Ин иншоот аз замони шӯравӣ боқӣ монда, ба риштаҳои обёрӣ, роҳу нақлиёт, хадамоти зербиноӣ ва истихроҷи захираҳои табиӣ дахл доранд ва чанде пеш яке аз чоҳҳои нафти Тоҷикистон ба ихтиёри Қирғизистон гузашт.
Анвар Наҷмиддинов, муовини раиси Кумитаи давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нишасти хабарии рӯзи 30 июли ин кумита гуфт, шумораи иншооти марбут ба Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон танҳо дар ин авохир муайян шудааст: «Мо порсол бо навоҳии вилоятҳои Тоҷикистон кор бурда, муайян кардем, ки 36 иншооти мо дар қаламрави Қирғизистон боқӣ монда, соҳибмулкии онҳо баҳснок аст ва ин масъала бояд дар сатҳи байнидавлатӣ ҳаллу фасл шавад. Ин иншоот барои манфиати Тоҷикистон аҳамияти зиёд доранд.»
Наҷмиддинов афзуд, ки масъалаи ин моликият дар куммиссиюни байниҳукуматии таъин ва аломатгузории марз баррасӣ шуда, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати рӯйхати ин таъсисотро бо иловаи маълумоти зарурӣ дар номае ба мақомоти Қирғизистон фиристодааст.
Қарор шудааст, барои ҳалли сарнавишти ин иншоот ҳам аз ҷониби Қирғизистон ва ҳам аз Тоҷикистон куммиссиюни махсус таъсис ёфта, феҳристи иншооте, ки кишвари ҳамсоя дар қаламрави мо дорад, низ баррасӣ шавад.
Анвар Наҷмиддинов афзуд, ду рӯз қабл ҷониби Қирғизистон ҳайати чунин куммиссиюн махсуси худро таъйин кард ва Тоҷикистон низ дар рӯзҳои наздик аъзои чунин куммиссиюнро таъйин мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Сангинов муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви куммиссиюни байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, он дороии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон боқӣ мондаанд, чандон калон ва муҳиму стратегӣ нестанд: «Инҳо асосан иншооти хоҷагии обу нигоҳдории роҳҳоянд. Баъзеашон иншооти хоҷагии ҷамъиятиву давлатӣ низ ҳастанд, ки иқтидори бузурги саноатӣ надорад. Масалан як қисми роҳи Сулукта- Пролетар аз қабили чунин иншоот аст.»
Ҷаноби Сангинов афзуд, ки ҷониби Қирғизистон ҳам наздик ба 20 иншооти худро, ки дар қаламрави Тоҷикистонанд, рӯйхат кардааст.
Аммо ӯ хабари расонаҳои Қирғизистонро дар мавриди аз Тоҷикистон бозпас гирифта шудани як чоҳи нафтро ғалат хонд ва гуфт, дар ин чоҳи нафт то ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд. Муовини раиси вилояти Суғд мегӯяд: Ҷониби Қирғизистон иддао дорад,ки ин чоҳҳо дар қаламрави он кишвар аст. Ин саҳеҳ нест, зеро аз гузашта ин қитъа замини Тоҷикистон буд ва чоҳҳо низ ҳамчун моли Тоҷикистон мавриди истифода қарор доштанд.» Сангинов афзуд, то замоне, ки ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин замин маълум нашавад, Тоҷикистон ин чоҳро ба касе намедиҳад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, захираҳои ин чоҳ аз соли 1987 аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон истихроҷ мешуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Токон Мамитов, муовини сарвазир он кишвар навиштанд, ки рӯзи 24 июн марзбонҳои қирғиз 11 коргари ширкати“Суғд Петролеум”-ро аз чоҳҳои нафту гази Катта-Туз, ки дар асноди Тоҷикистон бо номи Қайроқчиқум ёд мешавад, пеш кардаанд. Мақомоти Бишкек мегӯянд, ин кон моли Қирғизистон аст.
Мақомоти қирғиз мегӯянд, то ба ин авохир ҳатто дарак надоштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи 20 километр дохили марзи Қирғизистон ё ба истилоҳ "дар зери биниашон" аз чанд чоҳ нафту газ мекашид. Аз 9 чоҳи Катта-Туз ё Қайроқчиқум танҳо ду чоҳи нафту ду чоҳи газаш фаъол буда, Тоҷикистон ҳар рӯз аз он то 5 тонна нафту 15 атмосфера гази табиӣ истихроҷ мекард.
Аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз фақат 567 километраш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ба гуфтаи марзбонон, дар ин марз танҳо дар минтақаи Исфара 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст. Танҳо дар се моҳи охир дар ин қисмати марз дастикам 3 муноқишаи сахт рух дод, ки бар асари онҳо даҳҳо тан захмӣ ва роҳҳои транзитӣ баста шуданд.