Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент фармон надодааст, ки падару модари даъватшавандаро маҳкам кун"


Абдувалӣ Бобоев аз фишори мақомот шикоят дорад
Абдувалӣ Бобоев аз фишори мақомот шикоят дорад

Пайвандони як ҷавони тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз фишори намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд шикоят доранд.

Волидайни Оразҷон Бобоев мегӯянд, бо вуҷуди пешниҳоди санади таҳсил, мақомот талаб доранд, ки писарашон аз Русия баргашта, ба хизмати ҳарбӣ равад. Намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, нақшаи даъват бояд иҷро шавад.

Бар асоси санаде, ки волидайни Ораз Бобоев ба Радиои Озодӣ пешниҳод карданд, ӯ дар бахши "ординатура"-и Донишгоҳи тиббии минтақаи Урали Русия таҳсил мекунад.

Абдувалӣ Бобоев, падари Ораз Бобоев 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта боз кормандони мақомоти интизомӣ оилаи онҳоро ором намегузоранд. Ба гуфтаи ин сокини Хуҷанд, худи ӯро санаи 22-юми октябр тақрибан як рӯз дар бинои Комиссариати ҳарбӣ нигоҳ доштаанд.

“Ҳар рӯз рафта дарро зада қариб мешикананд. Гӯё дарро онҳо харида бошанд. Ба корхонаи занам рафтаанд, ба мактаби писари хурдиам мераванд, бе ягон асос. Президенти Тоҷикистон фармон надодаанд, ки рафта талабаи мактабро ё волидайнашро дор. Дар Конститутсия инхел банд нест. Бачаи ман касал аст. Ҳар рӯз ба корхонаи модараш рафта гаранг мекунанд. Худам ба додситонии ҳарбӣ занг задам, ҷавоб намедиҳанд,"-афзуд Абдувалӣ Бобоев.

Масъулони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар суҳбати ҳузурӣ масъаларо шарҳ доданд ва гуфтанд, ки ин амалкарди онҳо тибқи “Қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” аст. Онҳо аз ин бештар шарҳ надоданд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Шикояти як сокини Хуҷанд аз фишори Комиссариати ҳарбӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Хонаводаи Абдувалӣ Бобоев аз рафтори кормандони Комиссариати ҳарбӣ то раиси ҷумҳур шикоят кардаанд. Умедворанд, ки рафтори кормандони низомӣ дар доираи қонун баррасӣ мешавад.

Ҳар сол дар баҳор тирамоҳу ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш даъват мешаванд. Мақомот аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубҳа мебарад.

Сокинон мегӯянд, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар мавриди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.

Имсол вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кардаанд. Аз ин миён танҳо вилояти Суғд ва чанд ноҳияи тобеи марказ ин корро анҷом надодаанд. Даъвати тирамоҳӣ то 30-юми ноябр идома мекунад.

XS
SM
MD
LG