"Таҳдид карданд." Даъвати қариб 20 мансабдор ба мурофиаи Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст

Додгоҳ ҳудуди 20 мансабдорро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар вилояти Хатлон, ба мурофиаи додгоҳӣ даъват кардааст. Мурофиаи ӯ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Кӯлоб идома дорад.

Аҳмади Иброҳим дар нимаи моҳи август аз сӯйи маъмурони КДАМ дар Кӯлоб боздошт шуд. Ӯро дар аввал ба додани “пора” (ришва) ба маъмури амният ва сипас “тундгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муттаҳам карданд. Ҳарсе иттиҳом ҷарима ва аз панҷ то даҳ сол зиндон дорад. Рӯзноманигор ҳамаи онҳоро рад кардааст.

"Бовар кун, зери фишор ҳастам"

Як манбаи огоҳ аз тафтишот рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба сад мансабдори ҳозира ва собиқ, ки давоми панҷ соли охир ба ҳисоби бонкии нашрияи “Пайк” пул гузарондаанд, бозпурсӣ шудаанд.

Ба нақли мусоҳиби мо, “тафтишот талош кардааст, аз равобити молии Аҳмади Иброҳим бо ин афрод "ҳолатҳои ҷиноӣ" пайдо кунад. Аммо аксари онҳо гуфтаанд, ки қонунӣ ба ҳафтаномаи “Пайк” обуна шуда, барои саҳм гузоштан дар корҳои фарҳангӣ китоби ӯро харидаанд.”

“Тақрибан касе ба зидди Аҳмади Иброҳим баёнот надодааст. Дар ин миён додгоҳ наздик ба 20 танро ба мурофиа даъват кардааст, чун тафтишот гуфтааст, дар муносибати онҳо ва рӯзноманингор тамаъҷӯйӣ мушоҳида мешавад,” – афзуд манбаи огоҳ аз тафтишот.

Аҳмади Иброҳим дар баробари рӯзноманигорӣ дар бораи чеҳраҳои таърихӣ китоб менавишт. Дар нашрияаш ба чанд мансабдор ва тоҷир барои ёрӣ дар чопи китобаш расман сипосгузорӣ карда буд. Худи ӯ дар додгоҳ иттиҳоми тамаъҷӯиро рад карда, туҳмат донистааст.

Номи мансабдороне, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кардаанд ва бояд ширкат кунанд, дастраси Радиои Озодӣ шудааст.

Як мансабдори маҳаллӣ, ки бозпурсӣ шудааст, бе зикри номаш рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро зери фишор қарор додаанд, то алайҳи Аҳмади Иброҳим дар додгоҳ суҳбат кунад.

"Аҳмади Иброҳим бароям мисли бародар аст. Ман фақат барои обуна шудан ба “Пайк” ба ҳисоби бонкияш пул гузарондаам. “СМС”-ҳое, ки миёни мову ӯ ҳамчун далел пешниҳод шудааст, ҳеч ҷойи тамаъҷӯӣ надорад. Аҳмади Иброҳим маро маҷбур накардааст. Агар маҷбур мекард, ҳамон замон ба мақомот хабар медодам. Бовар кун, додар, зери фишорам. Таҳдид ҳам шудем, ки агар дар додгоҳ иштирок накунӣ, худатро парванда мекунем. Ман маҷбур иштирок мекунам, вале зидди ӯ баёнот намедиҳам," -- гуфт ин мансабдор.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 14 ҳамла ба журналистони тоҷик. Чаро ҳамлагарон беҷазо мондаанд?

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст.

Ӯ соли 2012 дар Хатлон нашрияи мустақили “Пайк”-ро таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти нашри онро бар уҳда дошт. Иттиҳоме, ки ӯро бо он айбдор ва боздошт карданд, ба кори нашрияаш бармегардад. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи кори онро тамдид накард ва гуё барои дастрас кардани иҷозатнома, ӯ ба як корманди КДАМ ду ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро қасос барои матлабҳои танқидиаш меноманд.