Пайвандонаш мегӯянд, Зулфиқор Одинаев, бародарзодаи Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ дастгир шудааст. Ба иддаои онҳо, ӯ даҳ рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии Ҳисор нигоҳдорӣ мешавад ва "барояш хӯрок мебаранд".
Дар ШКД-и Ҳисор рӯзҳои 14 ва 15-уми декабр нахостанд, ки дар ин бора маълумот диҳанд. Расман ба зидди ӯ айб эълон нашудааст. Хешовандонаш аз қавли маъмурони милиса гуфтанд, "тақдири ӯ баъд аз понздаҳ рӯзи боздошт маълум мешавад".
Зулфиқор Одинеав рӯзи 4-уми декабр ҳангоми нишасти хабарӣ дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар канори Раҳматилло Зойиров нишаста буд. Пайвандонаш бовар доранд, мақомот ӯро баъди баромадан аз нишаст таъқиб карда, тавассути вай ҷойи Маҳмурод Одинаевро ёфтаанд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ рӯзи панҷуми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "бо эҳтимоли зиёд ӯро тавассути як дастёраш ёфтаанд, ки дар назди Маҳмурод Одинаев буд."
Дертар, рӯзи 12-уми декабр, Зойиров иддао кард, ки ҷойи муовинашро аз рӯйи телефон ёфтаанд. Иддаое, ки расман онро шарҳ надод ва кӯшишҳо барои тамос бо ӯ дар чанд рӯзи ахир бенатиҷа аст.
Зулфиқор Одинаев, писари Юсуф Одинаев, бародари Маҳмурод Одинаев ва фарзанди ягона дар оила аст. Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинаев гуфт, Зулфиқор Одинаев дар бозор савдо мекард. Вай гуфт, то ҳанӯз на Зулфиқор ва на Маҳмурод Одинаев вакили мудофеъ надоранд.
Ин дар ҳолест, ки раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, мақомот пешниҳоди онҳоро барои киро кардани вакили мудофеъ ба Маҳмурод Одинаев рад кардаанд. Раҳматилло Зойиров рӯзи 15-уми декабр ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, мақомот далели рад шудани пешниҳодро ба он рабт додаанд, ки муовинаш бо сабаби "авбошӣ" боздошт шудааст, на фаъолияти ҳизбӣ.
Ба қавли ӯ, охири ҳафтаи гузашта ба Додситонии шаҳри Ҳисор рафта буд, ки тафтиши парвандаи Маҳмурод Одинаев дар онҷо ҷараён дорад.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр гуфт, Маҳмурод Одинаевро дар ҳамин рӯз ва барои он дастгир кардаанд, ки моҳи октябр дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор "дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."
Ба гуфтаи додситонӣ, Маҳмурод Одинаев дар инҷо иддао кардааст, ки писари ӯ Ҳоҷиакбар Одинаевро ғайриқонунӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Айни замон Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба "авбошӣ, нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият" муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, азбаски ба даъватҳои такрорӣ барои ҳозир шудан ба додситонӣ ҷавоб надод, мақомот ӯро дастгир карданд.
Қаблан Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номида ва ангушт ба сӯйи мақомоти интизомиву амниятӣ кард.
Ӯ рӯзи 12-уми декабр дар як баёния дар Фейсбук навишт, дастгир шудани Одинаев сабаби "хусусӣ" дошт. Аммо Маҳмурод Одинаев пеш аз боздошташ мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва чанде пеш дар як баёнияе дар Фейсбук бо лаҳни тунде ҳукуматро танқид кард ва навишт, "бо шумо барин сиёсатмадорон миллату давлатро обод кардан номумкин аст". Айни замон ӯ навиштааст, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.
Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.
ҲСДТ танҳо ҳизби мухолиф аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим кард ва натиҷаашро напазируфт. Гуруҳҳои тарафдори ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" дар Тоҷикистон айбдор мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳ амр дод, Маҳмурод Одинаевро ду моҳ ҳабс кунанд. ВИДЕОДодситонии кул Маҳмурод Одинаевро ба "авбошӣ" муттаҳам кард. ВИДЕО, САДОМаҳмурод Одинаев аз худ дарак дод, вале гуфтааст, "маҷрӯҳ аст". САДО, ВИДЕОМаҳмурод Одинаев дар куҷост? ВКД: "Ҷустуҷӯ намекунем". ҲСДТ: "Фарзия дорем, вале далел не"Дар Ҳисор Маҳмурод Одинаевро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаандНаздикони фаъоли нопадидшудаи ҲСДТ гуфтанд, бозпурсӣ шудаанд. ВКД рад кардЗойиров гуфт, баъди интихобот аъзои ҳизбашро таъқиб мекунанд. ВКД беасос донистМуовини Зойиров мегӯяд, писари ӯро задаанд. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ мекунанд. САДО