Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко озмуни "Eurovision"-ро сиёсӣ номид


Раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко қудратҳои ғарбиро сабабгори шикасти намояндаи кишвараш дар озмуни таронаҳои Eurovision («Евровижн») номид ва ин шикастро дорои ангезаи сиёсӣ хонд. Ширкаткунандаи озмун аз Беларус таронаеро иҷро кард, ки «Ман Беларусро дӯст медорам» ном дошт. Лукашенко гуфт, ғарбиҳо суруди беларусиро «гулӯбанд» карданд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки пас аз пирӯзяиш дар интихобот барои даври чаҳоруми раёсатҷумҳурӣ ва саркӯб шудани мухолифони давлат, аз ҷумла номаздҳо раёсатҷумҳурӣ, Иттиҳоди Аврупо ба сафари мақомоти расмии Беларус таҳрим гузоштааст.
XS
SM
MD
LG