Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Метарсам, ки писарам дар артиш ё худашро мекушад ё каси дигарро". ВИДЕО


Маснавӣ Ҳалимов як моҳ аст дар артиш хидмат мекунад, аммо модараш аз саломатии ӯ нигарон аст
Маснавӣ Ҳалимов як моҳ аст дар артиш хидмат мекунад, аммо модараш аз саломатии ӯ нигарон аст

Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд. Дар беморхона тасдиқ намуданд, ки дар воқеъ ҷавоне, ки ба артиш ҷалб шудааст, зери назорати табибон қарор доштааст. Вале масъулони комиссариати ҳарбӣ бидуни пешниҳоди санад, иддао доранд, ки ташхисҳои такрорӣ гирифтори бемории рӯҳӣ будани ҷавонро тасдиқ накардааст.

Қурбонгул Ҳалимова
Қурбонгул Ҳалимова

Қурбонгул Ҳалимова, модари Маснавӣ Ҳалимов 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз соли 2006 гирифтори бемории равонӣ аст. Ӯ мегӯяд, писарашро аз кӯча гирифта бурдаанд ва ҳоло дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ, воқеъ дар ноҳияи Спитамен хидмат мекунад.

“16-уми октябр ӯро бурданд, писарам занг зада хабар дод, вале бемор, ки аст, бовар накардам. Баъди маълум шудан пеши кормандони комиссариат ва ҷамоати деҳот рафта, гиря карда гуфтам, ки бачаи ман касал аст. Аз ин пеш ҳам ӯро ду бори дигар дошта бурданд, лекин бо сабаби бемор будан ҷавоб доданд. Пеши кадомаш гуфтанд, рафтам, гиря кардам, гуфтанд "мо намедонем, вай рафт, хизмат мекунад дигар”, - афзуд Қурбонгул Ҳалимова.

Бар асоси маълумотномаи тиббӣ, ки нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, Маснавӣ Ҳалимов соли 2006 дар шӯъбаи бемориҳои рӯҳии беморхонаи Ҳисор бистарӣ шуда, таҳти назорати табибон қарор доштааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Хавф дорам, ки писари беморам дар артиш ё худ ва ё касеро мекушад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Модар мегӯяд, агар вазъи саломатиаш хуб мебуд, ба хидмати ҳарбии писараш зид набуд. Ӯ ҳоло бештар аз он хавотир аст, ки дар артиш вазъи равонии Маснавӣ бад мешавад.

“Кош бачаи ман нағз мебуду хизмат мекард, лекин касал аст. Агар раваду ягон касро занаду кушад, ягон чӣ шавад, ман ба инаш ҳеч чӣ гуфта наметавонам. Мумкин худашро мекушад, мумкин дигар касро мезанаду мекушад. Ман аз инҳо метарсам”, - таъкид кард модари Маснавӣ Ҳалимов.

Ба гуфтаи ӯ, вақте вазъи равонии писараш якбора бад мешавад, ором кардани ӯ осон нест: “Вақте бисёр гап занемаш, мезад, ҳама чизро мешикаст, меғалтид, баъд дар охир ҳеч кор карда наметавонистем, фақат ҳамин сирпиёз (чеснок) мемолидем.»

Беморхонаи шаҳри Ҳисор
Беморхонаи шаҳри Ҳисор

Дар шӯъбаи бемориҳои рӯҳии беморхонаи Ҳисор бидуни сабт ба хабарнигорони Радиои Озодӣ тасдиқ намуданд, ки Маснавӣ то синни 18-солагӣ зери назорати пизишкон қарор дошта, дар хона табобат мегирифтааст. Ба иддаои раҳбарияти ин шӯъба, Маснавӣ бояд дар беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба қайд мегузошт. Коре, ки ба гуфтаи табибон, ӯ накардааст ва расман дар рӯйхати беморони рӯҳӣ қарор нагирифтааст.

Дар маълумотномаи расмии шӯъбаи бемориҳои рӯҳии беморхонаи Ҳисор навишта шудааст, ки "ҳар лаҳза имкон дорад бемории рӯҳии ин ҷавон авҷ гирифта, боиси хароб шудани майнаи сар ва фалаҷ гардидани дасту по гардад". Дар беморхона бештар шарҳ надоданд, ки аз нигоҳи тиббӣ чӣ гуна иҷоза додаанд, ин ҷавон ба артиш ҷалб шавад.

Эраҷ Турдиев, раиси ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор дар тамоси телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ки чӣ гуна Маснавӣ Ҳалимовро ба артиш бурдан, дарак надорад. Раиси ҷамоат аз ин бештар шарҳ надод ва гӯширо гузошт.

Рӯзи 14-уми ноябр дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор касе ҳозир нашуд, дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад. Дар ин идора таъкид намуданд, ки ташхисҳои такрорӣ бемор будани Маснавӣ Ҳалимовиро тасдиқ накард. Вале кормандони комиссариати ҳарбӣ хулосаи ин ташхисҳоро ба мо пешниҳод накарданд.

Маснавӣ Ҳалимов
Маснавӣ Ҳалимов

Ба қавли хонаводаи ҷавон, бемории Ҳалимов бар асоси ҳама санаду ташхисҳои тиббӣ исбот шудааст ва талаб доранд Маснавӣ аз артиш баргардонида шавад. Талабе, ки ба назари модараш аз сӯи мақомот ҷиддӣ гирифта намешавад ва бо назардошти вазъи саломатии писараш метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.

Ин бори нахуст нест, ки пайвандони ҷавонон аз иҷборан ҷалб кардани фарзандони беморашон ба хидмати ҳарбӣ шикоят мекунанд. Дар гузашта низ борҳо волидону наздикони сарбозоне садо баланд кардаанд, ки ҳини даъват ба артиш, вазъи саломатии фарзандонашон ба инобат гирифта намешавад.

Дар Тоҷикистон соле ду бор - баҳору тирамоҳ маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад, ки дар ҳар даъват масъалаи шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш ба яке аз мавзӯъҳои доғи расонаҳо табдил меёбад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG