Таронаи маъруфи "чину чин" дар иҷрои як ҷавони чинӣ ва бо шеваи нав таваҷҷӯҳи бисёре аз тамошобинонро дар Душанбе ба худ ҷалб кард. Ин таронаи тоҷикиро Пан Бо - шаҳрванди Чин бо тағйироти зиёд дар рӯзи таҷлил аз соли нави қамарии кишвараш, ки рӯзи 22 феврал дар пойтахти Тоҷикистон низ таҷлил шуд, иҷро кард.
Мазмуни ин таронаи ӯ қиссаи ҷавони ошиқе буд, ки аз Чин ба Тоҷикистон омадааст
"Ҳой чархофалаке маро ба чарх овардӣ,
Ҳой дар Чин будаме, Тоҷикистон овардӣ.
Ҳой дар Чин будаме бо ёди дӯстон будам,
Саргашта ба пеши дӯстон овардӣ.
Чину чину чину чин, ман бача аз Чину Чин..."
Чиниҳои Тоҷикистон соли нави худро рӯзи 22 феврал дар Душанбе бо иштироки намояндагони баландпояи ду кишвар ва зери шиори "Тоҷикистону Чин як оилаанд" баргузор карданд. Дар баробари таронаи "чину чин”-и Пан Бо дар ин маросим чиниҳои дигари Тоҷикистон ҳам бо забони шевои тоҷикӣ, шеъру таронаҳо иҷро карданд.
Ван Хуэичуан даҳ сол боз дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ бо як марди тоҷик издивоҷ кардааст ва ба худ исми Гулчеҳраро гирифтааст, ки яке аз номҳои маъмул дар Тоҷикистон аст. Гулчеҳра бо ҳамсари ояндааш дар Чин ошно шуд ва онҳо бо ҳам ба Тоҷикистон баргаштанд.
Дар оилаи Гулчеҳра дар як сол се бор аз соли нав ҷашн мегиранд - соли нави қамарии чинӣ, Наврӯзи тоҷикон ва ҳам соли нави мелодӣ. Гулчеҳра як фарзанд дорад ва мегӯяд, ки онҳо дар хона бо ду забон – чинӣ ва тоҷикӣ – сӯҳбат мекунанд ва ҳамчунин расму анъанаҳои ду кишварро пос медоранд.
"Дар рӯзи соли нави чинӣ, хӯрокҳои миллии худамонро мепазам ва шабакаҳои Чинро рӯшан мекунем. Наврӯзро ҳам ҳамин хел. Соли нави мо ҳам мисли Наврӯзи шумо аст. Ҳама сабз мешавад, гулҳо мешукуфанд. Ин иди бузурги мо аст, бояд ҳама дар оила ҷамъ шавад ва падару модаронро хабар мегирем. Фарҳанги Тоҷикистону Хитой монанданд. Ҳар ду меҳмондӯстанд ва дар ин ду кишвар ҳам калонсолонро ҳурмат мекунанд. Барои ҳамин, розӣ шудам ки бо марди тоҷик издивоҷ кунем," - мегӯяд Гулчеҳра.
Ин хонуми чинӣ мегӯяд, ки солҳои охир бинобар беҳтар шудани равобит ва бештар шудани равуои мардуми Тоҷикистону Чин издивоҷ ҳам миёни сокинони ин ду кишвар афзудааст.
Чин солҳост дар Тоҷикистон ҳузури иқтисодӣ дорад ва яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди кишвар дониста мешавад. Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аст ва ин маблағҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст.
Бар пояи оморҳои расмӣ тайи як-ду соли охир теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар дар Тоҷикистон 30 дар сад афзоиш ёфта, ба ҳудуди 6 ҳазор нафар расидааст. Тятси Фам, роҳбари Маркази забономӯзии Конфутсий дар Душанбе мегӯяд, “чиниҳо дар Тоҷикистон зиёданд. Онҳо дар ширкатҳои сохтмони роҳу барқ ва ё дар мактабу донишгоҳҳо кор мекунанд. Онҳо ҳама Тоҷикистонро дӯст медоранд, чун тоҷикон худ меҳмондӯстдоранд ва бо чиниҳо муносибати хуб доранд. Онҳо дар ин ҷо оиладор мешаванд ва фарҳангу таронаҳои тоҷикиро хеле дӯст медоранд. Бисёраш хеле хуб бо забони тоҷикӣ суруд мехонад.”
Маркази омӯзишии Конфутсий дар Тоҷикистон дар як соли гузашта ба 4 ҳазор ҷавони тоҷик дар омӯзиши забони чинӣ кумак кардааст. Ба таъкиди масъулини ин марказ, солҳои ахир таваҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба фарҳангу забони чинӣ афзудааст. Раҳматулло Раҳимов, яке аз ин ҷавонҳост.
Ӯ як сол боз дар Чин таҳсил дорад ва мехоҳад, ки бо хатми донишгоҳ тиҷорати наверо дар ин ду кишвар ба роҳ монад: “То соли 2019 бо ихтисоси омӯзгорӣ дар донишгоҳи Омӯзгории чин таҳсил мекунем. Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону робитаи хуб аст ва мна мақсад гузоштам, ки як ширкати тиҷорӣ таъсис медиҳам ва ҳамчунин метавонам ба ҳайси тарҷумон кор кунам ва муваффақ бошам.”
Дар маросими таҷлили иди баҳор ва охирин рӯзи соли нави қамарии Чиноиҳо дар Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент ҳам аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон мардуми ин кишварро табрик гуфт ва ба рушди равобити Тоҷикистон бо ҳамсояи наздикаш Чин таъкид кард.