Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин вазоратхона рӯзи 27 июл гуфт, феълан ин қазия дар баррасии додгоҳ қарор дорад ва то анҷоми мурофиа аз шарҳи бештар худдорӣ хоҳанд кард. Вазири адлия афзуд, қарори ниҳоиро дар робита ба фаъолияти ояндаи Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, додгоҳ қабул хоҳад кард.
Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки "Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда буд. Вале ин кумита ба баъзе аз қонуншиканиҳо дар Тоҷикистон роҳ дод. Баҳс имрӯз дар додгоҳ идома дорад, аз ин лиҳоз ман намехоҳам то ҳалли суд, дар ин бора ибрози назар кунам."
Рустами Шоҳмурод гуфт, ки шарҳ додани ин қазия як навъ фишор ба додгоҳ хоҳад буд. Бинобар ин, ӯ ҷузъиёти марбут ба қонуншикании созмони хайрияи эрониро ҳам шарҳ надод. Баҳс миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди Имом Хумайниро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад.
Қаблан сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бо амри ӯ мутаваққиф шудааст, на бо қарори ҷониби Тоҷикистон. Матбуоти Эрон, аз ҷумла нашрияи “Tehran Times” рӯзи 10 июл аз қавли Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири кунунии Эрон дар Тоҷикистон навишт, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори худи сафир мутаваққиф шудааст.
Фағонӣ гуфта буд, мақомоти Тоҷикистон дар манъи фаъолияти ин сандуқи хайрия дахолате накардааст, вале азбаски тардидҳое дар робита ба кори ин созмон вуҷуд дошт, ӯ худ ба Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дастур додааст, ки то рафъи ин шакку гумонҳо аз идомаи фаъолият худдорӣ кунанд.
Хабари баста шудани Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ибтидо рӯзи 7 июл дар сомонаи Озодӣ аз қавли мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд. Як манбаъ дар раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин вазорат қаблан ду бор дар мавриди нақзи қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба ин кумита огоҳии расмӣ фиристода буд, аммо ниҳоди мазкур огоҳиҳоро нодида гирифт.
Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз соли 1996, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба фаъолиятҳояш дар ин кишвар шурӯъ кард. Ин созмон, ба гуфтаи масъулонаш, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои занону духтарон беш аз 10 омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои қолибофӣ таъсис дода ва ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, ҷавонони камбизоат ва донишомӯзон ёрӣ мерасонд. Ҳамчунин, Кумитаи имдод дар баргузории ҷашни арӯсии ҷуфтҳо аз хонаводаҳои фақир ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон ёрӣ медод.
Тавқифи фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити дар солҳои гузашта хуби Душанбеву Теҳрон дар ин авохир дучори танишҳо шудаанд.
Як нуқтаи авҷи ин танишҳо моҳи декабри соли 2015, дар пайи ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват шудани раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот кардани ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ буд. Ба дунбол, вазорати хориҷаи Тоҷикистон сафири Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба вазорат фаро хонда, ба ӯ дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистонро супурд. Душанбе ин амалро ғайри қобили қабул хонда, гуфт, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.
Дар баҳори соли равон дар бораи манъи воридоти чойи хушк, гӯшти паранда ва гӯшти қимаю дигар навъи маҳсулоти ширкатҳои Эрон ба Тоҷикистон гузориш шуд. Утоқ (палата)-и бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон бо пахши як иттилоия гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҷониби Эронро огоҳ кардааст, ки бидуни барчаспҳо бо ҳуруфи сириллик иҷозаи содироти молу колои эронӣ ба Точикистон дода намешавад: "Бо таваҷҷуҳ ба мусаввабаи қонунии давлати Тоҷикистон, тоҷирони содиркунанда ба мақсади Тоҷикистон мебоист мушаххасоти колоро ба забони тоҷикӣ бар рӯи коло дарҷ намоянд."
Аммо Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки маҳдудияти ҷоришуда дар роҳи воридоти молҳои эронӣ ба сифати пасти ин маҳсулот рабт мегирад: “Маҳдудиятҳо нисбати воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба ҳолатҳои аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” надодани сертификати мутобиқат ба як қатор маҳсулоти хӯрокаи пастсифат аз қабили чой, гӯшти паранда, қима аз гӯшти парранда ва ғайра ба миён омадааст.”
Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, “ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти молҳои пастсифати ба ҳаёт ва саломатии инсон зараровар новобаста аз кадом давлате, ки набошад, чораҳои дахлдор меандешанд.”
Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо сармояи Эрон сохта шудаанд.