Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд. Сержант барои марги сарбоз 9 сол маҳкум шуд


Тибқи иттилои додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як парвандаи марбут ба марги сарбоз баррасӣ шудааст.

Абдураҳим Бекзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд 4-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки моҳи апрели соли равон бо ҳукми додгоҳ Бобур Бозоров, сержанти хурди қисми ҳарбии 05170 дар Панҷакент? барои латукӯбу таҳқири мунтазам ва то ба ҳадди худкушӣ расонидани сарбоз Юсуфҷон Шарифхон, ба 9 соли ҳабс маҳкум гардид.

Ба гуфтаи раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Бозоров ҳамчун командири даста сарбозони навдаъватшударо борҳо зери лату кӯб гирифтааст. Ҳамин тариқ, сарбоз Юсуфҷони Шарифхон рӯзи ҳаштуми январ бо ҳадафи раҳоӣ ёфтан аз азобу азият ва лату кӯби ин афсар, дар оғили ҳамин қисми ҳарбӣ, худро овехта ва худкушӣ кардааст.

Дар қисмҳои ҳарбӣ дар гӯшаҳои махсус “Телефони боварӣ” гузошта шудааст, ки дар ҳолати лату кӯб шудан аз ҷониби аскарони собиқадор ва ё афсарон, сарбозон тавассути он метавонанд мустақиман ба додситонии ҳарбӣ занг зананд ва ёрӣ пурсанд.

Ҳамхизматони ӯ зимни бозбинии парванда гуфтаанд, ки сержант Бозоров сарбоз Юсуфҷони Шарифхон ва шаш наваскари дигарро ба таври мунтазам мавриди азият ва лату кӯб қарор медод.

Раиси додгоҳи ҳарбӣ гуфт, ки имсол ҳамин як мавриди марги сарбоз бар асари "дедовшина" мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Соли гузашта панҷ парвандаи маргу худкушии сарбозон ва лату кӯби шадиди онҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифта ва гунаҳорон ҷазо гирифта буданд.

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, ҳамчунин дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ду ҳолати лату кӯби сарбозон аз сӯи афсарон сабт шудааст ва сарбозони лату кӯбшуда ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Ба ҷуз ин, рӯзи 17-уми уми июл ҷасади сарбоз Зиёдулло Сангиновро дар таҳхонаи бинои бахши Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа пайдо карданд. Ӯ 25 сола дошт ва 1 солу 3 моҳи хидматро дар қисми ҳарбии 14003 (баталйони сохтмон) -и шаҳри Душанбе паси сар карда буд.

Сангиновро ба наздикӣ ба Хуҷанд ба бахши донишкадаи мазкур барои адои корҳои сохтмону таъмир ба сафари хидматӣ фиристода буданд. Додситонии ҳарбӣ дар ҳоли ҳозир худкушии ин сарбозро таҳқиқ мекунад. Бино ба хабарҳо, баъд аз як ҳафтаи худкушии Сангинов, падари ӯ, сокини деҳаи Пошкенти ноҳияи Истаравшан низ худкушӣ кардааст.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, дар муддати се соли гузашта муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳодисаҳои нохуш дар қисмҳои ҳарбӣ афзуда буд. Вале имсол ба ин созмон дар мавриди лату кӯб ва нақзи ҳуқуқи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, шикояте ворид нашудааст.

"Ҳоло афсарон байни сарбозон зиёд корҳои тарбиявӣ мебаранд. Ҳамчунин кору фаъолияти худи афсарони қисмҳои ҳарбӣ низ барои аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ байни сарбозон зери назорати ҷиддӣ гирифта шудааст",- афзуд ӯ.

Дилрабо Самадова.
Дилрабо Самадова.

Хонум Самадова гуфт, гурӯҳи кории ин созмон ҳамроҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба қисмҳои ҳарбӣ барои ошноӣ бо шароити буду боши сарбозон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо мераванд ва аз дидаву шунида ва мушоҳидаҳои худ охири соли ҷорӣ натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ӯ гуфт, соли 2015 аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон консепсияи тақвияти корҳои таълиму тарбия дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар қабул шуд ва ба фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва афсарон дастурҳои чопӣ ироа шуд, то дар қисмҳои ҳарбӣ аз кору фаъолияти сарбозон, ҷиддан назорат баранд.

Бар пояи ин консепсия, равоншиносон аз вазъи рӯҳии хидматчиёни ҳарбӣ назорат мебаранд ва дар сурати зарурӣ, ба онҳо кӯмак мерасонанд. Хонум Самадова ин дастурҳоро “судманд” номид, зерои иҷрои онҳо барои аз байн бурдани муносибати “меҳтарсолорӣ” ё “дедовшина” дар қисмҳои ҳарбӣ, муассир хоҳанд буд.

Абдураҳим Бекзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар ин иртибот гуфт, дар қисмҳои ҳарбӣ дар гӯшаҳои махсус рақами “Телефони боварӣ” навишта шудааст, ки дар ҳолати лату кӯб шудан аз ҷониби аскарони собиқадор ва ё афсарон, тавассути он метавонанд мустақиман ба додситонии ҳарбӣ занг зананд ва ёрӣ пурсанд. Вале маълум нест, ки сарбозон аз ин телефонҳои “Боварӣ” барои ҳимояти худ то кадом андоза истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG