Раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ инро мепазиранд ва ба далелҳои набудани он ишора мекунанд.
“Вақте як нафар даъвои ҳамрайъӣ мекунад, вай бояд иқдомро аз худаш оғоз кунад. Яъне то кадом андоза мавқеи журналистии вай ба арзишҳои касбӣ мувофиқ аст. То кадом андоза барои манфиати журналисти дигар овоз баланд карда метавонад. Оё вай ҳуқуқи маънавӣ ба ҳамин кор дорад ё на? Зерои воқеият инро нишон медиҳад, ки мутассифона омилҳое ҳастанд, ки барои таҳкими ҳамраъйии журналистон дар Тоҷикистон халал ворид мекунанд,”-мегӯяд Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.
Чанд соли ахир дар Тоҷикистон, дар пайи ҳодисаҳои гуногун шикояти рӯзноманигорон аз фишори мақомот афзуд ва чандин рӯзноманигору блогнавис барои муддатҳои тӯлонӣ вориди зиндон шуданд.
Дар соли 2024 низ ду рӯзноманигори тоҷик Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб ва Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори собиқадор ҳам боздошт шуданд. Аммо созмонҳои рӯзноманигорӣ дар баробарии ин қазияҳо мавзеъгирӣ накарданд.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, шароити имрӯза, фазои иттилоот ва авзои ҷомеа хеле муташанниҷ шудааст: "Мақомот ҳамин усули корро пеш гирифтаанд, ки ин ё он журналистро бо дигар иттиҳом ба муҷозот мекашанду парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунанд. Вале вақте, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ ё журналистони алоҳида ин мавзуъро мехоҳанд матраҳ кунанд, мегӯянд, ки ин ба фаъолияти журналистии вай дахл надорад.”
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк”-ро барои он боздошт карданд, ки гӯё барои тамдиди кори ҳафтавораш ба маъмури КДАМ пул пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки наздиконаш онро рад мекунанд.
Раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ мегӯянд, дар пайи ҳаводиси ахир рӯзноманигорони зиёде ба мақомот даъват шудаанду алайҳи баъзеи онҳо парванда ҳам боз шудааст, аммо аз онҳо ва вакилони мудофеашон забонхат гирифтаанд, ки набояд дар ҳеч ҷо сухан кунанд, ки хомӯшии онҳо имкон намедиҳад ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба ҳимояти онҳо садо баланд кунад.
Аммо Одил Нозир, муҳаррири нашрияи “Тоҷикистон” вуҷуди ҳамраъйиро барои тағйири раобитаи мақомот бо рӯзноманигорон муҳим медонанд.
“Агар журналистон ҳамраъй бошанду ҳамраъйиро ҳифз кунанд, ман фикр мекунам муносибати мақомоти давлатӣ ҳам бо журналистон дигар хел мешавад. Чун солҳои ахир ҳамраъйии журналистони мо дар шароити кунунӣ рахна ёфт, фикр мекунам, ки муносибати ҳам мақомоти давлатӣ ҳам муносибати ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба журналистика ҳамчун касб ва нисбат ба журналист ҳамчун соҳиби ин касб дар сатҳи қобили эътимод нест.”
Аммо Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони “Хома” мегӯяд, ки ҳамраъйӣ замоне ба вуҷуд меояд, ки агар журналистика қавӣ, касбӣ ва пойбанд ба меъёрҳои ҳирфаӣ бошад.
“Он ҷойе, ки журналистика калаванда аст, ҳамчун як бахши иқтисод шакл нагирифтааст ва дар он муҳити журналистии созгор барои рушди соҳа нест, наметавонад ҳамраъйӣ ба вуҷуд ояд. Ман фикр мекунам, барои он ки журналистони тоҷик ҳамраъй бошанд, бояд пеш аз ҳама, журналистон новобаста ба он ки дар кадом навъи расона кор мекунад, пойбанд ба меъёрҳои ахлоқӣ ва касбӣ бошанд. Бояд муҳите сохта шавад, ки созгор бошад, то худи соҳа рушд кунад,”--гуфт ӯ.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори варзидаи тоҷик мегӯяд, ки ҳамеша талошҳо барои ҳамраъйии журналистӣ дар Тоҷикистон хунсо карда мешавад.
"Соле пеш тасмимҳое буд, ки лоақал байни сардабирону журналистони пешкор маҳфили ғайрирасмие созмон ёбад. Пас аз се нишаст "баҳона" барои пароканда кардани ин маҳфил пайдо шуд. Касоне албатта намехоҳанд, ки чунин ҳамгироиҳо бошанд ва ҳамин тавр масъалаҳои вобаста ба журналистикаи ватанӣ "дар дигар ҷо" ҳал шавад. Ҳамраъйӣ асосан дар масоили усулӣ маълум мешавад,"--гуфт Раҷаби Мирзо.
Ардашер Гулмуродзода, рӯзноманигори ҷавон ба ихтилофҳои сунъӣ ва набудани дурандешӣ миёни рӯзноманигорон ишора мекунад, ки аз нигоҳи ӯ таъсире ба насли нави журналистон гузоштааст.
“Бояд ба ин суол посух гуфта бошем, ки рӯзноманигорон ва соҳибрасонаҳо то куҷо аз заҳматҳои ҳамкасбони хеш қадрдонӣ мекунанд. Яъне ба ивази як мақола, як навишта, як ёддошт чӣ қадар ҳаққи қалам ё дастмузд дода мешавад, ки аз ин чизи оддӣ мешавад хулоса кард, ки то куҷо ҳамраъйии рӯзноманигорон пойдор аст,”-суол мегузорад Гулмуродзода.
Ҳамасола 8-уми сентябрро чун рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии рӯзноманигорон таҷлил мекунанд. Дар соли 1943 дар ин рӯз дар зиндони фашистӣ нависанда ва журналист маъруфи чех, Юлиус Фучик ба қатл расида буд.
Солҳои ахир дар пайи баста шудани расонаҳои таъсиргузор, боздошту зиндонӣ шудани хабарнигорон ва ба хориҷ рафтани бархе рӯзноманигорон мавзуъи набудани ҳамраъйӣ миёни ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон доғ мешавад. Охирин намунаи ҳамраъйӣ изҳороти муштаракаи созмонҳои рӯзноманигорӣ ва бархе расонаҳо дар моҳи майи соли 2022 пас аз лату кӯб шудани рӯзноманигор ва блогнависи ҳоло зиндонии тоҷик Далери Имомалӣ ва фишор алайҳи расонаҳо ва рӯзноманигорони дигар буд. Аммо дар пайи ин изҳорот бархе аз раҳбарони расонаҳои давлатӣ мансабҳои худро аз даст доданд ва бархе рӯзноманигорони дигаре, ки зери ин изҳорот имзо гузошта буданд, алайҳи изҳороти худ изҳорот доданд.
Ҳоло беш аз 10 рӯзноманигори тоҷик дар зиндон қарор доранд, ки аксарашон давоми се соли ахир боздошт шудаанд.
Гуфтугӯ