Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 5-уми май лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро тасдиқ кард.
Бино бар иловаҳои воридшуда ба ин қонун, ҳамакнун нафароне, ки берун аз бонкҳои расмӣ ба муомилаи асъори хориҷӣ даст мезананд, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Ҷазои мансабдорон дар содир кардани ин кирдор аз ин ҳам бештар аст. Мансабдорон - аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ барои муомила бо асъори хориҷӣ ҷарима хоҳанд шуд. Ҷазои боз ҳам сангинтар ширкатҳоро интизор аст, ки дар сурати муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар аз 12 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.
Аммо афроде, ки такроран ба чунин қонуншиканӣ даст мезананд, аз 4 то 9 сол ҳабс пешбинӣ шудааст.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ зимни шарҳи зарурати ворид кардани ин тағйиру иловаҳо рӯзи 5 май дар назди вакилон гуфт: “Дар дунё ягон давлате нест, ки пули миллии худро ҳифз накунад. Тасаввур кунед, он сахтгириҳое, ки се-чор моҳ пеш ҷорӣ намешуд, пули миллии мо чӣ мешуд? Дар ягон давлати дунё ба ғайр аз пули миллӣ, дигар асъорро қабул намекунанд. Аммо дар мо чӣ вазъият буд се-чор моҳ пеш?”
Пешниҳоди сахтар шудани муҷозот барои муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ аз сӯи Бонки миллӣ сурат гирифта буд. Чунки дар соли 2015 дар пайи уфти башиддати қурби рубли русӣ сомонӣ низ дар баробари қурби доллар даст дод. Тайи соли гузашта қурби 100 доллар амрикоӣ аз 520 -530 сомонии қаблӣ то ба 900 сомонӣ расид ва ин вазъият Бонки миллиро водор кард, ки бозори арзи хориҷиро ҷиддан танзим кунад. Ба ин мақсад Бонки миллӣ нахуст нисфе аз нуқтаҳои саррофӣ ва баъдан комилан онҳоро аз байн бурд.
Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ дар нишасти ахири хабариаш гуфта буд, Бонки миллӣ аз ҳамаи фишангҳои қонунии танзими бозори асъор ва таҳқими мавқеи сомонӣ дар иқтисодиёти воқеӣ истифода кард, аммо ҷазоҳои таъиншуда чандон самари хуб ба бор намеоранд: “Фармони президент дар бораи ба ҷо овардани эҳтироми пули миллӣ ҳанӯз соли 2000-ум содир шуда буд. Аммо чандон риоя намешуд то ҳозир. Баъд дар қонуни пештара ҳангоми ошкор шудни муомилаи ғайриқонунии асъор мусоидираи он пешбинӣ нашуда буд. Аммо дар қонуни нав мо ин ҷазоро пешбинӣ кардем.”
Аммо Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ имрӯз баъд аз тасвиби тағйироти нав ба Кодекси ҷиноятӣ маҳз хитоб ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, гуфт, ки дар масъалаи истифода накардани доллар дар муомилот ва эҳтироми пули миллӣ нухуст худи ӯ бояд намунаи ибрат шавад:
"- Дар киса бояд дигар аз вайҳо (манзур доллар) набошад!
- Не, нест!" – поcух дод Нурмуҳаммадзода.
Убайдуллоев дар идомаи сӯҳбат хитоб ба ҳозирини маҷлис гуфт, ки ба наздикону пайвандонашон дуруст фаҳмонанд, ки аз муомила бо асъори хориҷӣ даст кашанд, чунки минбаъд нисбати беэҳтиромӣ бо асъори миллӣ, дигар ба касе гузашт нахоҳад шуд, чунки ин амал натанҳо қатъиян манъ аст, балки то 9 сол ҳабсро низ дар назар дорад.
Убайдуллоев гуфт, бояд ҳар як фарди ватандӯст имрӯз долларҳояшро иваз кунад ва пасандозашро бо пули миллӣ нигоҳ дорад: “Ҳаракат кунед бо пули миллӣ пасандоз дошта бошад. Ин мешавад дастгирии шумо аз рушди кишвар. Ин меҳанпарастӣ, патриотизм дар сухан неву дар амал аст. Аксарият мегӯем, лекин боз бо асъори хориҷӣ доду гирифт мекунем."
Аз замоне ки Бонки миллӣ фаъолияти нуқтаҳои асъорро ба пуррагӣ манъ кард, қариб як сол сипарӣ мешавад. Дар оғоз ин тасмим Бонки миллӣ дар Тоҷикистон мухолифони зиёд ҳам пайдо кард ва биёсре аз расонаҳои мустақил Бонки миллиро ба маҳдуд кардани бозори арзи хориҷӣ ва бекор мондани беш аз 1000 нафра саррофон танқид мекараданд.
Аммо бо гузашти вақт, воқеан қурби доллар ки пайёпай дар баробари сомонӣ боло мерафт муътадил шуд. Ҳоло 100 доллари амрикоиро бонкҳои тиҷоратӣ бар ивази 788 -790 сомонӣ хариду фурӯш мекунанд.