Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Фарҳод Назарови 26-соларо, ки мақомот ӯро барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ ва фирор ба Русия муттаҳам мекарданд, ба мӯҳлати шаш моҳ маҳкум ба зиндон кардааст.
Мақомот гуфта буданд, ки Фарҳод Назаров тирамоҳи соли гузашта аз саҳни бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Мӯъминобод, дар авҷи маъракаи тирамоҳии ҷалби сарбозон ба артиш фирор кард. Нисбаташ парвандаи ҷиноӣ тартиб дода шуда аз Русия ҳам боздошташ тақозо шуд.
Он рӯз дар хонаамон маъракаи хурсандӣ буд. Гуфтам, ки ақаллан гузоред, маъракаро гузаронам, худам меравам. Гуфтанд, ки додаратро ба ҷоят биёр ва худат бирав. Шиносномаамро гирифта, хостанд, ки додарамро ба ҷои ман ба хидмат баранд. Ӯ бемор баромад. Баъдан, кашокаши ман сар шуд
Моҳе пеш ӯро аз Русия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Назаровро аз рӯи моддаи "худсарона тарк кардани қисмати ҳарбӣ ё маҳалли хизмат"-и Кодекси ҷиноӣ муҳокима карданд. Ин банди қонун то ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Як масъули Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон, ки аз ҷараёни мурофиа огоҳ буда салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надорад, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас ҷавон будани айбдоршаванда ва бори аввал ҷиноят содир кардани ӯро ба инобат гирифтааст. Вай гуфт, "додгоҳ нисбати Фарҳод Назаров қарори одилона содир кард".
Лутфия Ҷумъаева, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод низ рӯзи 31-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчун шоҳид дар ин парванда ширкат дошт, вале дар охирин марҳила ба додгоҳ рафта натавонист. Ӯ гуфт, дар ин мурофиа ба ҷои ӯ кормандони комиссариати ҳарбӣ иштирок карданд ва шоҳиди ҳукм гирифтани Фарҳод Назаров шуданд.
"Фирор накардам, облава шудам"
Мақомот Фарҳод Назаровро аз соли гузашта дар ҷустуҷӯ қарор дода буданд. Худи ӯ 15-уми июн пеш аз боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон аз Русия дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз артиш фирор накардааст, балки худ қурбонии "облава" - ҷалби маҷбурӣ ба артиш шудааст. Ӯ гуфта буд, ки моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашташ аз Русия дар роҳ ба сӯи хона аз ҷониби нозирони роҳ боздошт ва ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд. Вай гуфт:
“Он рӯз дар хонаамон маъракаи хурсандӣ буд. Гуфтам, ки ақаллан гузоред, маъракаро гузаронам, худам меравам. Гуфтанд, ки додаратро ба ҷоят биёр ва худат бирав. Шиносномаамро гирифта, хостанд, ки додарамро ба ҷои ман ба хидмат баранд. Ӯ бемор баромад. Баъдан, кашокаши ман сар шуд”, - гуфт ӯ.
Фарҳод Назаров яке аз сад ҷавони сокини вилояти Хатлон аст, ки барои фирор аз хизмат муттаҳам мешаванд. Ба гуфатаи Комиссариати ҳарбӣ, ҳамаи онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Талоши мубориза бо хушунат дар артиш
Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Аз сӯи дигар, ҷавонҳои хонаводаҳои нодор ва ниёзманд ба ин андешаанд, ки дар муддати ду соли хизмати сарбозӣ онҳо метавонанд аз роҳи кор дар Русия барои худу хонаводаҳояшон кори беҳтаре анҷом диҳанд. Бархе ҷомеашиносони бо нигаронӣ мегӯянд, ки эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандии ҷавонон дар баробари хизмат дар артиш поин рафтааст.
Аз сӯи дигар, хабарҳо аз хушунату марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ мояи дигари худдории бархе ҷавонҳо аз хизмат мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишт, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Шаҳбол барои идомаи табобат ба Хуҷанд баргашт (Аз бойгонӣ)
Вазорати дифоъ мегӯяд, солҳои ахир сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои рафтан ба артиш афзоиш ёфтааст ва ҳатто имсол нақшаи даъват қабл аз мӯҳлат анҷом ёфт. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, ки дар бораи бадарфториву қонуншиканӣ дар артиш гузоришу таҳқиқот нашр мекунанд, мегӯянд, дар паи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, нисбатан боз шудани роҳи фаъолон ба қисмҳои низомӣ ва ҳамкории наздик бо мақомот, сатҳи огаҳӣ аз паёмадҳои хушунат дар артиш беҳтар шуда шумори ихтиёриён ҳам афзудааст. Дар паи гузоришҳои матбуотиву мониторинги созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳодисаҳои облава ваё ҷалби маҷбурӣ ба хизмат дар артиш ҳам хеле коҳиш ёфтааст.
Хизмат дар артиш ислоҳот мехоҳад
Вазорати дифои Тоҷикистон моҳи апрели имсол тарҳи "Қонун дар бораи хизмати алтернативӣ"-ро таҳия намуда ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод кард. Ҳанӯз сарнавишти ин қонун маълум нест. Зимни баррасии ин тарҳ дар парлумон вакил Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки ҷавононе намехоҳанд дар артиш хизмат кунанд, бояд ба вазорати дифои кишвар маблағи муайян бисупоранд. Ин вакили порлумон ҳамчунин пешниҳод кард, ки мӯҳлати адои хизат дар артиш аз 2 соли феълӣ ба 1 коҳиш дода шавад.