Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 27 феврал эълон карданд, ки бар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон лимити интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон пурра лағв гардидааст. Қаблан ин ширкат гуфта буд, ба сокинон дар шабонарӯз 19 соат нерӯи барқ медиҳад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз рӯзи ҷумъа сокинон 24 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд. Оқои Ёдгорӣ дар мавриди ин ки оё сардиҳо наметавонад дубора лимитро ба сокинон бозгардонад, гуфт, то ҷои мумкин талош хоҳанд кард, интиқоли нерӯи барқ бемаҳдуд ба манзили сокинон сурат гирад.
Ӯ афзуд, “зиёд шудани захираҳои обию энергетикӣ ва фаъол гардидани Маркази гармидиҳии “Душанбе-2” ва чанд нерӯгоҳи хурд сабаби комилан лағв кардани маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар гардид. Мо бар хилофи баъзе аз коршиносон, ки мегӯянд, бо сард шудани ҳаво эҳтимоли дубора ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ҷорӣ дар назар аст, гуфтанием, ки чунин намешавад.”
Бархе аз сокинони манотиқи дурдаст дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, то рӯзи 27 феврал 18-19 соат дар шабонарӯз барқ мегирифтанд ва то фардо дақиқ хоҳад шуд, ки ҳарфҳои масъулони “Барқи тоҷик” дар мавриди лағви пурраи лимит то куҷо асос дорад. Баъзеи онҳо ҳатто мегӯянд, қиссаи афсона ва ё ҳақиқат будани лағви комили лимити нерӯи барқ баъд аз баргузории интихоботи парлумонӣ маълум мешавад.
Тасмими ҳарчӣ зуд аз миён бардоштани лимити интиқоли нерӯи барқ барои сокинон дар айни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон гирифта шудааст. Ин интихобот рӯзи якуми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад ва мухолифони ҳукумати кунунӣ мегӯянд, шояд мақомот аз ин тариқ мехоҳанд, дили сокинонро ба даст оранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аксаран лимити нерӯи барқ дар охирҳои моҳи апрел лағв мегардид.
Аз ин пештар, интиқоли барқ ба аҳолӣ аз 10 соат ба 13 соат расонда шуда буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 16 феврал дар машварати корие, ки бо мақомоти ҳукумат баргузор кард, ба масъулони риштаи нирӯи барқ дастур дода буд, шурӯъ аз 16 феврал мардумро дастикам 13 соат дар шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин кунанд. Таъкид гардида буд, минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.
Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нирӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.
Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд.
Аммо имсол ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аллакай аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд. Дар бисёре аз манотиқи рустоӣ, ба гуфтаи аҳолӣ, дар шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд.
Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.