Порлумони Тоҷикистон Қонун доир маҳдуд намудани истеъмоли тамокуро тасвиб кард, ки бар асоси он фурӯхтани тавлидоти тамоку, аз ҷумла носу сигор дар назди мактабу шифохонаҳо мамнӯъ хоҳад шуд.
Абдуҷаббор Қодиров, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ки тарҳи мазкурро ба вакилон муаррифӣ мекард, гуфт, тарҳи қонун ба хотири сиҳатии аҳолии кишвар аст, ки дар миёни онҳо сигору носкашҳо кам нестанд:
“Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи маҳдуд намудани маҳсулоти тамокуро ба мақсади пешгирӣ ва кам кардани беморшавии аҳолӣ муайян менамояд.Ҳамзамон дар қонун манъ будани фурӯши сигарет ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва инчунин дар масофаи камтар аз 100 метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.”
Агар сигор ва ё носкаш бошед, бо ҳукми иҷро гирифтани ин қонун, дигар ҳақ надоред, озодонаву бепарво дар ҳуҷраи корӣ ва дар назди дӯстони дигаратон, ки ин одатро надоранд, сигор кашед. Дар сурати риоят накардани ин қонун, аз 40 то 120 доллар ҷарима хоҳед шуд. Ва агар муқаррароти фурӯши маҳдуди сигорро афроди ҳуқуқӣ риоят накунанд, гирифтори дарди сари бузургтар, яъне ҷарима аз 24 то 2400 доллар хоҳанд шуд.
Абдуҷаббор Қодиров, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон дар шарҳи қонун мегӯяд: “Тибқи талаботи қонун, кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, беҳдоштӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, осоишгоҳҳо, толорҳои фурудгоҳҳо ва вокзалҳои роҳи оҳан мамнӯъ аст.”
Дар Тоҷикистон, ки сари ҳар қадам носкашу сигоркашеро мебинед, то кунун пажӯҳишҳои зиёде доир ба вусъати сигоркашӣ анҷом нашудааст, вале табибон мегӯянд, бемориҳои вобаста ба истеъмоли тамоку ниҳоят зиёд аст.
Ҷумъабой Сангинов, вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи порлумон оморҳои тарсноки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт доир ба таъсири бади тамокуро мисол овард, ки солона тақрибан 7 миллионро нафарро мекушад. Аммо гуфт, ӯ дар кишвар чунин омор вуҷуд надорад:
“Ҳарчанд теъдоди афроди истеъмолкунандаи маҳсулоти тамоку дар кишвар дақиқ омӯхта нашудааст, мусаллам аст, ки теъдоди онҳо зиёд буда ва тамоюли афзоиши тамокукашӣ солҳои ахир мушоҳида шудааст.”
Бино ба як пажӯҳиши маҳдуд дар миёни ҷавонон, дар Тоҷикистон тақрибан 21 дар сади писарони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ нос мекашидаанд ва ин рақам дар миёни донишҷӯёни тоҷик болотар будааст. Аммо ҳама интизор надоранд, ки бо қабули қонун ҳама дигар сигору носкаширо дар маконҳои умумӣ бас мекунанд, масалан дар назди шумо дар дохили мусофирбар нос намекашанд.
Агарчӣ иҷрои қонун ба осонӣ даст нахоҳад дод, аммо ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, таҷрибаи андӯхтаи кишварҳои дигар метавонад намуна барои Тоҷикистон ҳам бошад:
“Таҷрибаи андӯхтаи мубориза бо маҳсулоти истифодаи тамоку нишон медиҳад, ки асосан се усули муборизаи самаранок, аз ҷумла усули таблиғи зиёни сигор, маҳдуд ва манъкунӣ, инчунин рафъи талабот ба тамоку, ё худ табобати алтернативӣ мавҷуданд. Аз ин лиҳоз бо қабули қонуни мазкур мақомоти масъули давлатӣ ва аҳли ҷомеа ҳама усулҳои мавҷударо васеъ истифода баранд.”
Интизор меравад, ки қонуни мазкурро Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон тасвиб кунад ва он аз аввали соли оянда ҳукми иҷро хоҳад гирифт. Тамокуро яке ақ қотилони муосири инсоният хондаанд, чун барангезандаи бемориҳои зиёде ба мисли саратони шушу гӯлу ва дигар бемориҳои кушанда аст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, агар вусъати сигоркашӣ дар ҷаҳон ҳамингуна идома кунад, то соли 2030 солона 10 миллион нафар ҳалок хоҳанд шуд.