Молдова, Озарбойҷон ва Арманистон ба даври ниҳоии Eurovision роҳ ёфтанд

Ҳунарнамоии овозхони арманӣ Артсвик дар Киев, рӯзи 9 май

Номзадҳои кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон ва Молдова тавонистанд ба даври ниҳоии озмуни мусиқии Eurovision-и имсола роҳ ёбанд. Ин озмун яке аз собиқадортарин озмунҳои мусиқии телевизионии Аврупост, ки солҳои охир дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҳам истеъдодҳои навро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Имсол аз Арманистон овозхон Артсвик, аз Озарбойҷон Диҳаҷ ё Диана Ҳоҷиева ва аз Молдова гурӯҳи ҳунарии “Sunstroke Project” иштирок

Рӯзи 9 май овозхони тоторҳои Қрим Ҷамола - барандаи кулли озмуни Eurovision дар соли 2016, суруди ғолиби озмуни порсоларо иҷро кард.

мекунанд. Номзадии онҳо дар бахши аввали даври ниманиҳоии озмун пазируфта шуд, ки рӯзи 9 май дар шаҳри Киев ба таври зинда баргузор гардид.


https://eurovision.tv/story/first-ten-finalists-2017

Ҳафт кишвари дигар, ки дар натиҷаи овоздиҳии ахир ба даври ниҳоии озмуни рӯзи 13 май роҳ ёфтанд, Австралия, Белгия, Қибрис, Юнон, Полша (Лаҳистон), Португалия ва Шветсия мебошанд. Албания, Гурҷистон ва Монтенегро (Черногория) натавонистанд ба даври ниҳоӣ роҳ ёбанд.

Даври дуюми ниманиҳоии озмун рӯзи 11 май барпо мешавад ва дар ин бахш, аз ҷумла, номзадҳои Беларус, Македония ва Сербия барои ҳақи ширкат дар даври ниҳоии озмун мубориза хоҳанд бурд.

Ҷамола

Украина, ки соли гузашта барандаи кулли озмуни Eurovision гардид, бидуни шарт ва ба таври мустақим ба даври ниҳоии озмун роҳ меёбад.

Аз рӯи шартҳои ин озмуни бонуфуз панҷ кишвари аврупоӣ – Фаронса, Бритониё, Германия (Олмон), Италия ва Испания ба ҳайси бунёдгузорони Иттиҳоди телевизиону радиошунавоии Аврупо ва муассисони озмун ҳамеша дар даври ниҳоии ин озмуни мусиқӣ иштирок мекунанд.

Пеш аз он ки исми барандагони бахши аввали озмуни ниманиҳоӣ эълон шавад, рӯзи 9 май овозхони тоторҳои Қрим Ҷамола - барандаи кулли озмуни Eurovision дар соли 2016, суруди ғолиби озмуни порсоларо иҷро кард. Ин тарона дар бораи фоҷеаи ихроҷи тоторҳои Қрим аз заминҳояшон дар даврони ҳукмронии Иосиф Сталин дар соли 1944 қисса мекунад.

Юлия Самойлова

Номзади Русия Юлия Самойлова, ки мебоист дар даври ниманиҳоии озмун дар шаҳри Киев иштирок мекард, аз ҳақи вуруд ба Украина маҳрум шуд. Киев гуфт, ки ин овозхон баъди ҳунарнамоиш дар нимҷазираи Қрим дар соли 2015 муқаррароти вуруд ба хоки Украинаро нақз ва ба ҳамин хотир барои ширкат дар озмун роҳ дода намешавад.

Русия соли 2014 ба таври худсарона ва ғайриқонунӣ нимҷазираи Қримро тасарруф кард ва ин амалаш боиси маҳкумият ва ҳам таҳрими кишварҳои аврупоиву ғарбӣ шуд. Баъди он ки Самойлова пешниҳоди ташкилкунандагони озмун дар бораи ширкати интернетии зиндааш дар ин сабқатро рад кард, комилан ба озмун роҳ наёфт.

Рӯзи 9 май дар маросими таҷлил аз 72-юмин солгарди пирӯзӣ бар фашизми нозӣ, Самойлова дубора дар Қрим ҳозир шуд ва дар консерти идонаи мақомоти маҳаллӣ иштирок кард.