Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмурод Одинаев дар куҷост? ВКД: "Ҷустуҷӯ намекунем". ҲСДТ: "Фарзия дорем, вале далел не"


Маҳмурод Одинаев солҳои охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсил-демократи Тоҷикистон кор мекунад
Маҳмурод Одинаев солҳои охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсил-демократи Тоҷикистон кор мекунад

Аз замоне ки пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони иҷтимоӣ, иддао карданд, "ӯ нопадид шудааст", беш аз даҳ рӯз гузашт. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, расман ӯро ҷустуҷӯ надоранд, чун барои ёфтанаш касе муроҷиат накард. Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократ мегӯянд, то ҳол дар бораи дар куҷо будани ӯ чизе намедонанд.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 16-уми ноябр дар Фейсбук барои ташкили як гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе дархост нашр карда буд. Расман ба изҳороташ вокунише нашуд, аммо аз сӯйи, зоҳиран троллҳои ҷонибдори ҳукумат, ҳадафи ҳуҷуми лафзӣ қарор гирифт. Бори охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 19-уми ноябр пайдо шуд. Наздиконаш мегӯянд, аз бистуми ноябр ба ин тараф ӯро надидаанд.

"КАСЕ МУРОҶИАТ НАКАРД"

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷустуҷӯи муовини нопадидшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократ иқдом накардаанд. Зеро ба қавли ӯ, "ба мо расман дар бораи нопадид шудани ин шахс касе муроҷиат накардааст. Мо танҳо дар бораи аъмоли ҷиноятии писараш баёнот нашр карда будему бас."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр ба зидди Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев бар асоси моддаи авбошӣ парванда кушод. Ӯро дар занозании моҳи октябр дар як тарабхонаи Ҳисор ва падарашро ба "моҷароҷӯӣ" ва "пахши хабарҳои дурӯғ" муттаҳам карданд. Маҳмурод Одинаев иддао дошт, ки дар ҳодисаи моҳи октябр писарашро барои тарсондани ӯ задаанд.

"БАРОБАРӢ ДАР НАЗДИ ҚОНУН КУҶОСТ?"

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, тибқи қонунгузории кишвар ВКД вазифадор аст, нашри хабари нопадидшавии шахсеро дар расонаҳо зуд таҳқиқ кунад.

Ӯ гуфт, "ин шахси сиёсӣ аст. Тасаввур кунед, ки муовини раиси ҳизби ҳокимро ягон масте дар кӯча шаппотӣ занад, дар ин сурат ВКД дар зудтарин фурсат айбдоршавандаро пайдо мекунад. Пас, куҷост баробарӣ дар назди қонун?"

Аз Нусратулло Маҳмудзода айни суолро кардем, вале ӯ гуфт, "наздикони шахс бояд бо аризаи расмӣ ба сохторҳои ВКД муроҷиат кунанд ва сипас ҷустуҷӯйи шахс шуруъ мешавад."

Дар ҳамин ҳол, Абдумалик Қодиров, таҳлилгари мустақили тоҷик иддаои масъулони вазоратро ғайримантиқӣ донист. Ба бовари ӯ, "вазорат аз зарфиятҳое бархӯрдор аст, ки метавонад дар зудтарин фурсат ҳар шахси мавриди таваҷҷӯҳро пайдо бикунад".

"Чанд сол пеш Амрико ва сипас САҲА тарҳеро дар ВКД сармоягузорӣ карда буданд. Бино бар он, вазорат тавассути нозирони минтақавӣ бо ҳар як фаъоли маҳаллӣ иртибот пайдо мекунад ва маълумот ҷамъ меорад. Ба ин хотир, ВКД дар муддати кӯтоҳтарин метавонад дар бораи Маҳмурод Одинаев маълумоти зарурӣ ба даст оварад. Вале суол ин аст, ки то куҷо мехоҳад ин шахсро пайдо кунад."

"ЧАНД ФАРЗИЯ ҲАСТ, ВАЛЕ ДАЛЕЛ НЕСТ"

Маҳмурод Одинаев, аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъд аз нашри дархости гирдиҳамоӣ дар назди ҳайкали Исмоили Сомонии Душанбе нопадид шуд. Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳеч гуна гирдиҳамоии эътирозӣ сурат нагирифтааст ва мақомот ба дархости баргузории чунин маросим ҳассосият доранд, вале ба навиштаи Одинаев расман вокунише нашуд.

Мухолифон бо дарназардошти дар гузашта нопадид шудани баъзе аз сиёсатмадорони саршинос ва сипас дар шабакаҳои телевизионӣ ҳузур ёфтанашон аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар мавриди Маҳмурод Одинаев низ аз чунин таҷриба истифода шуда бошад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, созмони мустақар дар Лаҳистон (Полша), 24-уми ноябр дар баёнияе иддао кард, ки "Одинаев дар як макони номаълум нигаҳдорӣ мешавад". Мақомот ба ин иддао вокуниш накардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, мегӯяд, чанд фарзияи нопадидшавии ҳамкори худро баррасӣ мекунанд, вале барои ҳеч яке аз онҳо далелҳои зарурӣ дар даст надоранд.

Пайвандонаш мегӯянд, Маҳмурод Одинаев як рӯз қабл аз нопадидшавӣ барои бозпурсӣ дар робита ба қазияи писараш ба шуъбаи ВКД дар Ҳисор даъват шуда буд. Аммо баъд аз ҳозир нашудан маъмурони шуъба ба ҷустуҷӯи вай машғул шуданд.

То ҳол пайвандонаш аз маҳалли будубоши Одинаев хабар надоранд. Ба гуфтаи яке аз пайвадонаш, феълан маъмурони милисаи шаҳри Ҳисор бозпурсии наздикони ӯро идома медиҳанд.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон танҳо ҳизби мухолиф дар кишвар аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Ин ҳизб интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим карда ва натиҷаашро напазируфта буд. Гурӯҳҳои моил ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ин ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, "танқиди беҷо" ва "нодида гирифтани пешрафтҳо" айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG