Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, аз 23 феврал дар тамоми манотиқи кишвар аҳолӣ дар шабонарӯз 19 соат бо нерӯи барқ таъмин мегардад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат, ба Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан, аз имрӯз тамоми аҳолии Тоҷикистон 19 соат нерӯи барқ мегиранд. Ба хонаи онҳо аз соати 5-и саҳар то 12-и шаб барқ интиқол меёбад. Фақат аз соати 12-и шаб то 5-и саҳар барқро хомӯш хоҳем кард."
Ба гуфтаи ӯ, имкони комилан аз байн бардоштани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ низ вуҷуд дорад. Зеро ба қавли ҷаноби Ёдгорӣ гуфт, "гарм шудани ҳарорати ҳаво, афзун гардидани захираҳои обию энергетикӣ ва ҳамчунн фаъол гардидани Маркази гармидиҳии Душанбе-2 сабаби ба тадриҷ аз байн бурдан ва дар ниҳоят ба таърихи 27 феврал комилан лағв кардани маҳдудияти нерӯи барқ дар кишварро фароҳам кардаанд."
Тасмими ҳарчӣ зуд аз миён бардоштани лимити нерӯи барқ барои сокинон дар айни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон гирифта шудааст. Ин интихобот рӯзи 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд ва
мухолифони ҳукумати кунунӣ мегӯянд, шояд мақомот аз ин тариқ мехоҳанд, дили сокинонро ба даст оранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аксаран лимити нерӯи барқ дар охирҳои моҳи апрел лағв мегардид.
Аз ин пештар, интиқоли барқ ба аҳолӣ аз 10 соат ба 13 соат расонда шуда буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 16 феврал дар машварати корие, ки бо мақомоти ҳукумат баргузор кард, ба масъулони риштаи нирӯи барқ дастур дода буд, ки шурӯъ аз 16 феврал мардумро дастикам 13 соат дар шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин кунанд. Таъкид гардида буд, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.
Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нирӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нирӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.
Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд.
Аммо имсол ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аллакай аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд. Дар бисёре аз манотиқи рустоӣ, ба гуфтаи аҳолӣ, дар шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд.
Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.