Ӯро нимаи моҳи август бо гумони “пешниҳоди пора” ба корманди КДАМ боздошт карда, дертар нисбаташ бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “тамаҷӯъӣ” низ айб эълон намуданд. Ба парвандааш “мӯҳри махфӣ” заданд ва баррасии айбҳои эълоншуда нисбаташ пушти дарҳои баста мегузарад.
Ду манбаи огоҳ аз тафтишот, рӯзи 7-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аҳмади Иброҳим ҳеч айби эълоншударо нисбаташ қабул накардааст, вале иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро “хандаовар” хондааст.
Муфаттишон гӯё дар чанд мақолае, ки ӯ аз соли 2016 то 2018 нашр кардааст, мӯҳтавои ифротгароӣ пайдо кардаанд.
“Аҳмади Иброҳим гуфтааст, ки ман тамоми умр зидди ифротгароӣ мубориза кардам. Аз ҷавонон даъват мекардам, ки ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ напайванданд. Мақолаҳои ман ба ҳадде таъсир доштанд, ки ду ДОИШ-ии шинохта, Гулмурод Ҳалимов ва Абу Холидӣ Кӯлоб мустақиман маро таҳдид карданд, ки рӯзе туро ҷазо медиҳем. Ӯ бо хитоб ба муфаттишон гуфтааст, ки магар шумо қасди Гулмурод Ҳалимов ва Абухолиди Кӯлобиро мегиред? Агар ман зидди ифротгароиву терроризм намешудам, магар онҳо маро таҳдид мекарданд?”,-- гуфтааст ӯ ба муфаттишоне, ки парвандаашро таҳқиқ мекунанд.
Мақомот бо далели “мӯҳри махфӣ” парвандаи ӯро шарҳ намедиҳанд.
Соли 2015 Нусрат Назаров, ки дар миёни ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ шинохта мешуд, дар наворе Аҳмади Иброҳимро барои “ҳамеша дар газета ва интернет сиёҳ кардани муҷоҳидон” ба марг таҳдид карда буд. Аҳмади Иброҳим он замон гуфта буд, ки Нусрат Назаров аз матлабҳое, ки дар мавриди ба ном “муҷоҳидон” навиштаи ӯ шадидан нигарон буд ва ваъда додааст, ки ҳатман ба рӯзноманигорон “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард.
Ҳамон сол, Гулмурод Ҳалимов, сарҳанг ё полковники фирории ВКД, ки дар Сурия ба ДОИШ пайваста буд, дар навори видеоие аз Аҳмади Иброҳим даъват карда буд, ки аз танқиди “Давлати исломӣ” даст кашад вагарна “пушаймон мешавад.” Дар ин навор, ки Гулмурод Ҳалимов дар ҳалқаи дигар силоҳдорони созмони тундрави ДОИШ менишаст, бо хашм ба Аҳмади Иброҳим мегуфт, аз “куфр” тарафдорӣ накунад.
Ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аҳмадӣ Иброҳим бо ёдоварӣ аз ин таҳдидҳо ба муфаттишон гуфтааст, шумо фикр намекунед, ки чӣ қадар сухани ӯ таъсиргузор буд, ки “террористон асабӣ шуда буданд.” “Шумо орзуи Гулмурод Ҳалимов ва Абу Холиди Кӯлобиро амалӣ мекунед, ки мехостанд маро ҷазо диҳанд, вале куштаву нопадид шуданд,”—гуфтааст ӯ.
Ин ҳарфҳоро Аҳмади Иброҳим зимни бозпурсӣ дар охири моҳи сентябр гуфтааст, вале ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ тоза онро нақл карданд.
Наздикони Аҳмади Иброҳим аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд ва ҳеч шарҳе дар бораи боздошти ӯ намедиҳанд. Дӯстонаш ҳам бо далели “вуҷуди хатар” ошкоро аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба вакили дифои Аҳмади Иброҳим низ тамос гирифт, аммо телефонаш хомӯш буд.
Як тан аз дӯстони Аҳмади Иброҳим, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, парвандаи ӯро ба ҳадде махфӣ кардаанд, ки наздиконаш низ чизеро намедонанд ва онҳоро ҳам барои мулоқот роҳ намедиҳанд.
“Онҳо ба боздоштгоҳи Кӯлоб хӯрданӣ мебаранд, вале худи ӯро дида наметавонанд. Касе ҳам ҷуръат намекунад, ки ҷузъиёти парвандаро пурсад, ҳарчӣ мепурсанд, махфӣ ҳаст гуфта, шарҳе намедиҳанд,”—гуфт ӯ.
Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон беш аз даҳ хабарнигору блогерро боздошт карданд ва аксарашон бо “ифротгароӣ” муттаҳам мешаванд.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани мустақили расонаҳои Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз эълони чунин иттиҳом “мӯҳри махфӣ” задан ба парвандаи рӯзноманигор аст, то ҷузъиётро пинҳон кунанд.
“Вақте тафтишот ва мурофиаи судӣ махфӣ мегузарад, дар ҷомеа суолҳои зиёд ба миён меоянд, эҳтимолияти бегуноҳии муҷримон риоя намешавад. Истифодаи иттиҳомоти фавқуззикр барои муҳри махфият аст”,--гуфт ӯ.
Аҳмади Иброҳим 62 сол дорад ва солҳо дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Ӯ соли 2012 дар Хатлон нашрияи мустақили “Пайк”-ро таъсис дод ва то замони боздошт дар он кор мекард. Иттиҳоме, ки ӯро бо он айбдор ва боздошт карданд, ба кори нашрияаш бармегашт. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи фаъолияти нашрияи ӯро тамдид накард ва гӯиё барои дастрас кардани иҷозатнома, ӯ ба як корманди КДАМ ду ҳазор сомонӣ пора пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро қасос барои матлабҳои танқидиаш меноманд.