Беш аз $5 млрд. Эътирофи саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон

Баъди ҳамла ба толори “Крокус” (моҳи марти 2024) фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар шуд

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз пули фиристодаи муҳоҷиронро ошкор намекунанд. Дар як нишаст дар Душанбе рӯзи 22-юми ноябр нақши барҷастаи онҳо дар таъмини хонаводаҳо ва иқтисоди ҷумҳурӣ эътироф карда шуд.

Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳо, гуфт, "дар таърихи навини Тоҷикистон ягон соҳаи хоҷагии халқ ба мисли муҳоҷирати корӣ имкон надорад, ки ҷамъияту давлатро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ намояд."

Муҳоҷират -- бахши муҳими иқтисод

Ӯ дар гузашта дар идораҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ кор карда, пажуҳишҳо низ анҷом додааст. Бобозода гуфт, муҳоҷирон дар соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристоданд. Ин пул ба 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар будааст.

Анвар Бобозода

"Пули фиристодаи муҳоҷирон аз даромади содироти мамлакат аз фурӯши маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва аз сармояи хориҷӣ даҳҳо баробар зиёдтар аст. Он муҳоҷиратро ба қисмати аз ҳама муҳими маблағгузории иқтисоди Тоҷикистон табдил дода истодааст", - шарҳ дод ӯ.

Ҷаноби Бобозода барои тасдиқи гуфтаҳояш нақшаеро нишон дод, ки дар он Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, сармоягузории хориҷӣ ва фарқи он аз пули муҳоҷирон ҷой дода шудааст. Ба қавли вай, омори Вазорати рушди иқтисоду Хадамоти гумрук бозгӯйи онанд, ки пули муҳоҷирон назар ба маблағи маҳсулоти содиротии кишвар зиёдтар аст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки арзёбиҳояш бар пояи маълумоти идораҳои давлатии Тоҷикистон буда, дар соли 2024 низ саҳми муҳоҷирон дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ назаррас мондааст.

Моёншо Маҳмадбекзода, мудири Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, фаъолияти муассири ҷомеаи тоҷикон дар Русия метавонад ба беҳбуди кори муҳоҷирон ва афзоиши даромади онҳо таъсир расонад.

Бекорӣ дар Тоҷикистон аз мушкили асосӣ мемонад

"Дар Русия 80 ҷамъияти тоҷикон ҳаст. Интиқоли пули муҳоҷирон ба онҳо низ вобаста аст. Мо медонем, ки ҷамъиятҳои мо бисёр фаъоланд, аз ҷиҳати иқтисодӣ бад нестем, мутаассифона, аз назари сиёсӣ дар Русия нисбат ба дигар давлатҳо камтар заифтарем. Агар дар Думаи Русия чанд вакили тоҷиктабор медоштем, боз беҳтар мешуд", - гуфт Моёншо Маҳмадбекзода.

Дар нишасти Душанбе гуфта шуд, ки муҳоҷирон дар баробари таъмини хонаводаҳояшон, дар бунёди мактабу роҳҳо ва биноҳои дигари иҷтимоӣ низ саҳм гузоштаанд. Ба иттилои расмӣ, онҳо дар соли 2023 бо 300 миллион сомонӣ бунёди 206 иншоотро сармоягузорӣ кардаанд. Маълум нест, ин корро ихтиёрӣ анҷом додаанд ё бо супориш ё фишори мақомот.

"Муҳоҷирони тоҷик рӯй ба Аврупо овардаанд"

Суҳбатҳо аз нақши пули муҳоҷирон дар пешрафти Тоҷикистон дар ҳолест, ки баъд аз ҳамла ба толори “Крокус” (моҳи марти 2024) фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар зиёд шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ пешгӯӣ карда буд, ки мумкин аст, соли 2024 интиқоли пули онҳо ба Тоҷикистон кам шуда, ин ба вазъи иқтисод таъсир гузорад ва суръати рушдро суст кунад.

Раҳмон Улмасов

Ба назари Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, ҳоло рӯ овардани муҳоҷирон ба кишварҳои аврупоӣ бештар ба назар мерасад. Вай афзуд: “Ҷараёни асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия мебошад, аммо аз як то панҷ дарсади муҳоҷирони мо аз Русия ба кишварҳои дигар мераванд".

“Бояд бархе сиёсатмадорони Русия дарк кунанд, ки муҳоҷирони мо “витаминҳо”-и иқтисоди Русия ҳастанд. Ҳоло чархаи диверсификатсия (гуногунсамтӣ)-и муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба кор даромадааст ва пеши роҳро гирифтан ғайриимкон аст”, - афзуд ӯ.

Мушкили дарёфти ҷои кори муносиб боис шудааст, ки ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои ёфтани пули бештар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия раванд. Ҳарчанд мақомоти тоҷик солҳои охир талош дорад пойбандии муҳоҷирати меҳнатиро аз Русия камтар кунанд, то ҳол дар ин самт ба комёбии назаррас даст наёфтаанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷо:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саҳми бузурги муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистонро набояд нодида гирифт