Истихроҷи нафту газ дар кони баҳсии Ниёзбек қатъ шудааст

Кони Ниёзбек (Катта-Туз)

Ширкати муштараки Тоҷикистону Австрия “Суғд петролеум” аз 25 октябр баҳрабардорӣ аз чоҳҳои нафту гази Ниёзбек, дар канори ноҳияи Конибодомро қатъ кардааст.
Икромхон Ҳалимов, сардори бахши иқтисод ва дурнамои ҷамъияти ширкати “Суғд петролеум” рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба ин тасмими мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон сабаб шудааст: “Давоми 3 рӯз аст, ки кори чоҳҳо боз дошта шуда, мо чизе истеҳсол накарда истодаем. Ин ба вазъи молии ширкат зарар оварда истодааст. Ба ғайр аз воситаҳои асосии чоҳҳо, коргарони мо ҳам, ҳудуди 20 нафар, бекор монданд.”

Мусоҳибам афзуд, ширкаташ аз фаъолияти ин конҳо ҳар моҳ ба буҷаи Тоикистон 220 ҳазор сомонӣ андоз месупурд ва бекор мондани чоҳҳо ба маъноест, ки буҷаи кишвар ҳар моҳ аз чунин маблағ маҳрум хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳалимов, дар ҳоли ҳозир чоҳҳои нафту гази мавзеъи Ниёзбекро, ки ҷониби Қирғизистон ин мавзеъро Каттатуз ном мебарад, аз ҳарду ҷониб сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз таҳти назорат доранд ва коргаронро раҳ намедиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истихроҷи нафту газ дар кони Ниёзбек қатъ шудааст



Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди масъулони ширкати муштараки “Суғд петролеум”, онҳо ҳама аснодеро, ки ҳаққи онҳо ба коркарди чоҳҳои мавзеъи Ниёзбек, воқеъ дар тақрибан 70-километрии Хуҷандро таъйид мекунад, дар даст доранд ва тибқи ин аснод, конҳои мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти қирғиз эълон карданд, ки гурӯҳи марзбонҳои тоҷик ҳудуди 500 метр ба мавзеъи Катта-Тузи қаламрави Қирғизистон дар канори ноҳияи Конибодом ворид шуданд, то коргарони тоҷикистонӣ конҳои хурди нафту газ дар ин маҳалро битавонанд аз нав фаъол кунанд. Вале бино ба хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи ҷумъаи 25 октябр дар пайи музокирот ва тасмими раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон, ки “бино бар минтақаи баҳсноки марзӣ будани он маҳал пеш бурдани корҳои иқтисодӣ дар он ҷо мумкин нест,” марзбонҳои тоҷик мавзеъи Каттатузро тарк кардаанд.

Қабл аз ин марзбонони қирғиз рӯзи 24 июн коргарони ширкати «Суғд петролеум»-ро аз мавзеъи Каттатуз ронда, чоҳҳоро зери назорати худ гирифта буданд. Ин амал ба оташи баҳси байни Тоҷикистону Қирғизистон сари соҳибӣ ба конҳои ин маҳал равған рехта буд.

Икромхон Ҳалимов, сардори бахши иқисод ва дурнамои ҷамъияти ширкати муштараки “Суғд петролеум” мегӯяд, дар чоҳҳои нафту гази мавзеъи Ниёзбек (Катта -Туз) ҳудуди 20 нафар кор мекарданд. Вай миқдори нафту газеро, ки Тоҷикистон аз конҳои хурди Ниёзбек (Каттатуз) истеҳсол мекард, ошкор накард ва танҳо гуфт, ки ҳудуди 20 дарсад аз маҷмӯи умумии нафту гази тавлидоти "Суғд петролеум"-ро чоҳҳои ҳамин минтақа медиҳанд. Бар пояи баъзе маълумотҳо, ин чоҳҳо аз соли 1974 дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дошт ва гуфта мешавад, ҳар рӯз аз онҳо то 5 тонна нафт ва 15 атмосфера газ истихроҷ мешуд.