Бонки миллӣ: Ҷаҳиши доллар омилҳои "воқеӣ" дорад

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад. Тайи рӯзҳои ахир қимати доллар дар бозорҳои Тоҷикистон дар баробари қурби асъори миллӣ ба якборагӣ боло рафтааст.

Аз ҷумла рӯзи гузашта дар бозорҳои “Корвон” ва “Саховат”-и Душанбе 1 доллари амрикоӣ ба қимати аз 8 сомонию 40 дирам то 8 сомонию 69 дирам савдо мешуд. Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нархи як доллар 7 сомонӣ ва 94 дирам муқаррар шудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар бозорҳои Душанбе тоҷирон нархҳоро якбора боло бурда ва далели онро ба афзоиши ногаҳонии қурби доллар рабт медиҳанд. Бештари нуқтаҳои табодули асъори бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз фурӯши доллар худдорӣ мекарданд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар бозорҳои Душанбе тоҷирон нархҳоро якбора боло бурда ва далели онро ба афзоиши ногаҳонии қурби доллар рабт медиҳанд.

Хабари ба якборагӣ боло рафтани қурби долларро Мирзомуддин Мавлонов, сардори шӯъбаи сиёсати қурби асъор ва захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон таъйид кард ва далели ин амрро ба "нақшаи гурӯҳҳои манфиатдор дар бозори сиёҳ", рабт дод.

Ба гуфтаи вай, дар моҳи январи соли гузашта низ аз рӯи ҳамин нақша, арзиши як доллар то ба 8,9 то 9 сомонӣ баробар шуда буд ва пас аз андешидани чораҳои зарурӣ, вазъи бозори асъор дар Тоҷикистон танзим шуд. Ин масъули Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин ҳолат миёни соҳикорон ва тоҷирон як навъ воҳима" ба миён оварда ва онҳо ба таври дастаҷамъӣ, долларро харидорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, ҷаноби Мавлонов эътироф мекунад, ки болоравии қурби доллар омилҳои объективӣ ё воқеӣ низ дорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар моҳи январи соли ҷорӣ лимити барқ дар Тоҷикистон бекор шуд ва теъдоди зиёди корхонаҳо дар манотиқи кишвар фаъол шуданд. Ин амр, ба гуфтаи ҷаноби Мавлонов, талабот ба долларро бештар кардааст, зеро соҳибкорону тоҷирон маводи заруриро аз хориҷ бо ин навъи асъор харидорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар фасли зимистон вуруди асъори хориҷӣ, ба хусус доллар аз берун дар муқоиса ба фаслҳои дигар коҳиш меёбад.

Далели дигари боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомониро Бонки миллӣ ба маротиб афзоиш ёфтани пул дар бозори дохилӣ медонад. Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои декабр-январ ва феврал ба унвони кӯмакҳои молӣ, давлати Тоҷикистон ба чаҳор бонк, ки ба мушкил рӯбарӯ шуда буданд, ба миқдори 3,8 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бахши умдаи онҳо ба бозор баромаданд. Ҳоло Бонки Миллии Тоҷикистон талош мекунад, ки аз тариқи харидории коғазҳои қиматноки ин бонкҳо, бештари ин маблағҳоро аз бозори дохилӣ харидорӣ кунад.

Бо вуҷуди ин, масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ як амри муваққатӣ буда, дар моҳҳои оянда ин вазъ чун соли гузашта, ба эътидол хоҳад омад, зеро фурӯши асъор бо қимати боло аз тариқи маблағи нақдӣ сурат мегирад, ки саҳми он дар бозори молии Тоҷикистон танҳо 8 дарсадро ташкил медиҳад. 92 дарсади муомилот дар ин бозор ба таври ғайрирасмӣ дар бозори байнибонкӣ анҷом мешавад, ки дар он Бонки Миллии Тоҷикистон низ дар ин харидуфурӯш ширкат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи "Тоҷиксодиротбонк" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нуқтаҳои фурӯши асъори ин бонк як доллари амрикоӣ ба 8 сомонӣ харидорӣ шуда ва ба қимати 8 сомонӣ ва 2 дирам фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ ин бонк имкони фурӯши миқдори зиёди асъори хориҷиро дошта ва то ба ҳол дар амри фурӯши асъор мушкиле барои онҳо пеш наомадааст.

Соли гузашта мушкилоти молии чаҳор бонк -- “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” бештар шуд ва онҳо натавонистанд, ба мизоҷон хидмати муносиб расонанд. Ҳазорон мизоҷони ин бонкҳо наметавонистанд, пули худро аз ин бонкҳо бигиранд ва ё маҷбур буданд, сарсону саргардон рӯзҳои дароз мунтазир монанд ва қисме аз пули худро ба даст биёранд.

Баъд аз ин ҳама, Бонки миллии Тоҷикистон маҷбур шуд, барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” маъмурияти муваққатӣ таъсис диҳад. Баъди авҷ гирифтани мушкилоти чаҳор бонк ва аз бими афзоиши норизоятии мардум, ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои наҷоти ин бонкҳо 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кард.

"Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кӯмак ҳоло ба фаъолияташон оғоз кардаанд. Дар моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пуштибонии молӣ ба ин 4 бонки тиҷоратӣ ба миқдори 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак карда буд.