Фурӯши маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву динӣ ва меҳмонхонаҳои саросари Тоҷикистон манъ шуд. Ҳамакнун сигоркашҳо наметавонанд дар наздикии то 100 метр ба ин муассисаҳо сигор фурӯшанд ё дуд диҳанд. Сокинон ҳамзамон наметавонанд дар чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ аз калён ва нос истифода кунанд.
Маҳдудияти истифодаи тамоку
Ин маҳдудиятҳо бар асоси қонуни нав «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар Тоҷикистон, ки ахиран аз ҷониби вакилони парлумон ба тасвиб расид, роҳандозӣ шуд. Бар асоси тарҳи нави қонун, ҳамчунин навиштаҷоти таблиғотӣ дар борпеши он, ки тамъи тамокуро ба меваҳо шабоҳат медиҳад ва ё ибораҳои “дорои ками миқдори қатрон”, “камзарар”, “сабук”, “хеле сабук”, “экстра” ва “ултра”, манъ аст.
Бар асоси омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Мақомот мегӯянд, чунин шеваи таблиғ дар борпечи тамоку, ба хотири ҷалби бештари муштариён буд, ки истеъмолкунадагон зарари онро камтар ба назар мегирифтанд. Бар асоси ин қонун, ширкатҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи сигор муваззаф шудаанд, ки дар рӯй ва пушти қуттии сигор дар мавриди зиёновар будани сигоркашӣ ба саломатӣ, навиштаҷот ё акс насб кунанд. Ин маълумот ва ё акс бояд на камтар аз 70 дарсади рӯйи ва пушти қуттии сигорро бояд пур кунад.
Сигоркашӣ дар куҷоҳо манъ шуд?
Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар рӯ ба рӯ бо вакилон гуфт, ин тағйирот дар пайи нигаронии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз вазъи бади зарари тамоку ба инсон, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон, ворид карда шуд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар баробари он, ки ба афроди зери синни 18 фурӯхтани маҳсулоти тамоку манъ аст, аз ин ба баъд фурӯшандаҳо наметавонан сигорро бидуни борпеч ба муштариён пешниҳод кунанд.
Камолзода гуфт, “кашидани сигори электронӣ ва чилим дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳо, майдончаҳои кӯдакона, нақлиёте, ки дар он кӯдакон ҳузур доранд, ошхонаҳои хӯроки умумӣ, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ, имконнопазир шуд".
Аммо тавре мушоҳида мешавад, то ҳанӯз дар кишвар ҷойҳои махсус барои фурӯшу истифодаи маҳсулоти тамоку пурра фароҳам нашудааст. Ҳоло сокинон дар ҷойҳои дилхоҳи худ сигор мекашанд ва дуди онро садҳо нафар нафас мекашад. Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, фурӯши ошкорои маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ ҳам ба роҳ монда шудааст.
Истиқболи сокинон
Аксар сокинон аз ин тарҳи қонун пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, тарки сигор кардан метавонад ҳам саломатии онҳоро ҳифз кунад ва ҳам ба фоидаи ҷайби онҳо бошад. Аммо онҳое ҳам, ки тарки ин одат барояшон мушкил аст, аз он нигаронӣ мекунанд, ки то ҳанӯз шароите барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамоно як мушкили сигоркашҳо боқӣ мондааст.
Акрам -- як сокини пойтахт, ки рӯзона то як қуттӣ сигор мекашад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хуб мебуд агар мақомот дар баробари маҳдудият ба чунин афрод, маконҳои сигоркаширо ҳам ба назар мегирифтанд.
Як миллиард "сигорӣ" дар ҷаҳон
Тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳар рӯз то як миллиард одам дар саросари ҷаҳон сигор мекашанд. Ҳамасола пеш аз 5 миллион одамон аз зарари тамоку мефавтанд. Тибқи омор, ҳоло аз ҳар даҳ мард дар ҷаҳон як нафар ва аз бист зан як нафар сигор мекашвад.
Ҳоло кишвари Тоҷикистон дар минтақа аз лиҳози истеъмоли тамоку дар ҷои сеюм қарор дорад. Бар асоси омори расмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз сокинон мегӯянд, ҳоло истифодаи фаровони нос ҳам миёни мардон зиёд аст, ки ба гуфтаи табибон, зарари он бештар аз зиёни сигор дониста мешавад. Нигароние, ки худи мақомотро ҳам водор аст, то дар тарҳи нав маҳдудият ба носу калёнро ҳам ворид кунанд.
Саидбурҳон Икромов, як фаъоли ҷомеа, ки мегӯяд, ҳанӯз аз замони наврасӣ ва бо тақлид ба калонсолон мубталои сигор шудааст, гуфт, вобастагӣ ба тамоку инсонҳоро гирифтори бемориҳои гуногун аз ҷумла роҳи нафасу шуш мекунад. Беморие, ки худаш то ҳанӯз табобат наёфтааст. Икромов мегӯяд, аз ин тарҳи қонун хушҳол аст ва умедвор аст, ки ин маҳдудиятҳо метавонад саломатии инсонҳоро то ҷое ҳифз кунад. Ҳоло ин ҳамсӯҳбати мо пас аз 20 соли истеъмолӣ сигор аз он даст кашидааст ва мегӯяд, зарари онро ҳанӯз дар баданаш эҳсос мекунад.
Қалён ҳам "ҳукм"-и сигорро дорад
Ҳамакнун сокинон наметавонанд дигар носу калёнро дар баробари сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода кунанд. То ҳол ҳаводорони қалён хумори худро аз қаҳвахонаҳои махсуси қалёнкашӣ ва ошхонаву тарабхонаҳои умумӣ мешикастанд. То ҳанӯз мақомоти кишвар оморе дар мавриди шумори чилим ё қалёнхонаҳо надоранд, аммо ба гуфтаи ҳаводорони қалён дар пойтахт ва атрофи он ҳудуди 250 чилимхона мавҷуд аст.
Як назарсанҷӣ дар аввали имсол дар Тоҷикистон нишон додааст, ки 59 дар сад аз афроди сигоркаш мехоҳанд, “дар ояндаи наздик” тарки одат кунанд. Назарсанҷӣ дар миёни беш аз ҳазор нафар аз тарафи Маркази таҳқиқотии “Зеркало” анҷом шуда ва натиҷааш моҳи май эълон шуда буд. Дар Тоҷикистон низ ду фабрикаи тавлиди сигор – яке дар шаҳри Хуҷанд ва дигаре дар пойтахти кишвар фаъоланд
Қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳануз соли 2011 ба ҳукми иҷро даромад. Дар оғози ҳукми иҷро гирифтани ин қонун аз муҷозоти бархе шаҳрвандон барои нақзи он хабар расида буд. Ҷарима барои нақзи ин қонун дар Тоҷикистон аз 105 сомонӣ шуруъ мешуд.