Марги Тоҳир Ҳабибов дар артиш – беморӣ, бадрафторӣ ё ишқи ноком? САДО

Акс аз бойгонӣ

Пайвандони сарбоз Тоҳир Ҳабибов ба шарҳи расмии марги ӯ, ки гӯё "дар пайи ишқи ноком худкушӣ кардааст", бовар надоранд. Ҷасади Тоҳир Ҳабибов, сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон, баъди беш аз як соли хидмат дар артиш охири моҳи октябр ба наздиконаш супурда шуд.

"Тир синаашро шикофт"

Пайвандони сарбоз худкушии Тоҳирро дар пайи ишқи ноком рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҳир Ҳабибов бо ҳеҷ духтаре ишқу ошиқӣ надошт.

Волидону пайвандони Тоҳир Ҳабибов – дар ҷамъ 5 нафар – аз деҳаи Рини Ишкошим ба шаҳри Кӯлоб омадаанд, то аз масъулони қисми ҳарбии “13483” тафсилоти фоҷиаи ҷигарбанди худро бишнаванд. Мақомот мегӯянд, ки Тоҳир Ҳабибов рӯзи 26-уми октябр худро бо тири “Калашников” ба қатл расонд. Тир қафаси синаи чапи сарбозро шикоф карда, риштаи умри ӯро канд.

Ду ҳафта пеш дар пайи хабари марги Тоҳир дар Додситонии низомии шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва комиссияи махсус аз ҳамон замон таҳқиқи парвандаро шурӯъ кард. Таҳқиқи ибтидоӣ ангезаи худкушии Тоҳир Ҳабибовро “хусусӣ” гуфтааст. Муфаттишон мегӯянд, ки “хабари издивоҷи дӯстдоштааш дар Ишкошим бо нафари дигар сабаби нороҳативу худкушии сарбоз шудааст."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наздикони сарбоз Тоҳир Ҳабибов: "Ӯ бо касе ошиқӣ надошт"

Лайлӣ: Бо ҳеҷ кас ишқу ошиқӣ надошт

Акси Тоҳир Ҳабибов

Аммо пайвандони ин сарбоз худкушии ӯро дар пайи ишқи ноком комилан қабул надоранд. Лайлӣ, аммаи ин сарбоз, рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло барои дарёфти иттилои бештари худкушии бародарзодааш дар Кӯлоб қарор доранд. Пайвандони ин сарбоз худкушии Тоҳирро дар пайи ишқи ноком рад мекунанд ва мегӯянд, писари онҳо бо ҳеҷ духтаре ишқу ошиқӣ надошт.

Ба гуфтаи онҳо, писарашон баъд аз хатми мактаб ба сафи артиш ҷалб шуд ва ба эътимоди онҳо, интизоми хидмат ба як сарбоз иҷозат намедиҳад, ки бо дӯстдухтараш суҳбати телефонӣ дошта бошад. Бо инки таҳқиқи худкушии Тоҳир ниҳоӣ нашудааст, пайвандонаш дар пайи ишқи ноком қасди ҷони худ кардани Тоҳирро бо шубҳа қабул мекунанд.

"Ӯ дар хидмат аз куҷо имкони суҳбатро дошт?"

Дар тамоми қисмҳои низомӣ дурбинҳои назоратӣ насб шудааст. Навбатдорони фаврӣ низ ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, як амаки Тоҳир Ҳабибов гуфт, ки “бародарзодааш аз хидмат дар артиш розӣ буд ва ҳеҷ шикояте аз шароит надошт”. “Маълум аст, командирҳо ба сарбозон бо иҷозат телефон медиҳанд, ки 5 ё 10 дақиқа бо наздиконашон суҳбати телефонӣ дошта бошанд. Вале як сарбоз аз куҷо имкони соатҳо бо дӯстдухтараш суҳбати телефониро дорад?” - суол гузошт ин ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи пайвандон, Тоҳир Ҳабибов чанд рӯз қабл аз маргаш ба падар занг зада, хабар додааст, ки ба наздикӣ ба рухсатӣ мебарояд ва ба хабаргирии пайвандон хоҳад рафт. Аммо то куҷо марги мармузи ин сарбози 20-сола дар сафи артиш ба ишқи нокомаш рабт мегирад?

Криминалисте, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷасади Тоҳир ширкат доштааст, бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бадани ӯ пайи озору азият дида намешуд. "Танҳо як тире буд, ки ба тарафи дилаш задааст. Хулосаи се криминалист ба тафтишот супурда шудааст ва умедворем, тафтишот мӯйро аз хамир ҷудо карда, хулосаҳои мунсифона мебарорад", - афзуд мусоҳиби мо.

Сухангӯи вазорат: Дар ҳама ҷо дурбинҳо ҳаст

Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз худкушии ин сарбоз додситонии низомии Кӯлоб парванда боз намуда, ҳанӯз таҳқиқи он ниҳоӣ нашудааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, дар қисмҳои низомӣ афсарон оид ба корҳои сиёсиву тарбиявӣ фаъолият доранд, ки аз вазъи рӯҳии сарбозон назорат мебаранд ва дар сурати зарурӣ ба онҳо кумак мерасонанд.

Маҳмадализода мегӯяд, бештар марги сарбозон дар сафи артиш бо сабаби бемории ногаҳонӣ рух медиҳад ва солҳои ахир бадрафторӣ нисбат ба сарбозон дар қисмҳои низомӣ коҳиш ёфтааст. "Дар тамоми қисмҳои низомӣ дурбинҳои назоратӣ насб шудааст. Навбатдорони фаврӣ низ ҳузур доранд. Пеш аз онки ба сарбоз силоҳ дода мешавад, афсарон аз назари руҳиву ҷисмонӣ бо онҳо суҳбат мекунанд. Аммо боз ҳам афсарон равоншиноси ҳирфавӣ нестанд”, - гуфт ӯ.

Марги сарбозон дар пайи азияту бадрафторӣ

Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар 3 соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Эҳсон Элчибеков

Сабаби аксари ҳодисаҳои худкушии сарбозон норӯшан боқӣ мемонад. Танҳо дар чанд маврид додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамхидматон ё афсаронро барои ба худкушӣ расондани сарбозон муҷозот кардаанд. Рӯзи 21-уми апрели имсол додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва барои 12,5 сол ба зиндон фиристод. Ҳамчунин, дар доираи ин парванда ду афсари қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъ Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев барои “муносибати хунукназарона ба хидмат” яксолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Бархе фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски ҳодисаҳои хушунат ва бо фоҷеа анҷомидани ин ҳодисаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.