Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қарори ҳукумат нархи сигорро ба 10$ расонд


Қарори манъи фурӯши сигор дар Туркманистон боиси то 2 маротиба боло рафтан ва ба тақрибан 10 доллар расидани нархи як қуттии ин навъи тамоку шудааст.

Қарори мақомоти Туркманистон барои манъи фурӯши сигор боиси башиддат боло рафтани нархи ин навъи тамоку дар “бозори сиёҳ” шудааст.

Шоҳидон мегӯянд, ки фурӯши озодонаи тамоку дар тамоми дӯконҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ тақрибан ду ҳафта боз манъ шудааст, вале фурӯшандагон ба таври пинҳонӣ як қуттӣ сигорро бо нархи қариб ду маротиба бештар аз аввали сол мефурӯшанд.

Амонмурод, як сокини Ишқобод ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “болои ин, фурӯшандаҳо аз тарси таъқиб ба ҳар кас намефурӯшанд. Бояд аввал ягон шиноси наздики дӯкондорро пайдо кунӣ, то ки ба ту бовар кунаду бароят сигор бифурӯшад.”

Идораи ҳимоят амнияти ҷомиаи солим, собиқ Идораи мубориза бо маводи мухаддири Туркманистон, дар ҳафтаи дувуми моҳи январ бо баргузории рейдҳои вижа фурӯши тамокуро дар тамоми дӯконҳову фурӯшгоҳҳо манъ кард. Ин идора таблиғи тарзи ҳаёти солим ва коҳиш додани теъдоди мардуми сигориро як сабаби аслии ин иқдом ном мебарад.

Аммо идораи ҳимоят аз амнияти ҷомиаи солим замоне ба манъи фурӯши сигор иқдом кард, ки рӯзи 5 январ раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат раиси ин идораро сарзаниш ва унвонашро пойин овард. Дар ҳамон ҷаласа аз раҳбари ин идора талаб карда шуд, ки ҷиҳати маҳви сигоркашӣ дар кишвар фавран иқдом кунад.

Ба дунбол, Идораи ҳимоят амнияти ҷомиаи солим қарор баровард, ки фурӯши сигор манъ шавад. Барои тоҷироне, ки ба сурати қочоқӣ ба фурӯхтани тамоку идома медиҳанд, ба андозаи 10 маоши ҳадди ақал (5900 манат, муодили 1680 доллар) ҷарима ҳам пешбинӣ шудааст.

Амонмурод, сокини Ишқобод мегӯяд, ҳоло нархи як қуттӣ сигори арзонтарин, барои мисол, “Pine” дар дӯконҳои пойтахти Туркманистон аз 35 то 40 манат, муодили тақрибан 10 доллар шудааст. Қимати як қуттӣ сигори навъи “Marlboro”, “Parliament” ё “Kent” дар Ишқобод ҳоло то ба 14-15 доллар расидааст.

Ду маротиба боло рафтани нархи сигор дар Туркманистон дар ҳолест, ки қаблан ҳам нархи сигор дар ин кишвар нисбат ба кишварҳои дигари минтақа баландтар буд.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки худ аз рӯи пешааш табиби дандон аст ва дар соли 2014 барои муборизааш бо тамоку ҳатто медали Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба даст оварда буд, таблиғи тарзи ҳаёти солимро дӯст медорад.

Ҳукумати ӯ чанд сол пеш воридоти қуттиҳои сигореро, ки ба забони туркманӣ ҳушдор дар бораи зарари сигоркашӣ ба саломатиро надоранд, манъ карда, болои фурӯши тамоку андозҳои баланд гузошт, ки боиси тақрибан ба 5 доллар расидани арзиши ҳар қуттии арзонтарин навъҳои сигор дар ин кишвар шуда буд. Бар изофа, ба фарқ аз кишварҳои дигар, ки аз хориҷ бо худ овардани то 20 қуттӣ сигорро ба сайёҳон иҷозат медиҳанд, ба Туркманистон бо худ метавон ҳамагӣ 2 қуттӣ сигор овард.

Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, танҳо 8 фоизи аҳолии Туркманистон сигор мекашанд ва ин кишвар аз ин нигоҳ дар дунё ҷои аввалро мегирад. Аммо мунтақидон мегӯянд, ин омори расмии мақомот ҳақиқати ҳолро инъикос намекунад ва ҳам онҳоеро, ки навъҳои маҳалли табак, аз ҷумла нос истеъмол мекунанд, дар бар намегирад.

Баъди расман манъ шудани фурӯши сигор дар дӯконҳо, дар Туркманистон зоҳиран як маъракаи густардаи зидди қочоқбарони тамоку авҷ мегирад. Рӯзи ҷумъа дар телевизиони давлатии Туркманистон гузориши муфассале дар бораи дар канори Ишқобод ба коми оташ додани 250 000 қуттӣ сигор намоиш дода шуд. Дар ин барнома гуфта мешуд, ки соҳибонаш барои ин сигори сифаташ нисбат ба меъёрҳои қабулшуда хеле паст мехостанд аз идораи стандарти давлатии Туркманистон ҳамчун сигори навъи олӣ сертификат бигиранд, вале ба даст афтоданд.

Ҳукумати Туркманистон баъди мусодираи ин миқдори бузурги сигор ба ширкатҳои воридкунанда амр додааст, ки қабл аз идораи стандарти давлатӣ бояд аз вазорати тандурустӣ дар бораи сатҳи зарарнокии моли овардаашон санаду иҷозат бигиранд.

Дар Тоҷикистон нархи сигор назар ба Туркманистон бамаротиб арзонтар аст. Ҳоло нархи як қуттӣ сигори навъи “Pine”, ки аксари мардуми сигорӣ онро мекашанд, дар Душанбе тақрибан 5 сомонист.

XS
SM
MD
LG