Ин узви собиқи "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.
Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "интизор меравад, аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд". Ба нақли Эргашев, дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Клеве низ баромадааст.
"Дар мурофиа гуфтанд, ки тайи ин муддат дар Олмон мақоми паноҳандагӣ нагирифтам ва дигар ҳаққи дар ин ҷо буданро надорам. Вакили мудофеъ ба Додгоҳи олӣ ариза навишт, ки аз фиристодани ман ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад," – афзуд ӯ.
Кӯшиши Радиои Озодӣ барои тамос бо вакили мудофеи Дилмурод Эргашев ва гирифтани шарҳи расмӣ рӯзи 30-юми октябр бенатиҷа буд.
Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст. "Аксу наворҳоеро, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Олмон будам, пешниҳод кардам. Мегӯянд, ин кофӣ нест ва ба ҳамин сабаб мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд," – гуфт ӯ.
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, мегӯяд, Дилмурод Эргашев чанд вақт пеш ба созмони зери раҳбарии ӯ пайваст. Онҳо бо нашру ирсоли изҳорот аз кишварҳои демократӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ хостаанд, ки аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.
"Вай дар гирдиҳамоиҳои мухолифон дар назди сафорат ва дар маъракаи тухмзанӣ ба мошини президенти Тоҷикистон дар Олмон ширкат карда, аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Бештар аз он бим дорем, ки агар ӯ ба Тоҷикистон фиристода шавад, шиканҷаву азият хоҳад шуд," – гуфт Шарофиддин Гадоев.
Фарҳод Одинаев, як фаъоли тоҷикон дар Аврупо, низ мегӯяд, бо парвандаи Эргашев ошност. Ба нақли ӯ, яке аз далелҳои дигари мақомоти Олмон ин будааст, ки "ту сиёсатмадори калон нестӣ ва истирдод ба Тоҷикистон хатар надорад". Тасдиқи ин гуфтаҳо феълан аз манобеи расмӣ имконпазир нест.
"Мо дар тааҷҷуб ҳастем, ки ҳатман сиёсатмадори маъруф бошӣ, то фиристода нашавӣ? Фақат иштирокаш дар тухмзании президент бас аст, ки дар дохил таъқиб ва муҷозот шавад. Дилмурод яке аз фаъолоне ҳаст, ки ҳамеша ба зидди қонуншиканиҳо нисбат ба муҳоҷирон сар бардоштааст ва истирдоди ӯ барояш хатари ҷиддӣ дорад," – шарҳ дод Фарҳод Одинаев рӯзи 30-юми октябр.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониени сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Лаҳистон, бо нашри баёнияе хостааст, Дилмурод Эргашевро аз Олмон ба Душанбе нафиристад. Масъулони созмон аз мақомоти кишвари аврупоӣ хостаанд, баръакс, барои қабули санади паноҳандагиаш ёрӣ кунанд, на ин ки ӯро “ба кишвари диктотурии Тоҷикистон баргардонанд”.
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.