Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мардум бояд 13 соат барқ бидиҳанд. Шурӯъ аз 16 феврал


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал дастур дод, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии кишварро бо дастикам 13 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал даор машварати корие, ки бо масъулони ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияаш барпо кард, ба масъулони риштаи нирӯи барқ дастур додааст, ки шурӯъ аз ҳамин рӯзи 16 феврал мардумро дастикам 13 соат дар шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин кунанд.

Дар хабари нашршуда дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита гуфта мешавад: “Вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5- субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне 13 соатӣ барқ дода шавад. Таъкид гардид, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.”

Дар ин ҷаласа масоили дигаре, чун таъмини фаровонии маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи порлумонӣ низ баррасӣ шудааст.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, алакай меъёри додани барқ барои аҳолӣ ба 13 соат расонда шуд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик", ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо боришоти борон ва гармтар омадани ҳаво оби обанбори Норак ҳам бештар шуд ва аз имрӯз мардум 13 соат барқ дар шабонарӯз хоҳанд гирифт".

Вай афзуд, "агар дар рӯзҳои оянда барфборию яхбандӣ сурат нагирад, меъёри таъмини мардум бо барқ аз ин ҳам бештар карда хоҳад шуд.

Зимнан лимити барқро дуруст ду ҳафта қабл аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки 1 март баргузор мешавад, сабуктар карданд. Мунтақидон билофосила бо ишора ба ин нукта ба 13 соат расондани лимити барқро як гашти пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизби ҳокими халқии демократии ӯ унвон карданд.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нирӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.

Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нирӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.

Нирӯгоҳи Помир-1
Нирӯгоҳи Помир-1

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширктаи давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд.

Аммо имсол ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аллакай аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд. Дар бисёре аз манотиқи рустоӣ, ба гуфтаи аҳолӣ, дар шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд. Вале дар рӯзҳои охир таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ зоҳиран ба мушкилоти бештар рӯбарӯ шуд ва ҳатто сокинони маҳаллаҳои атрофи Душанбе аз ҷорӣ шудани лимити шадид барои онҳо шикоят мекарданд.

Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.

Тоҷикистон дар пайи ин мухолифатҳо ташхиси фанниву иқтисодӣ ва оқибатҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд. Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябр натиҷаҳои ташхиисашро эълон кард ва гуфт, тарҳи Роғун осеби ҷиддие ба иқтисоди кишварҳои дигари минтақа намерасонад. Ин ниҳод аммо барои бунёди ин нирӯгоҳи азим ваъдаи кӯмаки молӣ накард.

Акнун Душанбе бояд дастикам 2 миллиард доллар сармояи лозим барои сохтани ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро пайдо кунад. Худи ҳукумати Тоҷикистон чунин сармояи бузург дар ихтиёр надорад, вале то кунун ягон кишвар ё сармоягузори бузург аз берун барои таъмини молии сохтмони нирӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG