Соҳибкорони тоҷике, ки аз хориҷ мол ворид мекунанд, мегӯянд, аз Тоҷикистон баровардани пули нақд мушкил шудааст. Акбар, як соҳибкоре, ки аз Чин маводи сохтмонӣ ворид мекунад, рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони гумруки “Майдони ҳавоӣ” дар фурудгоҳи Душанбе бештар мусофирони хатсайрҳои асосии сафари тоҷирон, аз ҷумла ба Дубай, Истамбул, Урумчӣ ва Машҳадро мӯшикофона тафтиш мекунанд: “Пурсиш хеле зиёд шудааст. Сарчашмаи пулатро мепурсанд, агар гӯӣ, ки соҳибкорам, патент мепурсанд, қоғази андозҳои супурдаатро мепурсанд. Бисёриҳо дигар ягон 100-200 доллар бо худ бигиранд, мегиранд, боқӣ ҳама пули худро аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ мефиристанд.”
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, тартиби баровардан ё даровардани пули нақд ба ин кишвар дар ин авохир тағйир наёфтааст. Вале ҳамсӯҳбатони мо дар ин ниҳод тасдиқ карданд, ки назорати гумрукӣ дар ин самт ҳоло шадидтар шудааст.
Дар пайи чанд мавриди боздошти мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе бо маблағҳои бузурги нақдӣ Хадамоти гумрук ҳатто маҷбур шуд, дар бораи тартиби содироту воридоти пули нақд дар сомонаи расмиаш як шарҳи муфассал бинависад.
Матлуба Ҳакимова, сардори шӯъбаи ҳуқуқи ин идора мегӯяд, тартиби содироту воридоти пули нақд бар асоси қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дастурамал «Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани асъори нақди миллӣ ва асъори хориҷӣ ва қоғазҳои қиматноки бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ифодаёфта» аз 29 сентябри соли 2005 танзим мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, як нафар ва дар як навбат метавонад аз Тоҷикистон фақат то 3000 доллари амрикоиро бидуни кадом декларатсияи гумрукӣ ба хориҷ барорад ваё аз берун ба Тоҷикистон ворид кунад.
Барои маблағи аз 3 000 то 10 000 доллар аз шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо талаб мешавад, ки маблағи худро дар декларатсияи гумрукӣ зикр кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд барои маблағи аз 10 000 доллар бештар ва хориҷиҳо барои маблағи аз 3000 доллар бештар аз ниҳодҳои бонкӣ ҳамчунин рухсатномаи расмӣ бигиранд.
Дар айни замон дастурамали Бонки миллӣ дар роҳи ворид кардани пули нақд аз хориҷ маҳдудияте намегузорад. Бино ба ин санад, “ворид намудани асъори нақд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) бе маҳдудият, бо риоя намудани талаботи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.» Аммо агар ҳангоми убури марзи Тоҷикистон бо худ аз 3000 доллар бештар дошта бошед, бояд ҳатман декларатсияи хаттӣ пур карда, ҳаҷми пулатонро бояд зикр кунед.
Дар банди чоруми дастурамали Бонки миллӣ гуфта шудааст, ки ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам хориҷиён, яъне “шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайри резидентҳо, метавонанд бемамониат, бе декларатсиякунонӣ бо шакли хаттӣ ва бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки барои содир намудани асъори нақди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, як вақтина асъори нақди хориҷиро ба маблағи мутаносибан баробар ва на зиёда аз 3000 доллари ИМА-ро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намоянд.”
Қисми дуюми ҳамин банди дастурамал мегӯяд, маблағи аз 3000 то 10 000 долларро афрод метавонанд бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда берун бароранд, вале бояд ҳатман дар декларатсияи гумрукӣ бо худ доштани чунин маблағро зикр кунанд.
Бино ба шарҳи раҳбари шӯъбаи ҳуқуқи Хадамоти гумрук Матлуба Ҳакимова, хориҷиҳо барои маблағи аз 3000 доллар бештар бояд ҳатман ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда дошта бошанд ва пулашонро ҳангоми гузаштани назорати гумрукӣ декларатсия кунанд. Аммо барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо барои маблағи аз 10 000 доллар боло ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда талаб мешавад: “Содир намудани асъори нақди хориҷӣ аз ҶумхурииТоҷикистон ба маблағи мутаносибан аз 10 000 доллари ИМА зиёд буда, аз ҷониби шахсони воқеӣ-резидентҳо бо шарти декларатсиякунонии хаттии ҳатмӣ ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои ичозатдиҳанда, ки барои содир намудани асъори нақди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, амалӣ мегардад.”
Ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда, ба гуфтаи мақомот, “маълумотнома-иҷозат барои содир намудани асъори нақд ва қоғазҳои қиматноки бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ифодаёфта – «Рухсатнома (Permission)» ном дошта, аз ҷониби ниҳодҳои бонкӣ дода мешавад.
Шарҳи мақомоти гумрук дар робита ба тартиби ворид ва содир кардани асъори нақд аз ва ба Тоҷикистон ба дунболи чанд мавриди боздошти мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе бо маблағҳои бузурги нақдист.
Аз ҷумла рӯзи апрел дар ин фурудгоҳ мардеро ҳангоми савор шудан ба зинаҳои ҳавопаймои Душанбе –Урумчӣ барои тафтиши гумрукӣ манъ карданд. Ин нафар, ки аз ӯ Саидов А.Х. ном бурда мешавад, бо худ дар ҷайб 30 000 доллар пули нақд мебурд. Аз он қабл дар бораи ошкор шудани аъзои шабакае гузориш шуда буд, ки ба интиқоли ғайриқонунии садҳо ҳазор доллар аз Тоҷикистон ба Дубай муттаҳам мешаванд.
Моддаи 289-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқ, яъне бидуни декларатсия ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳо ба миқдори калон, аз ҷумла пул, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 912 нишондиҳанда (аз 10 000 то 36 480 сомонӣ) ваё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.
Тоҷикистон аз тақрибан як соли пеш, дар пайи башиддат пойин рафтани қурби пули миллиаш дар муқобили доллару евро ва коҳиш ёфтани воридоти асъори хориҷӣ ба далели кам шудани даромади муҳоҷирони корӣ ва пойин рафтани нархи маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ муомилот бо асъори хориҷиро дар дохили кишвар маҳдуд карда, интиқоли пулҳои нақд ба хориҷро низ зери назорати шадид гирифт. Аз 1 декабр тамоми нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон баста шуда, ҳоло табдили пулро метавон танҳо дар бонкҳо анҷом дод.
Ҳарчанд маҳдудиятҳо дар роҳи интиқоли пули нақд ба хориҷ дар гузашта ҳам вуҷуд дошт, маъмурони гумрук то кунун ба инки як кас бо худ чанд пул ба берун мебарад?, маъмулан аз паси панҷа нигоҳ мекарданд.