Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "Марзбонҳои тоҷик аз Катта-Туз берун шуданд"


Кони Катта-Туз
Кони Катта-Туз

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонони тоҷик шоми ҷумъа минтақаи баҳсии Катта-Тузро тарк кардаанд.

Соҷида Чоколоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, хуруҷи марзбонони тоҷик дар пайи музокироти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст: "Дар ин музокирот ба хулосае расиданд, ки пеш бурдани фаъолиятҳои иқтисожӣ дар манотиқи баҳсӣ мумкин нест ва азбаски ин минтақа низ ба қатори манотиқи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон медарояд, марзбонони тоҷик розӣ шуданд, ки онҷоро холӣ кунанд ва алакай шоми ҷумъа рафтанд."

Истиқрори як воҳиди марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи кони хурди нафту гази Катта-Туз аз ҷиддитарин буҳронҳои моҳҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб мешуд.

Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳанӯз хабари хуруҷи марзбонҳои тоҷик аз ин минтақаро тасдиқ ё рад накардаанд. Вале рӯзи 26 октябр, вақте бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекарданд, гуфта мешуд, ки минтақаи кони Катта-Туз зери назорати марзбонони тоҷик қарор дорад ва вазъ ором аст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 26-уми октябр ба Озодӣ гуфт, ки минтақа зери назорати марзбонони тоҷик қарор дорад ва эътирози ҷониби Қирғизистон танҳо ба ду манораи нафткашон аст, ки ҳоло фаъолияти ҳардуро муваққатан қатъ кардаанд. Вай афзуд, дар сарҳад марзбонони тоҷик ба гашти худ идома медиҳанд ва куммиссиюни байнидавлатӣ қазияро баррасӣ мекунад.

Токон Мамитов
Токон Мамитов
Рӯзи 25-ум октябр муовини сарвазири Қирғизистон Токон Мамитов гуфта буд, агар марзбонони тоҷик қаламрави кишварашро тарк накунанд, Қирғизистон аз нерӯ истифода хоҳад кард. Ноиби сарвазири Қирғизистон дар масъалаҳои амният, интизом ва марз Токон Мамитов гуфт, бо вуҷуди зангҳои мукарарри ӯ муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон гӯширо намебардорад. Ӯ афзуд, агар Тоҷикистон ба нотаи эътирозии Қирғизистон посух надиҳад ва марзбонони тоҷик қаламрави кишварашро тарк накунанд, Қирғизистон аз нерӯ истифода хоҳад кард. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба вуруди марзбонҳои тоҷик ба минтақаи Катта-Туз расман эътироз баён кардааст.

Токон Мамитов гуфт: "Мо моҳи июни соли 2013 дар Хуҷанд мулоқот доштем ва тарафи Тоҷикистон ин масъаларо бардошт. Мо он вақт ҷавоб додем, ки онҳо бояд ин минтақаро дар асоси созишнома баргардонанд. Онҳо ба протокол имзо накарданд ва гуфтанд, қирғизистониҳоро ба кони газ роҳ намедиҳанд. Чанде пеш сарвазири мо ба Душанбе сафар дошт ва ҳам президенти тоҷик, ҳамсарвазири мо ин масъаларо ба миён гузоштанд. Он гоҳ сарвазири мо дақиқан гуфт, ки ин қаламрави қирғизҳост ва тарафи Тоҷикистон мебоист кайҳо онро ба мо медод, вале ин қадар соле ки Тоҷикистон онро истифода мекард, мо хомӯш меистодем. Тарафи Тоҷикистон ин далелро овард, ки ин қаламрав баҳсталаб аст. Ин аз реша нодуруст аст, минтақаҳои баҳсталаб дар ҷойҳое ҳастанд, ки марз мегузарад, аммо ин минтақа дар дохили қаламрави Қирғизистон аст."

Аз суханони ноиби сарвазир Қирғизистон бармеомад, ки марзбонони тоҷик ҳамоно дар қаламрави ин кишваранд. Аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз шарҳи воқеа ва будан ё набудани марзбонҳои тоҷик дар ҳудуди Қирғизистон он замон худдорӣ мекарданд.

Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон, рӯзи ҷумъа, 25 октябр, аз аъмоли, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии марзбонҳои Тоҷикистон дар мавзеи Катта-Туз изҳори нигаронӣ кард. Дар Ката-Туз, минтақаи баҳсбарангез дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, конҳои нафту газ ҷойгир шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Қирғизистон, Эрлан Абдилдаев барои изҳори нигаронии кишвараш сафири Тоҷикистон дар Бишкек Олимҷон Раҳимовро ба вазорат эҳзор кард. Ӯ ба дипломати тоҷик гуфт, ки рӯзи 24 октябр беш аз сад тан аз марзбонҳои тоҷик ғайриқонунӣ ба масофаи 500 метр вориди қаламрави Қирғизистон шуданд. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Қирғизистон изҳор намуд, ки ин амал ва талаби ҷониби Тоҷикистон барои фаъолияти дубораи конҳои нафти “Катта-Туз” “хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ ва созиши миёни нахуствазирҳои ду кишвар оид ба мутаваққиф кардани истифодаи ин конҳои нафту газ то мушаххас шудани ҳаққи соҳибият ба онҳост”. Созиш миёни нахуствазирҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ин бора рӯзҳои 20 ва 21 август дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.

Ба сафири Тоҷикистон нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон
Эрлан Абдилдаев
Эрлан Абдилдаев
супурда шуд. Бишкек талаб дорад, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон фавран аз қаламрави Қирғизистон берун карда шаванд.

Сафири Тоҷикистон Олимҷон Раҳимов ба зарурати ҳалли ин гуна баҳсҳо сари мизи музокирот розӣ шуд.

Аз ин пештар мақомоти марзбонии Қирғизистон вазъи баамаломада дар минтақаи кони «Катта-Туз»-ро бо ҳамтоёни тоҷик худ баррасӣ кардаанд.

Дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки рӯзи 25-уми октябр нашр шуд, омадааст, миёни роҳбари хадамоти марзбонии Қирғизистон Қурманакун Матенов ва Шералӣ Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, сӯҳбати телефонӣ сурат гирифта, дар он вазъи минтақаи кони "Катта - Туз", дар ноҳияи Лейлаки вилояти Бодканд баррасӣ шудааст. Бар пояи ин хабар, Қурманакун Матенов ва Шералӣ Мирзоев дар рафти сӯҳбат ба қароре расидаанд, ки ҷониби Тоҷикистон фавран нерӯҳои рӯзи 24-уми октябр ба ин минтақа воридшударо берун кашад.

Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар заминаи ин таҳаввулот гуфтааст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, махсусан, дар мавзеи Катта-Туз комилан ором аст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр аз қавли Шералӣ Мирзо, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар минтақаи кони Катта-Туз ором аст ва пас аз музокира бо мақомоти марзбонии Қирғизистон дигар ҳеҷ мушкиле боқӣ намондааст.

Мавзеъи Катта-Туз дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар канори деҳаи Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови ноҳияи Конибодом, тахминан 70 километрии Хуҷанд ҷойгир аст. Баҳодур Саидов, раиси ҷамоати мазкур дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ аз баҳсу мушкили сарзада байни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз дар канори ин маҳал хабар надорад. “Ин ҷо дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон ҷойгир ҳаст ва мо бо онҳо доимӣ алоқа дорем. Ягон мушкил ва ин хел гапу корҳо нест” - гуфт ӯ. Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ, масъалаи муайян кардани хати марз дар мавзеъи Ниёзбек дар сатҳи куммиссиюнҳои марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон ва гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, рӯзи 24-уми октябр нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон "ғайриқонунӣ" ба минтақаи кони Катта-Туз ворид шуда ва талаб кардаанд, то фаъолияти ин кон аз сар гирфта шавад." Аммо ба иттилоъи ин расонаҳо, хадамоти марзбонии Қирғизистон ин иддаои ҳамтоёни тоҷики худро беасос хонда ва бинобар минтақаи баҳсӣ будани он, талаби марзбонони тоҷикро рад кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи ҳамон рӯз мулоқоти масъулони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифта ва ин мавзӯъ матраҳ шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки хадамоти марзбонии Қирғизистон дар номае аз раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, то иқдомоте ҷиҳати фаъол кардани кони Катта-Tуз то замони мушаххас шудани заминаҳои ҳуқуқии ин минтақаи марзӣ, рӯи даст гирифта нашавад.

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов
Мақомоти Қирғизистон бо истифода аз нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 24 июни соли равон коргарони ширкати "Суғд Петролеум"-ро аз Катта-Туз берун карда, эълон карданд, ки ин мавзеъро таҳти юрисдиксияи кишвари худ медароранд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин кон бояд ҳанӯз дар соли 1992 ба онҳо баргардонда мешуд, вале ба далелҳои норӯшане то соли равон дар дасти тоҷикҳо боқӣ мондааст. Тоҷикистон аз соли 1974, дар тӯли қариб 40 сол ба истихроҷи газу нафт аз ин кон машғул буда, баъди таҳти назорати марзбонҳои қирғиз гузаштани кон, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ба онҳо чанд насос, 9 чоҳи холӣ ва 5 чоҳи газ расидааст. Тайи ду соли охир ин кон дар ихтиёри ширкати “Суғд петролеум” қарор доштааст.

Катта-Туз дар харитаҳои геологии Тоҷикистон бо номи кони Қароқчиқум мегузарад ва дар ҳоле ки баҳсаш давом дорад, мақомоти тоҷик мегӯянд, аксарияти кулли чоҳҳои нафту гази ин минтақа боли Тоҷикистонанд. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи марзбандии Тоҷикистон қаблан дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфта буд, ки аз 89 чоҳи нафту газе, ки замони шӯравӣ дар мавзеъи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом канда шудаанд, танҳо яке дар ихтиёри Қирғизистон буда, боқӣ мутобиқи санадҳо моли Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG