Масъулини идораи “Тоҷикстандарт” дар як мулоқот бо рӯзноманигорон рӯзи 14-уми июл ба интиқоди соҳибкорону ширкатҳои тиҷоратӣ пардохтанд, ки ба қавли онҳо, бозорҳои кишварро бо маҳсулоти бесифат аз Эрону Чин пур кардаанд. Ба гуфтаи масъулини “Тоҷикстандарт”, дар ним соли гузашта беш аз ҳазор тонна маҳсулоти бесифат мусодира шудааст, ки тақрибан 300 тоннааш ба Эрон марбут аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соҳибкорони мо рафта, бо маблағи кам ё ҳатто бепул он чойро гирифта, ба Тоҷикистон меоранд. Чӣ хел мо сари роҳашро нагирем? Мо даҳҳо бор дар ин бора расман муроҷиат кардем, ки чунин ҳолатҳо вуҷуд дорад
“Ба воридоти маҳсулоти эронӣ зид нестем, вале...”
Ибодуллоҳ Қурбониён, раиси “Тоҷикстандарт”, мегӯяд, дар тақрибан 80-90 дар сади маҳсулоти воридшуда аз Эрон ба Тоҷикистон нишонии расмӣ вуҷуд надорад. Ӯ дар ин маврид аз афшураи помидор (томат) ва чойи хушки Эрон мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, “бояд ба партовгоҳ андохта шавад”. “Соҳибкорони мо рафта, бо маблағи кам ё ҳатто бепул он чойро гирифта, ба Тоҷикистон меоранд. Чӣ хел мо сари роҳашро нагирем? Мо даҳҳо бор дар ин бора расман муроҷиат кардем, ки чунин ҳолатҳо вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ибодуллоҳ Қурбониён афзуд, ба воридоти маҳсулоти эронӣ ҳеҷ мухолифат надоранд, вале ба қавли ӯ бояд онҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошанд.
Пешгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти истеҳсоли Эрон дар ҳолест, ки ду сол боз муносибати Тоҷикистон бо ин кишвар ба мушкил печидааст. Тоҷикистон соли гузашта воридоти бархе аз маҳсулот, назири гӯшту пӯсти мурғ, равғани нахл ва тухми мурғ аз ин кишварро расман манъ карда буд. Коршиносон ин тағйир дар равобит бо Эронро ба ранҷиши ҳукумати Тоҷикистон аз Теҳрон дар заминаи ҳамкориаш бо ҳизби наҳзати исломӣ ва даъвоҳои молии марбут ба соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ рабт медиҳанд.
Тоҷирон: “Мо беинсоф нестем, мардум харида наметавонанд”
Тоҷирони бозор иддаои Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар бораи ба қавли мақомоти ин ниҳод беинсоф буданашонро рад карда мегӯянд, “вобаста ба талаботи бозор” кор мекунанд. Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, қимати моли баландсифат ҳам гарон аст ва на ҳама аҳолии Тоҷикистон қудрати харидории онро дорад. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, тоҷири бозор мувофиқ бо қонуни бозор кор мекунад.
Эмомалӣ Халилов, соҳибкори бозори “Шанхай”-и шаҳри Душанбе, ки аз Чин либос меорад, гуфт, ба мардум аз моли аълосифат то маводи сифаташ пастро пешниҳод мекунанд ва ба гуфтаи ӯ муштариён бештар сари моли арзонтар таваҷҷуҳ доранд.
Ин ҳамсуҳбати мо маҳсулоташро нишон дода гуфт, “ман дар инҷо се намуд матоъ дорам. Якумаш сари ҳар метр 25 сомонӣ, дувумаш 16 ва севумаш 9,5 сомонӣ аст. Харидор вақте меояд, вобаста ба маблағи дар ҷайбаш буда матоъро мехарад. Инҷо айби тоҷирон нест, мардум барои хариди моли баландсифат пул надоранд. Мардум бештар ҳоло ба нархи он аҳамият медиҳанд, на ба сифати он.”
Харидорон низ мегӯянд, ба маблағи дар ҷайбашон буда, нигоҳ карда маҳсулот интихоб мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамаи онҳо мехоҳанд, маҳсулоти баландсифат интихоб кунанд, аммо вақте дар ҷайб маблағи зарурӣ надоранд, бояд чӣ кор кунанд?
Вақте тоҷир мебинад, ки имконияти мизоҷаш барои хариди моли баландсифат намерасад, ночор вобаста ба тавоноии мизоҷаш амал мекунад. Ӯ молеро пешниҳод менамояд, ки мардум имкони харидории онро дошта бошад
“Вақте дар ҷайб пул набошад”
Ойбибӣ Назарова, як сокини вилояти Хатлон, мегӯяд, ба пойтахт барои харидани маҳсулоти нисбатан арзон омадааст ва ҳарчанд дилаш ҳам хоҳад, наметавонад аз маҳсулоти аълосифат харидорӣ кунад. Назарова мегӯяд, “мо як-ду либоси арзон мегирем. Ба сифати маҳсулот ҳам нигоҳ мекунем, аммо ба қади тавоноиамон онро мегирем. Чун дар деҳа маблағ ёфтан хеле мушкил аст.”
Аммо дар ин миён ҳастанд харидороне, ки мегӯянд барояшон сифат аз ҳама муҳим аст. Умедҷон Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, агар маҳсулоти қиматтарро харидорӣ кунем, онро зиёдтар истифода кардан имкон дорад.
“То талабот аст, маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон меояд”
Коршиносон мегӯянд, омили муайянкунанда дар низоми бозор талабот аст ва тоҷирон ҳамеша ба дархости мизоҷон нигоҳ карда маҳсулот меоранд. Коршинос Ҳакими Даврон мегӯяд, модоме ки маҳсулоти пастсифат вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад, ин маънои онро дорад, ки талабот ба ин намуд маҳсулот вуҷуд дорад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба бозор роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ба омилҳои дигар низ вобаста аст.
“Ҳоло ба он хотир сад дар сад наметавонанд аз вуруди ин намуд маҳсулот ҷилавгирӣ кунанд, ки шояд иқтидори техникӣ ва кадриашон барои ин кифоят намекунанд. Омили фасод низ шояд дар инҷо дар миён ҳаст. Вақте тоҷир мебинад, ки имконияти мизоҷаш барои хариди моли баландсифат намерасад, ночор вобаста ба тавоноии мизоҷаш амал мекунад. Ӯ молеро пешниҳод мекунад, ки мардум имкони харидории онро дошта бошад”, - гуфт ин коршинос.
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар ҳоле аз вуруди молҳои пастсифати эронӣ ва чинӣ ба бозорҳои Тоҷикистон бонги изтироб мезанад, ки аҳолии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ маоши аз ҳама пастро мегиранд.