Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, "прапоршик"-и қисми марзбонии "0307", воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги ҳамхидматаш Умедҷон Ҳасанов гунаҳкор дониста, ба муддати 2 сол маҳкум кард. Ин парванда дар охири моҳи марти имсол ба додгоҳ рафта ва ҳукмаш рӯзи 13 апрел содир шудааст. Муҷозоти Алишери Абдуқодир дар ҳолест, ки дар оғоз марги Умедҷон Ҳасановро ба тири қоҷоқбарони афғон рабт дода буданд. Аммо дар пайи эътирози волидони Умедҷон, додситонӣ айбдор будани Алишери Абдуқодир дар ин қазияро ошкор кард.
Дар ибтидо гуфта мешуд, ки Умедҷон аз тири қочоқбарони афғон кушта шудааст, аммо таҳқиқот ошкор кард, ки ӯ аз тири як ҳамхизматаш ҷон бохтааст.
Ҳикмат Ҳасанов, падари Умедҷон Ҳасанов рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар аввал бовар дошт, писараш аз тири қочоқбарони афғон кушта шудааст. Аммо, ба гуфтаи вай, пас аз талаби пай дар пайи санади додгоҳӣ - тиббӣ аз ҷониби кормандони қисми марзбонӣ вай ба шубҳа афтод. Ин аст, ки Ҳикмат Ҳасанов ба Додситонии кулл муроҷиат кард, то ба ин қазия расидагӣ шавад.
"Баъд аз се рӯзи дафни писарам, кормандони қисми низомӣ омада, аз ман талаб карданд, ки варақи суд-экспретизаро диҳам, аммо ман ин ҳуҷҷатро надодам ба онҳо. Бори дувум низ барои ин ҳуҷҷат омаданд. Баъд аз ин дар дили ман шубҳа пайдо шуд, ки чӣ воқеаи дигаре рӯй додааст. Ман ба Додситони кулл муроҷиат кардам ва онҳо тавсия доданд, ки ба додситонии гарнизони низомии Душанбе муроҷиат кунам. Аз ҳамон ҷо шикояти ман оғоз шуд", - гуфт Ҳикмат Ҳасанов.
Ҳамин тариқ, тафтишот муайян кардааст, ки Алишери Абдуқодир аз беэҳтиётӣ боис ба марги ҳамхидматаш Умедҷон Ҳасанов шудааст.
Пайвандони Алишери Абдуқодир куштори Умедҷон Ҳасановро тасодуфӣ хонданд. Аммо онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ изҳори назар накарданд. Волидайни Умедҷон Ҳасанов бошанд, аз ҳукми баровардаи додгоҳ розӣ нестанд ва тасмим гирифтанд, ки нисбати ин ҳукм додгоҳ ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят баранд.
Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҷриба нишон медиҳад, ки аксар волидайн бо хулосаҳои аввалӣ иктифо мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Алихон Икромӣ, барои муайян кардани сабаби марги Умедҷон Ҳасанов як моҳ зарур омад, то хулосаи воқеиро ба тафтишот пешниҳод кунанд.
Ӯ мегӯяд, "мо як моҳ зиёд марги Умедҷонро таҳқиқ кардем, чун далелҳои шайъи зиёд ва ин ҳодиса бисёр мураккаб буд, зеро дар аввал ҳамхизматонаш ин ҳодисаро нагуфта буданд. Ҳолатҳои дигар низ ҳаст, ки сарбоз ё афсар дар дигар минтақа мефавтад, ё ба дигар ҳодисаҳо гирифтор шуда, таҳқиқи судиашон дар он тараф гузаронида шудаву ҷасад ба зодгоҳ оварда мешавад, баъдан нофаҳмиҳо оғоз мешавад. Дар он ҳолат хулосаи тиббӣ омода нест, аммо волидайн шикоятро оғоз мекунанд. Баъди шикоятҳо мо волидайнро мефаҳмонем, ки то баромадани дақиқи хулосаи судӣ тоқат кунанд ва баъданд каме онҳо ором мешавад".
Аммо бархе аз волидайни сарбозони кушташудаҳо мегӯянд, то онҳо шикоят накунанд, гунаҳкори ҷиноят ошкор карда намешавад. Бо ин ҳам Ҳикмат Ҳасанов даъво дорад, ки ҳарчанд барои ошкор кардани ҷинояти куштори писараш чандин дари ниҳодҳои марбутаро куфт, вале гунаҳгор ҷазои муносиб нагирифт. Аммо ӯ мегӯяд, то ба охир ин қазияро пайгирӣ мекунанад то гунаҳгор ҷазои муносиб бигирад.
Умедҷон Ҳасанови 27-сола пас аз 13 рӯзи хизмат дар таърихи 20-уми октябри соли 2016 дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон аз зарби 11 тир кушта шуд. Мақомот дар гузашта хабари марги Умедҷон Ҳасановро тасдиқ карда гуфта буданд, ки ин прапоршики 27-солаи тоҷик зимни муқовимати мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар марз кушта шудааст. Аммо таҳқиқи ҳодиса баъдан ошкор кард, ки Умедҷон на аз тири қоҷоқбарон, балки аз тири ҳамхизмати худ низомӣ расидааст.
Куштори Умедҷон Ҳасанов, сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии ин минтақа моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира карда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Зодгоҳи Умедҷон Ҳасанов ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон 150 километр марз дорад ва як роҳи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон аст.