳои сеҷониба ва ҷорчонибаи сарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон ширкат хоҳад кард, ки фардо дар Душанбе баргузор мешаванд.
Умедҳо ба сармояи покистонӣ дар тарҳҳои энержӣ
Дар нишастҳои Душанбе интизор меравад, ки мавзуи ширкати Покистон дар сохтмони тарҳҳои энержии Тоҷикистон мавриди баҳсу гуфтугузорҳо қарор бигирад.
Покистон ҳамчун як кишвари ниёзманд ба нерӯи барқ борҳо ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ дар Тоҷикистон ва воридоти барқи арзони обӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Покистон аз солҳои 90 ум ба харидории нерӯи барқи Тоҷикистон алоқамандӣ нишон додааст ва дар ин замина гуфтушунидҳое анҷом шуда буд. Сухан аз боби як қарордоди 500-миллиондолларӣ мерафт, ки мебоист Покистон дар соҳаи энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард. Вале ин музокирот бо сабабҳои амниятӣ нотамом боқӣ монд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Покистон ҳамчунон дар сохтмони нерӯгоҳҳо ва харидории барқи онҳо барои рушди саноати худ алоқаманд боқӣ мемонад. Вале онҳо бо ишора ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, ва тавони сармоягузории Покистон дар тарҳҳои азими энержии Тоҷикистон, ба мисли сохтмони Роғун, шубҳа доранд.
Аммо, мегӯянд коршиносон, Покистон имкон дорад дар сохтмони тарҳҳои силсиланерӯгоҳҳои миёна ва хурд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.
Ҳамкориҳои камранги иқтисодии ду кишвар
Покистон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро шинохт ва дар тобистони соли 1992 сафорати худ дар Душанберо боз кард. Раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон Раҳмон Набиев низ аз аввалин сафарҳои хориҷии худро дар Покистон анҷом дод.
Тайи ду даҳсолаи ахир байни Тоҷикистон ва Покистон 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале то имрӯз ин ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат ҳамкориҳои назаррасе надоштаанд.
Тибқи омори расмӣ ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта ҳамагӣ 1 миллиону 700 ҳазорро ташкил додааст, ки даҳҳо маротиб камтар аз ҳаҷми додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон будааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин рақам нишондоди зарфияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар нест ва сафари нахустини расмии раисиҷумҳур Зардорӣ ин ҳамкориҳоро такон хоҳад бахшид.