Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон барандаи озмуни “Eurovision" шуд


Озарбойҷон дар озмуни мусиқии “Eurovision Song Contest-2011” пирӯз шуд. Дар ин сабқат 43 кишвар ширкат доштанд ва ҳунарнамоии овозхонҳоро зиёда аз 100 миллион нафар тамошо карданд.

Элдор Қосимов ва Нигоҳ Ҷамол, ки бо номи “Элл-Никкӣ” бо таронаи “Тарсону гурезон” нахустин бор Озарбойҷонро ба барандаи озмун ва меҳмондори озмуни навбатӣ табдил доданд.

Ҷои дувум насиби Италия ва савум аз они Шведися гашт. Озмуни “Eurovision” бори 56 баргузор шуда, ба муаррифии овозхонон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯмак мекунад. Гурӯҳи “АББА” дар соли 1974 ва хонандаи канадаӣ Селин Дион дар соли 1988 аз ғолибони ин озмун буданд.

Дар озмуни имсола намояндагони 43 кишвар иштирок доштаанд. Ин бори 56-ум мебошад, ки озмуни мазкур барпо мегардад ва солҳои охир марзҳояшро густариш дода, чандин кишвари навро низ фаро гирифтааст. Аз ҷумла дар озмуни имсола Маҷористон, Австрия, Италия ва Сан Марино ба сафи ширкаткунандагон пайвастанд.



Озмуни “Eurovision” пас аз Ҷанги Ҷаҳонии дувум, дар соли 1956 бо мақсади иттиҳодофарӣ миёни давлатҳои Аврупо ба вуҷуд омад. Аз он вақт раъйдиҳӣ дар он аз рӯи асли ҳамсоягӣ ё хешовандӣ ҷараён мегирад.

Ба назари баъзе аз коршиносони соҳа, озмун на пайвандгар, балки тафриқаандоз шуда, деворҳои нави оҳанинро ба миён меорад ва бо ангезаҳои сиёсӣ аст.

Барои мисол раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко қудратҳои ғарбиро сабабгори шикасти намояндаи кишвараш дар озмуни имсола номид ва ин шикастро дорои ангезаи сиёсӣ хонд. Ширкаткунандаи озмун аз Беларус таронаеро иҷро кард, ки «Ман Беларусро дӯст медорам» ном дошт. Лукашенко гуфт, ғарбиҳо суруди беларусиро «гулӯбанд» карданд.

Аммо мухолифони мегӯянд, ин беҳтарин саҳнаест, барои кишварҳои кӯчак, ки худро муаррифӣ кунанд ва агар дар фарҳанг чизе ба даст наоварданд, лоақал сайёҳони наверо ба кишвари худ фаро хонанд.

Пажӯҳишгари фаронсавӣ, Филип Ле Гурн навиштааст, ин имконияти хубест барои кишварҳои хурд, ки кишварҳои бузургро шикаст дода, бузургманиширо дар Аврупо рӯ ба коҳиш оранд.
XS
SM
MD
LG