Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон баъд аз таҳримҳо. Роҳи рушд оё ҳамвор хоҳад буд?


Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз лағви таҳримҳои байнулмиллалӣ истиқбол кард ва гуфт, ки созиши ҳастаӣ имконоти наверо барои рушди ҳамкории кишвараш бо ҳама олам боз намудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар Маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе, 17 январ гуфт, ки ин санад барои як нуқтаи чархиш барои иқтисоди кишвар аст. Вале кишвари дорои захираҳои бузурги нафт набояд фақат рӯи даромад аз нафт тамаркӯз кунад, таъкид намуд ӯ.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, Теҳрон бояд имконоти баъди лағви таҳримҳо бозшударо барои рушди кишвар, некӯаҳволии мардум ва таъмини суботу амният дар минтақа истифода намояд.

Юкио Амано, мудири кулли МАГАТЭ, Оҷонси байналмилалии нерӯи шоми 16-уми январ эълом кард, ки Эрон ҳама бандҳои созишномаи ҳастаиро иҷро кардааст. Ба думболи ин Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон хабар доданд. Изҳоротро хонум Могеринӣ бо забони англисӣ ва Ҷавод Зариф бо забони форсӣ қироат карданд:

Ҳасани Рӯҳонӣ ва гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ ва гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси Эрон

Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки ҳама таҳримҳои молиявӣ ва иқтисодӣ ва ҳама он чӣ ба барномаи ҳастаии Эрон вобаста буд, лағв шуданд.

ИМА таҳримҳо дар бахши бонкдорӣ, тиҷорати баҳрӣ, содироти пулод ва дар чанд соҳаи дигарро бекор кард.

СОЗИШИ ҲАСТАӢ ВА РАҲОИИ МАҲБУСОН

Дар ҳоле, ки ҳама дар Вена интизори гузориши МАГАТЭ буданд, Эрон чаҳор маҳбус, аз ҷумла, корманди рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" Ҷейсон Ризоиён аз зиндон раҳо карда шуданд. Ин хабарнигор, ки шаҳрвандии Эрон ва Амрикоро дорад, беш аз як сол бо иттиҳоми ҷосусӣ ва тарғиботи зиддидавлатӣ дар маҳбас буд. Се нафари дигар озодшуда – маллоҳи собиқ Амир Мирзо Ҳикматӣ, рӯҳонии масеҳӣ Саид Обидинӣ ва соҳибкор Сиёҳмак Намозӣ ҳам соҳиби душаҳрвандиянд. Бар пояи хабарҳо, раҳоии онҳо аз зиндон дар чаҳорчӯби табодули маҳбусон сурат гирифтааст. Баъзе хабаргузориҳо навиштанд, ки ИМА ҳам ҳафт эронӣ, аз ҷумла, се нафари муттаҳам дар нақзи таҳримҳои байнулмилалл алайҳи Эронро, озод кард.

Ҳанно Ковиёнӣ, ҳамкори мо аз Радиои Фардо мегӯяд, дар долонҳои музокироти ҳастаӣ Теҳрону Вошингтон паси дарҳои баста дигар масоил, аз ҷумла, раҳоии маҳбусонро ҳам баррасӣ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки мақомоти эронӣ камтар дар ин бора сӯҳбат мекарданд, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ба далели он ки бояд посухгӯи Конгресс ва афкори умум дар заминаи маҳбусони амрикоии маҳбасҳои Эрон мебуд, дар ҳар дидор бо мақомоти эронӣ ин масъаларо ба миён мегузошт ва хостори раҳоии онҳо мешуд.

РӮҲОНӢ: ХОҲЕД НАФЪ БАРДОРЕМ, АЗ БАҲСҲО ПАРҲЕЗ КУНЕД

Мақомоти Эрон мегӯянд, лағви таҳримҳо ба рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои ахир тақрибан ба зону зада буд ва ба афзоиши бекорӣ дар Эрон мунҷар шуда буд, мусоидат хоҳад кард. Эрон барои комёб шудан ба рушди солонаи ҳаштдарсада ба 50 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ниёз дорад, гуфт Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи Маҷлис.

Бо лағви таҳримҳо Теҳрон ба беш аз 30 миллиард доллари дар ҳисобҳои хориҷӣ мунҷамидшуда даст меёбад. Мақомоти расмии Эрон гуфтанд, ки маблағи умумии дар бепруни Эрон мунҷамидшуда тақрибан 100 миллиард доллар аст. Оҷонси байнулмилалии энерҷӣ рӯзи 17 январ хабар дод, ки Эрон тақрибан 38 миллион бушка нафтро захира кардааст ва омода аст онро вориди бозор кунад.

Ҳарчанд қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 30 доллар барои як бушка пойинтар шудааст, Эрон дар бораи афзоиши тавлиди он тасмим гирифтааст. Интизор меравад, ки Теҳрон содироти нафтро рӯзе то 1, 1 миллион бушка афзоиш диҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар парлумон таъкид кард, ки барои беҳтар баҳра бардоштан аз имкониятҳои нави иқтисодӣ пеш аз ҳама оромиши сиёсӣ зарур аст. Мо бояд пеши роҳи ҳама гуна ихтилофҳои хурду резаи дохиливу берунаро бигирем, зеро ҳама гуна баҳс метавонад ба манфиатҳои миллӣ латма занад, изҳор намуд раисиҷумҳури Эрон. Ба гуфтаи Ҳасани Рӯҳонӣ созиши ҳастаии Эрон бо Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон, бидуни шубҳа, пирӯзии ҳама ҷонибҳои вориди музокирот ва ҳама ҷиноҳҳо дар худи Эрон аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, иҷрои созиши ҳастаӣ, ки Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё БАРҶОМ номида мешавад ва дар як санади тӯлонӣ ва муфассал сабт шудааст, метавонАд ҷараёни муносибатҳои иқтисодии Эрон бо ҷаҳонро ба шиддат тағйир диҳад. Бо ин ҳол ҳанӯз комилан маълум нест, ки ин тағйирот чи таъсире ба муомилоти рӯзмараи эрониёни Амрико хоҳад дошт. Бисёриҳо тасаввур мекунанд, ки созиши ҳастаӣ нишонаи хотимаи муқаррароте аст, ки аз сӯи дафтари назорати амволи хориҷӣ дар вазорати молияи Амрико иҷро мешавад. Дар сурате, ки ин тасаввур ба аз воқеият бисёр дур аст.

Ҳуқуқдони эронии муқими ИМА Фарҳоди Алавӣ ба суолҳое, ки дар робита ба лағви таҳримҳо зеҳни бисёриҳоро машғул нигаҳ медорад, ин гуна посух гуфтааст:

ОЁ ҲАМА ТАҲРИМҲОИ ЭРОН ЛАҒВ МЕШАВАД?

Ба ҳеҷ ваҷҳ. Эҳтимол медонед, ки аксарияти таҳримҳои якҷонибаи феълии Амрико алайҳи Эрон дар соли 1995 аз сӯи президенти вақти он кишвар Бил Клинтон ироа шуданд. Ин қонунҳо то ба имрӯз таҳти унвони муқаррароти муомилот ва таҳримҳои Эрон ҳамчунон барқарор ҳастанд. Ин таҳримҳо шомили бисёре аз фаъолиятҳои рӯзмараи "ашхоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" аст, ки тибқи таърифи қонун, шомили шаҳрвандон ва афроди дорои иқомати доими Амрико (сокини ҳар куҷо ки бошанд, ҳатто Эрон), афроде, ки дар дохили Амрико ҳузури ҷисмонӣ доранд (монанди афроди дорои раводиди корӣ, таҳсил ё сайёҳӣ) ва ширкатҳои амрикоӣ ва ширкатҳои тобеи онҳо дар хориҷи кишвар мешавад.

БАРҶОМ як тавофуқ бар сари барномаи ҳастаии Эрон аст ва рабти зиёде бо таҳримҳои ITSR надорад. Таҳримҳои ITSR бинобар ҳимояти Эрон аз терроризм ва ҳамчунин нақзи ҳуқуқи башар хонда мешавад, вазъ шудааст. Дар натиҷа бахши калони ITSR ба қуввати худ боқӣ мемонад ва танҳо тағйироти ҷузъӣ дар он эҷод мешавад. Ба ҳамин тартиб, метавон гуфт, ки БАРҶОМ ба маънии поён ёфтани ҳама норизоятиҳои Амрико алайҳи Эрон нест.

ПАС БАРҶОМ ЧӢ ТАҒЙИРОТЕ ЭҶОД МЕКУНАД?

Аввалан, бисёре аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон лағв мешаванд. Дигар ин ки бисёре аз таҳримҳои Амрико алайҳи кишварҳои севум, ки бо Эрон робита доранд, бекор карда хоҳанд шуд.

Бисёре аз ниҳодҳои эронӣ аз феҳристи ашхоси таҳти таҳрим (SDN) хориҷ мешаванд. Ба унвони мисол, ширкатҳои ғайриамрикоӣ ва ғайриэронӣ (монанди ширкатҳои аврупоӣ ва осиёӣ) дигар барои сармоягузорӣ дар саноати маводи сӯхту кимиёи Эрон ва ё фурӯши миқдори зиёде аз маҳсулоти нафтии Эрон танбеҳ ва ҷарима намешаванд. Ҳамин боиси густариши фаъолиятҳои қонунии ширкатҳои ғайриамрикоӣ ва ғайриэронӣ дар Эрон мешавад. Ба ҳамин минвол, ширкатҳои хориҷии тобеи ширкатҳои амрикоӣ ҳам то ҳудуде метавонанд тиҷорат бо Эронро барқарор кунанд.

ОЁ БАРОИ "АШХОСИ АМРИКО" ТАҒЙИРИ МУСТАҚИМЕ ЭҶОД МЕШАВАД?

Бале, то ҳудуде. Аввалан, тағйироти қонунӣ маҳдуд ба иҷозаи воридоти маводи ғизои хушки эронӣ монанди писта ва ҳамчунин фарш ё қолинҳои эронӣ аст.

Ҳамчунин қарор аст вазорати молияи Амрико барномаеро таҳия кунад, ки ба ширкатҳои амрикоӣ иҷозат диҳад, то бо баъзе бахшҳои санъати ҳавопаймоии ғайринизомии Эрон муомила кунанд. Масалан, ширкатҳои амрикоӣ метавонанд иҷозатномаи махсусе аз ин вазорат дарёфт кунанд, ки ба Эрон ҳавопамои ғайринизомӣ бифурӯшанд. Ин густариши тағйирот барои ашхоси ИМА аст. Фаротар аз густариши тағйирот дар қонун, эҳтимолан шоҳиди осонӣ дар муомилот хоҳед буд, ки пеш аз ин ҳам иҷозат буд. Масалан, фиристодан ва дарёфти қонунии ваҷҳи нақдӣ ба Эрон ва ё фурӯши қонунии маводи ғизоӣ, доруӣ ва технологияи IT ба Эрон осон хоҳад шуд.

ОЁ АФРОД БАРОИ МУОМИЛОТ БА МУҶАВВИЗ НИЁЗ ХОҲАНД ДОШТ?

Умуман бале. Вазорати молияи Амрико дар солҳои гузашта бо судури "муҷаввизҳои умумӣ" бисёре аз муқаррароташро осон кардааст. Ба ин маънӣ, ки баъзе муомилаҳо, ба хусус бо Эрон иҷозат ҳаст ва ба шарти инки тибқи қонун анҷом шавад, ниёзе ба иҷозатнома нест. Аммо бисёре аз муомилот ҳамчунон ба иҷозатномаи вазорати молия ниёз хоҳанд дошт. Ин муомилаҳо шомили фурӯши амволи ҳақиқӣ дар Эрон, фурӯши дигар дороиҳо (шомили ширкатҳо, саҳҳом ва ғайра), боз кардан ва ё бастани ҳисобҳои бонкӣ дар Эрон, ва бисёре аз фаъолиятҳои хайрия аст.

Шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунон ҳаққи сармоягузорӣ, кор, боз кардани ҳисобҳои бонкӣ ва хариди амвол дар Эрон бидуни иҷозатномаи махсус аз вазорати молияро надоранд.

Оё вазорати молия нисбат ба тахаллуф аз таҳримҳо сахтгирии камтаре хоҳад кард? Ба эҳтимоли зиёд, на. Бисёре ба ин боваранд, ки БАРҶОМ қадами аввал ба сӯи барқарории дигарбораи робита байни Эрон ва Амрикост. Бояд сабр кард ва дид, ки оё ин масъала иттифоқ меафтад ё не. Аммо феълан он чӣ рӯшан аст, ин аст ки ҳукумати Барак Обама барои тасвиби ин созиш дар Конгресс набарди бисёр сахтеро аз сар гузаронд. Бисёре аз мухолифони БАРҶОМ муътақид буданд, ки ин созиш беш аз ҳадд ба нафъи ҳукумати Эрон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба назарҳои манфии бисёр алайҳи ин созиш, бовари умумӣ ин аст, ки ҳукумати Амрико тасмим дорад собит кунад, ки нисбат ба Эрон нармиш нишон намедиҳад ва таҳримҳои мавҷудро қотеъона иҷро мекунад. Ба ин тартиб, эҳтимол дорад, вазоратҳои молия ва додгустарии Амрико фаъолиятҳояшонро ҷиддитар кунанд. Дар натиҷа набояд БАРҶОМ-ро нишонаи осонии таҳримҳои иқтисодии мавҷуди Амрико алайҳи Эрон донист.

XS
SM
MD
LG