Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 иншооти низомӣ месозад

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор тарҳи созишномаи нав миёни Душанбеву Пекинро тасдиқ кардааст, ки тибқи он Чин уҳдадор мешавад, барои марзбонҳои тоҷик 7 иншооти низомӣ бунёд кунад. Дар матни ин созишнома, ки Вазорати адлия рӯзи 26 сентябр ба нашр расонд, омадааст, Чин аз ҳисоби маблағҳои грантии худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се қароргоҳ (комендатура), чор дидбонгоҳи сарҳадӣ ва як маркази таълимии ҳарбӣ бунёд хоҳад кард.

Чин бо назардошти манофеи амниятии худ ҳифзи марзи Тоҷикистонро тақвият мебахшад, ки Русия низ ба он мухолиф нест.
Рашид Ғанӣ Абдулло

Чин, ҳамчунин, барои марзбонҳои тоҷик биноҳои маъмуриву хидматӣ, макони зист, майдонҳои тамринӣ, анбор ва дигар иншооти ёрирасонро бунёд карда, бо таҷҳизоту муҳимот таъмин хоҳад кард. Тарафи Чин вазифадор шудааст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия карда, тавассути муҳандисони худ ба иҷро расонад.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон бар асоси ин созишнома вазифадор шудааст, барои сохтмони ин иншоот замин ҷудо карда, амнияти кормандони чиниро дар марз таъмин намояд. Тибқи банди сеи ин созишнома ҷониби Чин аз пардохти ҳама намуди андоз, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки бо сохтмон вобаста ҳастанд, озод карда мешавад. Дар поёни қарор ҳукумат Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки аз номи Тоҷикистон бо Чин ин созишномаро ба имзо бирасонад.

Дар Идораи нерӯҳои марзбонии кишвар ва сафорати Чин дар Тоҷикистон аз додани иттилои бештар дар робита худдорӣ варзиданд.

Тасвиби созишномаи нави Тоҷикистону Чин дар ҳолест, ки ин кишвари маъруф бо номи "аждаҳои сурх" дар аввали соли ҷорӣ дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро дар марз бо Афғонистон ба истифода дод. Дар оғози моҳи майи сол ҷорӣ дар Душанбе низ “Хонаи афсарон” ба истифода дода шуд, ки бо 100 миллион юан ё 15 миллион доллари Чин сохта шудааст. Мақомот он замон гуфта буданд, ин ёрии бебозгашти Чин ба Тоҷикистон аст.

Чин то ба ҳол бо Тоҷикистон бештар равобити иқтисодӣ дошт ва Тоҷикистон дар равобити ҳарбӣ бештар ба Русия бартарӣ медод. Аммо тайи солҳои охир равобити низомии Душанбе бо Пекин ҳам дар ҳоли рушд аст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва дар пеш бурдани муносибатҳояш бо як кишвар маҳдуд намешавад: “Гуфта намешавад, ки Тоҷикистон дар арсаи низомӣ танҳо бо Русия ҳамкорӣ мекунад. Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳояш бо Амрико ва Чин ҳамкорӣ мекунад. Ҳамчунин, Тоҷикистон узви фаъоли барномаи БОМКА - тақвияти сарҳадҳо мебошад, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад.”

Рашид Ғанӣ афзуд, Чин бо назардошти манофеи амниятии хеш ҳифзи марзи Тоҷикистонро тақвият мебахшад, ки Русия низ ба он мухолиф нест, чунки дар маҷмӯъ ба манфиати Русия низ ҳаст.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Ҳамсуҳбатони мо аз шумори таҳлилгарон мегӯянд, Чин бо тақвият бахшидани марзи Тоҷикистон ҳамчунин амнияти марзи худашро низ қавитар месозад. Чин бо ин амлаҳояш аз наздик шудани ноамниҳо ба вилояти ҳамсарҳад бо Тоҷикистони Шинҷон пешгирӣ мекунад. Чунки бархе аз ҳаракатҳои бархоста аз ин вилояти автономӣ аз шумори уйғуртаборон барои мустақилияти ин минтақа аз Чин мубориза мебаранд.

Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарзҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе то соли 2018 ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигарро додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.