Сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳороти генерали русро "як дасиса" номид.
Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди вазорати дифои Русия Владимир Чиркин дар Шӯрои Федератсияи ин кишвар гуфт, “дар масъалаи пойгоҳи 201 Душанбе талабҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст, ки бо пешниҳодҳои Русия дар ихтилоф аст.” Генерали рус афзудааст, “ҳолате пеш омада, ки шояд роҳҳале надошта бошад.”
Владимир Чиркин дар изҳороташ гуфтааст, Тоҷикистон хости Русияро дар заминаи истифодаи қаламрави ин кишвар ба мӯҳлати 49 сол қабул надорад ва Душанбе мехоҳад, ин мӯҳлатро то даҳ сол коҳиш диҳад. Як манбаи мӯътамад дар ҳукумати Тоҷикистон инро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомоти кишвар мехоҳанд қарореро қабул кунанд, ки дар доираи салоҳияти онҳост ва барои ҳукуматҳои оянда дарди сар эҷод накунад.
Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳороти мақоми низомии Русияро воҳимаангез ва то ҷое бепояву асос хонд ва гуфт, музокираҳо дар фазои хуб идома доранд ва ба ҷуз таъйини мӯҳлати иҷораи пойгоҳ, ҳоло дигар ҳама масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд.
Достиев: "Барои ман таъсири муҳимаш ин аст, ки гуфтушунидҳо байни ин ду кишвари шарики стратегӣ дар ин мавзӯъ хеле хуб рафта истодааст. Ягона монеаи умда дар ин масъала - ҳамин мӯҳлат аст. Ёдатон бошад, зиёиён аз ҳукумат даъват карда буданд, ки ин мӯҳлат 49 сол набошаду, 10 сол ё камтар бошад. Ҷонибҳо гуфтушунидро наздик кардаанд."
Озодӣ: Пас, хеле аҷиб аст, ки як намояндаи Русия, ки нафари охирин дар ҳукумат нест, мегӯяд, вазъ хуб нест ва ҳолати ғайри қобили ҳал пеш омадааст ва шартҳои пешгузоштаи Тоҷикистон иҷронашавандаанд...
Достиев: "Ман ба таври расмӣ ба Шумо мегӯям, ки вазъият ҳалшаванда аст. Як вақтҳо як нафари начандон охирин дар ҳукумати Русия гуфта буд, ки мо дивизия 201-умро истифода карда ҳукумати Тоҷикистонро чаппа карданамон лозим. Ин хел тасодуфҳо, мутаассифона, буданд, ҳастанд ва мемонанд."
Озодӣ: Яъне ин як "провокатсия" аст?
Достиев: "Ин як дасиса аст. Масалан, мавзӯи қонуни забонро бардошта буданд, ки мо забони русиро аз қонун бардоштем. Қуввае ҳаст, ки намехоҳад, мо наздик бошем ва муносибатҳои ҳарду кишварро хадшадор мекунад. Лекин ин хел намешавад, муносибатҳои раҳбарони аввали кишварҳои мо хубанд. Гузашт дигар вақте, ки аз дигар ҷо занг зананду “маҳ” гуфта, бо ду дасти адаб супоранд. Ҷонибдорон дар сатҳи баланд, дар сатҳи коршиносон бисёр хушбинанд дар ин масъала."
Озодӣ: Пас, фикр мекунед, чаро ин гуна як изҳорот маҳз имрӯз садо медиҳад?
Достиев: "Мумкин дарак ёфтаанд, ки ин масъала ба наздикӣ ҳал мешавад ва намехоҳанд, ки ин хуб ҳал шавад."
Озодӣ: Яъне, ба наздикӣ тарҳи ин созишнома таҳия ва ҳал мешавад?
Достиев: "Бале, ҳал мешавад. Ҷонибҳо кор карда истодаанд ва ба наздикӣ ҳал мешавад."
Озодӣ: Мӯҳлаташ мушаххас аст?
Достиев: "Ҳанӯз на."
Озодӣ: Дирӯз як узви ҳукумат, ки дар ин гурӯҳи музокиротӣ аз Тоҷикистон кор мекунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Душанбе дар пеши Маскав шартҳое мисли пуштибонии сиёсиву иқтисодӣ, мусоидат дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва мушкилот бо Узбакистон, инчунин тақозои пардохти пулро гузоштааст...
Достиев: "Ҳеҷ кас набояд, бо тамоми дӯстиаш, як ваҷаб заминашро бепул дода, бе назардошти манфиати худаш кор кунад. Ин кор бо назардошти нафъи ҳарду тараф ҳал мешавад. Кӣ бе ягон манфиат ягон чизро бароварда ба ягон кас медиҳад?"
Озодӣ: Дар матбуот аз замони ба Тоҷикистон омада рафтани президенти собиқ Дмитрий Медведев (сентябри соли 2011-ум) мавзӯи 300 миллион доллар хостани Душанбе матраҳ аст. Нафарони огоҳ мегӯянд, ин маблағ ғайри қобили қабул аст ва Русия дар ҳеҷ ҷои дунё барои иҷораи пойгоҳаш ин қадар пул надодааст. Шумо медонед, ки Тоҷикистон оё дар бораи кадом маблағи муайян баҳс мекунад?
Достиев: "Русия дар ягон ҷои ҷаҳон чун дар Тоҷикистон чунин базари ҳарбӣ надорад. Аз рӯи он чи ки ман дирӯз шунидам, ҳама масъалаҳо дигар ҳал шудаанду фақат мӯҳлат мондааст. Пас ҳамаи дигар масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд, ки дар ин бора ба ман гуфтанд."