Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки марзбонони қирғиз 15 корманди корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия «Суғд петролиюм»-ро аз кони нафту гази Қайроқчиқум дар марзи ноҳияи Исфара ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ихроҷ кардаанд. Онҳо далел пеш овардаанд, ки ин кон ба Қирғизистон тааллуқ дорад.
Дар ин бора як масъули ширкати «Суғд петролиюм», ки нахост, номаш бурда шавад, рӯзи 15 июл дар сӯҳбат ба Озодӣ иттилоъ дод. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар кони Қайроқчиқум онҳо ду сол боз ба истихроҷи нафту газ машғул буданд.
Ҷониби Қирғизистон аз ин мавзеъ чун кони нафти Катта-Туз ном мебарад. Аммо тавре ба мо аз Саридораи «Геологияи тоҷик» иттилоъ доданд, дар харитаҳои канданиҳои фоиданоки кишвар дар заминҳои мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон ягон коне бо чунин ном сабт нашудааст. Бино бар иттилои мавҷуда, дар ин минтақа чанд пармачоҳи нафту газ дар харита сабт шудааст, ки захираҳои зеризаминиаш чандон калон нест ва чанд соли охир ин мавзеъ ба ширкати «Суғд петролиум» тааллуқ доштааст.
Дар ҷараёни музокироти ахири масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 11-12 июл дар осоишгоҳи “Баҳористон” воқеъ дар соҳили обанбори Қайроқуми Тоҷикистон гузашт, мақомоти қирғиз даъво кардаанд, ки кони нафти Катта-Туз ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ин музокирот ҳайатҳои баландпояи ду кишварро муовинони сарвазир Муродалӣ Алимардон ваТокон Мамитов раҳбарӣ мекарданд.
Токон Мамитов дар сӯҳбатҳои муфассалаш бо расонаҳои қирғизӣ рӯи масъалаи кони нафти Катта-Туз таъкид карда гуфтааст, ки кишвараш роҳи ин кони нафтро ба рӯи коргарони тоҷик аз 22 июн ба ин сӯ бастааст. Ба гуфтаи ӯ, дар музокироти ахир тавофуқ шуд, ки истихроҷи нафт аз ин кон қатъ карда шавад. Дастикам то замони мушаххас шудани мавзӯъи асосии мавриди баҳс, ки оё кони Катта-Туз ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад ё ба Қирғизистон?
Кони нафти Катта-Туз дар марзи вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон воқеъ буда, аз соли 1974 нафташ аз тарафи Тоҷикистон истихроҷ мешуд.
Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва мутахассиси геология мегӯяд дар ин мавзеъ то ба ҳол ягон кони калон ошкор нашудааст: «Ин конҳое, ки ҳастанд, хурданд. Тақрибан 1 миллион тонна нафту газ дорад. Ин гуна конҳо бинобар кам будани захираҳояшон стратегӣ маҳсуб намешаванд.»
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Токон Мамитов низ, кони Катта-Туз хурд аст ва дар ин кон ҳамагӣ 11 нафар кор мекард ва 9 насосу 2 кашанда(нефтекачалка) ва 2 насоси газаш дар рӯз тақрибан 5 тонна нафти хом медод.
Токон Мамитов гуфтааст, чунин вазъ ба далели то ҳол ҳал нашудани масъалаи таъйину аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш омадааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми коргарони тоҷикро аз ин корхона берун карда, онро таҳти юрисдиксияи Қирғизистон овардаанд. Кони Катта-Тузро феълан марзбонони қирғиз ҳимоят мекунанд ва Бишкек роҳҳои ба тавозуни “Қирғизнефтегаз” гузарондани ин конро баррасӣ мекунад.
Соатбек Эгамбердиев, раиси ҷамоати Жанижери ноҳияи Лайлак ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин кон дар майдони 20 гектар замин доман густурда, аз 9 чоҳаш ҳоло танҳо ду чоҳи нафту ду чоҳи газ фаъол буд ва дар рӯз то 5 тонна нафту 15 атмосфера газ медод.
Бар пояи иттилои расмӣ, аз 971 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар 21 соли гузашта аз замони суқути Шӯравӣ фақат 567 километраш таъйину аломатгузорӣ шудааст.
Марзбонони тоҷик мегӯянд, танҳо дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд, ба хусус дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва моҷароҳои хурду бузург дар он мавзеъҳо гоҳе боиси кашокашу даргириҳо шудааст. Танҳо аз моҳи апрел ба ин тараф дар манотиқи бо вилояти Бодканд ҳаммарзи ноҳияи Исфара дастикам 3 таниши шадид рух дод, ки ҳар дафъа мунҷар ба баста шудани марзу роҳҳои транзитӣ дар ин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон мешуд.
Дар музокироти ахири ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар осоишгоҳи “Баҳористон” тавофуқ шудааст, ки музокироти масоили марзӣ байни ду кишвар ба сурати моҳона доир шавад.