Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб нисфи курсиҳои донишгоҳ ва коллеҷҳои Тоҷикистон холӣ мондааст. ВИДЕО


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамагӣ 53 дарсад иҷро шудааст. Мақомот кам шудани шумораи хатмкунандаҳо ва зиёд шудани нақшаи қабули донишҷӯёнро сабабгори пеш омадани ин вазъ медонанд. Аммо намояндагони баъзе созмонҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, далели ба таври қобили мулоҳиза кам шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба донишгоҳҳоро, қабули қонуни нави хидмати ҳарбӣ гуфтанд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода
Сабзалӣ Ҷаъфарзода

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази миллии тестӣ 3-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз 110 ҳазору 940 ҷой дар макотиби таҳсилоти миёна ва олӣ, онҳо 59 ҳазору 123 нафарро тақсим кардаанд. Ҷаъфарзода гуфт, "ин 53,29 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад."

Тибқи иттилои ин марказ, иҷроиши 53 дарсади нақша ба давраи асосии имтиҳонсупории довталабон рост меояд ва дар ду давраи баъди эҳтимол чунин рақам бештар шавад.

Дар Маркази миллии тестӣ гуфтанд, аз шумори умумии довталабоне, ки худро дар Маркази миллии тестӣ сабтином кардаанд, бештар аз 12 ҳазораш ба имтиҳонҳо ҳозир нашуданд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Қариб нисфи курсиҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон холӣ мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Масъалаи кам шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба таҳсил дар донишгоҳҳоро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе коршиносон ҳам ба қонуни нави хидмати ҳарбӣ рабт медиҳанд. Бар асоси ин қонун, донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд.

Раиси Маркази миллии тестӣ иддао дорад, ки на қонуни нави хидмати ҳарбӣ, балки ду омили дигар- “кам шудани теъдоди хатмкунандагони мактабҳо ва зиёд шудани нақшаи қабули довталабон” боиси иҷро нагардидани нақша шудааст.

Дар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш, дар баъзе ҳолатҳо ба хатмкунандагон ваъда медиҳанд, ки дар сурати ба артиш пайвастан, ба онҳо иҷоза медиҳанд, то дар рӯзи имтиҳони хатм омада, дар имтиҳонҳо ширкат кунанд.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ қаблан дар мусоҳибае ба Радиои Озодӣ чунин амалро ғайриқонунӣ номида, таъкид карда буд, ки “сарбоз ё хидматчии ҳарбӣ наметавонад дар рафти хизмат дар донишгоҳҳои шаҳрвандӣ таҳсил кунад. Ба хотири ғайриқонунӣ будан набояд ба ин ҳодисаҳо роҳ диҳанд”.

Ба назари Мирзошариф Шодиев, мушовири директори Маркази милии тестӣ, мушкил на дар қонун, балки дар шеваи кори баъзе масъулонест, ки ба ҷалби донишҷӯён ба артиш машғуланд.

“Ҳамаи ҳамин донишгоҳҳое, ки ҳозир кафедраи ҳарбӣ надоранд, нақшаашонро 100 фоиз иҷро мекунанд. Донишгоҳи тиббӣ 100 фоиз, Донишгоҳи миллӣ 97 фоиз, яъне ҳамаи ҳамин муассисаҳое, ки кафедраи ҳарбӣ доштанду ҳоло надоранд, ҳамаашон нақшашон иҷро. Барои ҳамин инҷо омилҳо дар дигар тараф аст. Сабаб дар дигар ҳолат аст, ки худи шумо ин ҷо гуфтед, ки аз курсии донишҷӯӣ ҳамин ки хатм карданд, ба хидмат ҷалб мекунанд, аспирантҳоро ҷалб мекунанд, магистрантҳоро ҷалб мекунанд, ана ин омилҳо бояд сабаб шавад»-шарҳ дод, Мирзошариф Шодиев

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Дар пай қабули қонуни нави хидмат дар артиш, дар умум се соли охир нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ иҷро намешавад.

Ҷалби донишҷӯён ба артиш бо шеваҳои мухталиф, омӯзгорону раҳбарони баъзе донишгоҳҳро низ нигарон намудааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Азия-плюс" Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар, рӯзи 2-юми август зимни як нишасти хабарӣ аз он нигаронӣ кардааст, ки кормандони баъзе комиссариат ё мизҳои ҳарбӣ ҷавонони ба донишгоҳ шомилшударо барои адои хидмати ҳарбӣ маҷбур мекунанд.

Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ борҳо таъкид намудаанд, ки барои пешгирӣ аз ин раванд, бояд қонуни хидмати ҳарбӣ бознигарӣ шавад. Вале парлумони Тоҷикистон ва Вазорати дифои кишвар ҳамеша аз ин тарҳ тавсиф мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG