Ноҳияи Мурғоб, як нуқтаи баландкӯҳи Тоҷикистон, соле таваҷҷӯҳи на камтар аз 400 ҷаҳонгарди хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Аксар меҳмонони Мурғоб кӯҳнавардонанд, ки барои тамошои манзараҳои зебову хоҷагиҳои қӯтоспарварӣ ва аксбардорӣ дар пасманзари Рангкӯлу Зоркӯли маъруф ба онҷо мераванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мирзобой Ҷошбоев, раиси ноҳияи Мурғоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан дар тамоми ноҳия, аз ҷумла идораҳои давлатӣ барқ нест ва ҳама аз генераторҳо истифода мекунанд.
Вале мушкили таъмини бидуни танаффуси барқ дар меҳмонхонаҳои навъи “homestay” шумори онҳоро дар се соли охир аз 28 то 8 адад коҳиш додааст.
Сӯҳроб Ғарибмамадов, соҳиби як чунин меҳмонхона дар ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Бадахшон аст. Вай дар канори ҳавлии хонааш як меҳмонҷои махсусе бунёд карда, онро ба хориҷиҳо ба иҷора медиҳад ва аз ин ҳисоб ба хонаводаи худ як миқдор даромад таъмин мекунад. Аммо набуди барқи доимӣ ӯро дар фикри насби як батареяи офтобӣ водор кард, ки 2,5 ҳазор сомонӣ (муодили 300 доллар) арзиш дорад.
Вай рӯзи 24-уми май гуфт, дар шароити Мурғоб набуди барқу гармӣ дар асл 50 дар сади мушкили хадамоти меҳмонхонаҳои хусусиро ташкил медиҳад. “Ҳаммом ва таъмини гармӣ яке аз чизҳои ҳатмии меҳмонхона мебошанд, ки бебарқӣ ва гаронии нархи ҳезуму ангишт ин проблемаро ба вуҷуд овардааст. Ангиштсангро аз минтақаи Олойи Қирғизистон меоранд, ки 1 тонна ҳазор сомонӣ нарх дорад. Барои қонеъ кардани талаботи сайёҳ лозим аст, ки генератор ё ҳар чизи дигарро омода кунам, то онҳо тавонанд телефони ҳамроҳ, дурбинҳои аккосӣ ва компютерҳои худро истифода кунанд”, - афзуд ӯ.
Ноҳияи Мурғоб бо масоҳати 38 ҳазору 442,2 километри мураббаъ аз лиҳози ҳудуд бузургтарин ноҳия дар Тоҷикистон аст.
Сӯҳроб Ғарибмамадов мегӯяд, замоне ки пойи хориҷиҳо аз меҳмонхонаи ӯ канда набуд, дар як мавсими тобистон то 12 ҳазор сомонӣ даромад ба даст меорад. Аммо, ба қавли вай ба далели мушкили бебарқӣ маҷбур мешавад бештари ин пулро сарфи хариди ангишт ва васоили дигари таъмини гармиву рӯшноӣ кунад.
Сӯҳроб мегӯяд, умедвор аст, ки ҷараёни навсозии нирӯгоҳи куҳнаи ноҳия базудӣ анҷом ёфта, на танҳо меҳмонхонаву тиҷорати Сӯҳроб, балки манзили тамоми сокинони ин минтақаи дурдаст дар зимистон гарму чароғон мешавад. Раиси ноҳияи Мурғоб мегӯяд барои навсозии нирӯгоҳи ин ноҳия Бонки рушди Олмон 7,4 миллион евро додааст.
Ба гуфтаи Мирзобой Ҷошбоев, дар назар аст, ин нирӯгоҳ, ки қаблан 500 кВт соат барқ тавлид мекард, моҳи ноябри соли равон ба истифода дода шавад ва пас аз навсозӣ иқтидори он ба 1 ҳазору 250 киловат расида, тамоми сокинони ноҳияи Мурғоб аз барқ таъмин хоҳанд шуд. Мирзобой Ҷошбоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар тамоми ноҳия, аз ҷумла идораҳои давлатӣ барқ нест ва ҳама аз генераторҳо истифода мекунанд.
Ноҳияи Мурғоб аз сардтарин ва дурдасттарин ноҳияи Тоҷикистон буда, дар баландии 3 ҳазор 600 метр аз сатҳи баҳр, 800 километрии шаҳри Душанбе ва 400 километрии шаҳри Оши Қирғизистон воқеъ аст.
Сӯҳроб Ғарибмамадов мегӯяд, бештари сайёҳон маҳз ба хотири таҷрибаи зиндагӣ дар баландӣ ба ин минтақа меоянд. Ӯ мегӯяд, дар мавсими сайёҳии соли гузашта 400 ҷаҳонгард ба Мурғоб рафтаанд. Ба қавли вай, ин теъдод сайёҳ сабт шудааст, вале теъдоди воқеии онҳо аз ин ҳам бештар аст.
Ӯ далели ҷалб шудани сайёҳон ба ноҳияи Мурғобро чунин шарҳ дод: “Табиати Мурғоб хеле шабеҳ ба мавзеъҳои баландкуҳи Муғулистон, Тибет ва Ҳимолой мебошад. Ғайр аз ин, Мурғоб якчанд кӯли зебо ба монанди Яшикӯл, Рангкӯл, Қаракӯл ва Зоркӯл дорад, ки дидани ин кӯлҳо ҳам як далели омадан ба инҷост. Онҳо мебинанд, ки дар маркази ноҳия барф нест, вале чанд километри дигар онро дучор мешаванд. Ҳамин чизҳо барояшон ҷолиб аст”.
Вай умедвор аст, ки баъди навсозии нирӯгоҳи барқӣ зиндагии сокинони маҳаллӣ сабуктар мешавад ва хадамоти туризми маҳаллӣ ҳам каме ҷон мегирад, чун барои сокинони ин минтақаи дурдаст кору даромад ҳамоно як масъалаи чолишбарангез боқӣ мемонад.
Ноҳияи Мурғоб бо масоҳати 38 ҳазору 442,2 километри мураббаъ аз лиҳози ҳудуд бузургтарин ноҳия дар Тоҷикистон аст. Аммо бо ҳудуди 16 ҳазор аҳолӣ хурдтарин ноҳия маҳсуб ба шумор меравад. Сокинони ин ноҳия зимистони имсол сардии 40-дараҷаиро пушти сар карданд, ки дар чанд соли ахир бесобиқа будааст.