"Дари касеро зада нашикастаем". Вокуниш ба гузориши Радиои Озодӣ

Вокуниши комиссариат ва Абдувалӣ Бобоев

Комиссари ҳарбии вилояти Суғд ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи фишор ба волидайни Ораз Бобоев вокуниш карда навиштааст, даъвати ин ҷавон ба артиш қонунӣ аст.

Ин вокуниш 2-юми ноябр бо имзо Умед Солизода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ фиристода шуд. Аммо 4-уми ноябр Комиссариати ҳарбии Суғд дархост кард дар вокуниш номи Мансури Шералӣ, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд, зикр шавад. Бино бар ин дархост, вокуниш аз номи Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд оварда мешавад. Ин ислоҳ ба матн рӯзи 4-уми ноябр ворид карда шуд.

Пайвандони Бобоев, ки дар Русия таҳсил мекунад, 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот ба онҳо фишор меоранд, то фарзандашонро аз Русия оварда, ба хизмати ҳарбӣ фиристанд.

Мансур Шералӣ, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ навиштааст, танҳо ҷавононе ҳаққи ба таъхир гузоштани хизмати ҳарбиро доранд, ки дар зинаи аввали донишгоҳ (бакалавр ва мутахассис) мехонанд.

“Дигар шаҳрвандоне, ки дар зинаҳои таҳсил, аз ҷумла магистр, докторантура, ординатура ва ғайра таҳсил намуда истодаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд,”-навиштааст Мансур Шералӣ.

Пештар волидайни Ораз Бобоев ҳам ба Радиои Озодӣ санаде пешниҳод карданд, ки ӯ дар бахши "ординатура"-и Донишгоҳи тиббии минтақаи Урали Русия таҳсил мекунад. Масъули даъвати ҷавонон ба артиш дар шаҳри Хуҷанд, бо такя ба ҳамин мегӯяд, Бобоев бояд ба хизмати ҳарбӣ фиристода шавад.

Абдувалӣ Бобоев, падари Ораз Бобоев 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, кормандони мақомоти интизомӣ оилаи онҳоро ором намегузоранд. "Ҳар рӯз рафта дарро зада қариб мешикананд… Ба корхонаи занам рафтаанд, ба мактаби писари хурдиам мераванд, бе ягон асос."

Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд ин шикоятро рад карда навиштааст, наздикони Ораз Бобоев се маротиба даъватнома ба номи ӯро қабул кардаанд.

"Ваҷҳои овардаи Абдувалӣ Бобоев, ки гӯё кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ҳар рӯз ба хонаи ӯ рафта, дарро зада қариб мешикананд ё инки ба корхонаи ҳамсараш ва ба мактаби писараш мераванд, ягон асоси қонунӣ надошта, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла пешниҳоди маълумоти беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзанди худро аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намоянд,"-навиштааст Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд.

Мансур Шералӣ дар посухи расмиаш, падари Ораз Бобоевро ба саркашӣ аз фиристодани писараш ба артиш муттаҳам кардааст. Аммо Абдувалӣ Бобоев мегӯяд, писараш баъди хатми таҳсил аз Русия баргашта, ҳамчун пизишк ба артиш меравад.

Баҳси волидайни ин ҷавон ва Комиссариати ҳарбӣ дар ҳолест, ки вилояти Суғд аз охирин минтақаҳои Тоҷикистон аст, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро адо накардааст. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе аз иҷрои уҳдадории худ дар даъвати тирамоҳӣ хабар доданд. Даъвати ҳарбӣ имсол то 30-юми ноябр давом мекунад.

Ҳар сол дар баҳору тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш даъват мешаванд. Мақомот аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад.

Гузориши Радиои Озодӣ аз рӯзи 29-уми октябр:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикояти як сокини Хуҷанд аз фишори Комиссариати ҳарбӣ