Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши худкушии паноҷҳӯи тоҷик дар ростои ихроҷ аз Олмон


Дилмурод Эргашев
Дилмурод Эргашев

Фаъоли сиёсӣ Дилмурод Эргашев, ки қарор аст, аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шавад, 5 ноябр даст ба худкушӣ задааст. Бо вуҷуди он ки ӯ ба бемористон интиқол дода шудааст, мақомоти Олмон қарори ихроҷашро бекор намекунанд.

Дилмурод Эргашев ҳангоме ки пулиси Олмон мехост, ӯро ба фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, рагҳои даст ва пойи худро буридааст. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале пулис гуфтааст, ин амал аз ихроҷи Эргашев пешгирӣ нахоҳад кард. Қарор аст, ӯ ба зудӣ ба Истамбул ва аз он ҷо ба Душанбе расонда шавад.

Охири моҳи октябр мақомоти Олмон гуфта буданд, бар пояи ҳукми додгоҳ Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар як баёнияи фаврӣ бархӯрди мақомоти Олмонро ноодилона хонда, гуфтааст, талоши Эргашев ба худкушӣ далели он аст, ки "ӯ маргро аз афтодан ба дасти "қассобон"-и режиме, ки бо саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсияш шинохта шудааст, бартар медонад".

Ин ниҳоди мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба истирдоди Дилмурод Эргашев роҳ надиҳанд. Раҳбари ҷунбиш Шарофиддин Гадоев рузи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар ба сарнавишти Дилмурод Эргашев, ки дар Олмон пайваста бо беадолатиҳо рӯбарӯ гашт, таъсир накард.

"Сарфи назар аз муроҷиатномаҳову эътирозҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба мақомоти Олмон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Дилмурод, мутаасифона, Олмон ба эътибор нагирифт. Чунин амалҳо аз ҷониби Олмон низоми худкомаро дар кишвар таҳким бахшида, фазои тарсро миёни фаъолони сиёсӣ эҷод мекунад. Мо инчунин гумон мекунем, ки байни Тоҷикистон ва Олмон дар бораи ихроҷи маҷбурии фаъолони мо созишнома вуҷуд дорад, ки ҳадафи ин саркӯб кардан мухолифони режим ҳаст,"- мегӯяд Шарофиддин Гадоев.

Фарҳод Одина, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин рӯз бо Дилмурод тамоси телефонӣ дошт ва воқеан ба ӯ гуфта шудааст, ки бо либосу ашёяш омодаи сафар бошад .

"Бо вуҷуди ин ки ба мақомоти Олмон расонидем, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст, натиҷа надод ва кишвари демократии аврупоӣ сарфи назар кард,"-мегӯяд Фарҳод Одина.

Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "интизор меравад, аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд". Ба нақли Эргашев, дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Клеве низ баромадааст.

"Дар мурофиа гуфтанд, ки тайи ин муддат дар Олмон мақоми паноҳандагӣ нагирифтам ва дигар ҳаққи дар ин ҷо буданро надорам. Вакили мудофеъ ба Додгоҳи олӣ ариза навишт, ки аз фиристодани ман ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад," – афзуд ӯ.

Кӯшиши Радиои Озодӣ барои тамос бо вакили мудофеи Дилмурод Эргашев ва гирифтани шарҳи расмӣ бенатиҷа буд.

Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст.

"Аксу наворҳоеро, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Олмон будам, пешниҳод кардам. Мегӯянд, ин кофӣ нест ва ба ҳамин сабаб мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд," – гуфт ӯ.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG