Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав барои ширкат дар нишасти сарони Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як рӯз давом хоҳад кард ва ӯ ба он далел, ки Душанбе мизбони Наврӯзи байналмилалист, шоми 19-уми март ба ватан хоҳад баргашт. Замону макони баргузории нишасти эътилофи Авросиё мушаххас шуда, аммо то кунун рӯзномаи кори он номаълум боқӣ мондааст. Рӯшан нест, ин як ҳамоиши муқаррарист, ё дар партави дубора раисиҷумҳури Русия интихоб шудани Владимир Путин он аҳамияти бештаре дорад.
Аммо бо таваҷҷҷӯҳ ба он ки дар моҳи марти ҷорӣ мӯҳлати қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди замони ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад ин эҳтимол дар миён буда метавонад, ки дар ҳошияи ҳамоиш сарони Русия ва Тоҷикистон ин масъаларо мавриди гуфтугӯ қарор диҳанд. Расонаҳои Русия ҳамоно мавзеъгирии Тоҷикистонро, ки аз Маскав иҷорапулӣ ва пардохтҳои дигари марбут ба ҳузури иншооти Маскав дар қаламравашро мехоҳад, таҳти танқид ва гоҳе тамасхур қарор медиҳанд. Аммо мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ҷомеаи мадании он ҳузури ройгони ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро ғайримантиқӣ медонанд ва бархе аз коршиносон якбора ба 49 сол дароз шудани мӯҳлати ин ҳузурро номуносиб мешуморанд.
Бархе аз таҳлилгарон гуфтаанд, ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон бояд бо шароити иқомат ва кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки пас аз бӯҳрони марбут ба халабонҳои ширкати "Ролкан" дар моҳи ноябри соли гузашта беҳуқуқии ин муҳоҷирон батамом ошкор гашт вобаста шавад.
Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи сафарҳояш ба Русия масъалаи шароити ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишварро бо мақомоти Русия матраҳ кардааст. Ва дар ин сафараш ҳам, ки бо роҳбарияти Русия мулоқот хоҳад кард дар мавриди ин масоил ва аз ҷумла масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон сӯҳбат кунад. Ҷаноби Достиев гуфт ҳоло гурӯҳҳои корӣ аз ҳарду кишвар сари ин масъала ба як натиҷа нарасидаанд вале кор дар ин самт идома дорад: "Чанд масъалае миёни Тоҷикистон ва Русия вуҷуд дорад, ки дар ҳамаи мулоқотҳо дар бораи онҳо ҳатман сӯҳбат мешавад аз ҷумла масъалаи муносибатҳои фарогири дуҷониба, сарнавишти муҳоҷирони меҳнатӣ. Аз эҳтимол дур нест, ки масъалаи пойгоҳи низомӣ ҳам дар сурати даст додани фурсат баррасӣ шавад. Дар ин масъала комиссияи дуҷониба кор мекунад ва то ҷое мумкин ба мувофиқа омада бошанд. Аммо тибқи иттиллои ман он комиссия ҳанӯз кори худро анҷом надодааст."
Нишасти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Маскав баъди интихоби Владимир Путин, сарвазири феълии Русия ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар доир мешавад. Ва ҷаноби Путин, ки дар чандин матолиби ба нашр расонидааш эълон кард, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро дар авлавияти барномаҳояш қарор хоҳад дод, имкон дорад аз тарафи Кремл баъзе аз барномаҳои навоо пешниҳод шавад.
Аммо Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки дар ин нишаст барномаҳои нави раиси тозаинтихоби Русия барои ҳамтоёнаш пешниҳод мешавад, гумон аст, ки мушкилоте чун боҷи гумрукӣ ба маводи сӯхти содиротии Русия ба Тоҷикистон ҳал бишавад, зеро мегӯяд ӯ, ин масъала ҳам то ҷое пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иртибот дорад: "Ман фикр мекунам, ки дар ширкат дар ҷаласаҳо дар доираи ин созмон дар ҳоли ҳозир ва то ҳал шудани буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон зарурат вуҷуд надорад. Ду масъалаи муҳим барои Тоҷикистон яке боҷи гумрукӣ барои маводи нафтӣ ва дигар дар ду моҳи ахир ду маротиба, яъне 35 фоиз нархи қимати Роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистон барои Тоҷикистон боло бурда шуд бояд ҳал шавад, вале мутаассифона, чун Русия дар ин созмон ҳарфи ниҳоиро хоҳад зад, ин масоил ҳалношуда боқӣ мемонад."
Аммо Андрей Грозин, коршиноси рус бар ин назар аст, ки ҳалли масъалаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба иродаи роҳбарияти Тоҷикистон вобастааст. Дар сурати ҳал шудани ин масъала хеле аз масъалаҳо аз ҷумла боҷи гумрукӣ ба маводди нафтӣ байни Тоҷикистон ва Русия ҳал хоҳад шуд: "Ҳалли ин масъала вобаста аст ба иродаи мақомоти Тоҷикистон ва агар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди мушаххасе дар ин бора дошта бошад ва онро расман ироа кунад имкон дорад Русия ба истиқболи вай иқдом кунад. Вале агар пешниҳоди мушаххасе сурат нагирад, шароити мавҷуда бетағйир боқӣ мемонад."
Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10-уми октябри соли 2000 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ба тасвиб расида буд. Ин созмон 5 кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.