Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе мехоҳад, дар низоми нафақаи кишвар ислоҳот ворид кунад. Баъд аз анҷоми ин ислоҳот, ҳар шаҳрванд метавонад бо истифода аз низоми иттилоотӣ бинад, ки дар тӯли соли корияш “хазина”-и андозҳои супоридааш чӣ қадар аст, то онро ҳангоми бознишастагияш сарф кунад.
Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гуфт, ки “лоиҳаи мазкур муддати 3 сол татбиқ карда шуда, ҳадафаш он аст, ки ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар самтҳои фаъолият аз қабили рушди технологияи мусоири иттилоотӣ, дар ҷараёни таъину пардохти нафақа, дурнамои актуарӣ, инчунин такмили низоми қонунгузорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи кадрии он, мусоидат намояд.”
Бо роҳандозии як тарҳ, Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад дар низоми нафақаи кишвар ислоҳот ворид кунад.
Дар доираи ин тарҳ, ки давраи аввали он соли 2014 шурӯъ шуд, то январи соли 2020 маблағи 251 миллион евро барои ислоҳи низоми нафақа, грант ҷудо шудааст. Дар низоми нави нафақа, ки лоиҳаи мазкур ҳам идомаи он аст, барои онҳое, ки кору шуғлу расмӣ надоштанд ва ё ҳаёташонро дар муҳоҷират гузарондаанд, нафақаи шоистае дар назар гирифта нашудааст. Чунки тибқи ин низом, касе нафақаи хуб мегирад, ки ҳангоми кор андози иҷтимоиро зиёд пардохт карда бошад.
Низоми нафақа дар Тоҷикистон дар се соли ахир борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифта, дар "Қонун дар бораи нафақа" як қатор тағйиротҳо ворид шуд. Аз рӯи қонуни нав, ба афроди бознишаста мувофиқи мизони маош ва андозҳои ба давлат пардохтаи онҳо ва кордеҳашон, нафақа таъин карда мешавад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдураҳмон Ҳакимов мегӯяд, “бояд ҳамон хел мусоидат кунанд, ки ҳам таъиноти нафақа, ҳам муайян кардани капитали ҳар як нафаре, ки андоз месупорад, бояд ба таври автоматикӣ бошад. Бояд ҳамин тавре шавад, ки шаҳрванд ҳам имкон пайдо кунад, ки ҳоло ба синни нафақа нарасида бинад, ки капитали вай чанд сомонӣ асту чӣ қадар метавонад аз нафақа интизорот дошта бошад.”
Дар муаррифии лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ барои мусоидат ба ислоҳоти нафақа” гуфта шуд, ки дар доираи он Иттиҳодияи Аврупо ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам роҳандозии равзанаи ягонаи таъину пардохти нафақа, мусоидат хоҳад кард.
Назирҷон Кишваров, як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо собиқаи беш аз 40-сола ҳоло 246 сомонӣ нафақа мегирад. Ин нафақахур танҳо ба ғанӣ шудани будҷаи давлат умед мебанданд, ки шояд нафақаашрро ҳам зиёд кунанд.
Назирҷон Кишваров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҷойҳои зиёд кор кардам. Ҳоло ҳамагӣ 246 сомонӣ нафақа мегирам. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Даромади ҳукумат ҳам, ки зиёд шуд, нафақаҳои моро ҳам зиёд мекунанд. Агар даромад набошад, аз куҷо медиҳад?”
Ба мисли Нозирҷон Кишваров ҳоло ҳамаи нафақахӯрон дар Тоҷикистон намедонанд, ки нафақаи онҳо барои моҳу солҳои оянда чӣ қадар хоҳад шуд? Ҳоло дар кишвар ҳудуди 642 ҳазор нафар нафақагир зиндагӣ мекунад ва ҳаҷми миёнаи нафақа 273 сомонӣ аст.