Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонси аз ҳама баланди Сергей Лазарев дар “Eurovision 2016”


Ширкатҳои букмекерӣ шонси аз ҳама баланди пирӯзӣ дар сабқати имсолаи “Eurovision Song Contest”-ро ба овозхони рус Сергей Лазарев медиҳанд. Даври ниҳоии ин озмуни мӯътабари мусиқии Аврупо шоми 14 май дар Стокҳолм доир мешавад. Лазарев бо таронаи “You Are The Only One”, ки дар сабки техно иҷро кардааст, ба даври ниҳоии Eurovision” роҳ ёфт. Дар баробари ӯ шонси намояндагони Украина ва Австрияро баланд мешуморанд. Украинаро имсол дар ин озмун Ҷамола ном овозхон аз тоторҳои Қрим намояндагӣ мекунад. Ӯ ба “Eurovision” таронаеро бо номи “1944” овардааст, ки чигуна бадарға шудани тоторҳои Қрим аз сӯи режими Иосиф Сталинро қисса мекунад. Худи Ҷамола низ ба ҳамин далел дар бадарға дар Қирғизистон ба дунё омадааст. Ба даври ниҳоии " Eurovision”, ки имсол 60-солагиашро таҷлил мекунад, дар маҷмӯъ 25 овозхону гурӯҳи ҳунарӣ аз 25 кишвари Аврупо роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG