Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯи тоҷик аз Олмон ронда шуд

Дилмурод Эргашев

Сарфи назар аз қасди худкушӣ, Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсии тоҷикро аз Олмон ихроҷ карданд. Вакили дифои ӯ ба Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон гуфтааст, Эргашевро баъд аз зуҳри 6-уми ноябр, аз тариқи Истанбул ба Душанбе фиристоданд.

Як рӯз қабл, вақте пулиси Олмон мехост Дилмурод Эргашевро ба Фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, ӯ рагҳои даст ва пойи худро бурид. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале пулис ҳамон вақт гуфта буд, ин амал аз ихроҷи Эргашев пешгирӣ нахоҳад кард.

Охири моҳи октябр мақомоти Олмон гуфта буданд, бар пояи ҳукми додгоҳ Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар як баёнияи фаврӣ бархӯрди мақомоти Олмонро ноодилона хонда, гуфта буд, талоши Эргашев ба худкушӣ далели он аст, ки "ӯ маргро аз афтодан ба дасти "қассобон"-и режиме, ки бо саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсияш шинохта шудааст, бартар медонад".

Дилмурод Эргашев узви пешини созмони "Гуруҳи 24" аст, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистию террористӣ унвон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Пас аз баромаданаш аз ин созмон ӯ ба Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон пайвастааст.

Ин ниҳоди мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба истирдоди Дилмурод Эргашев роҳ надиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Талоши худкушии паноҷҳӯи тоҷик дар ростои ихроҷ аз ОлмонҲимояти як созмони дигар аз фаъоли боздоштшудаи тоҷикHRW аз Олмон хост, Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон надиҳадТалабҳо аз Олмон барои ба Тоҷикистон нафиристодани Дилмурод Эргашев