Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тухм аз Эрон, мех аз Чин. Иқтисоди мӯътоди маҳсулоти воридотӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон як барномаи миёнамуддати воридот ивазкуниро таҳия мекунанд, ки дар худи ин кишвар тавлид кардани 20 номгӯи маҳсулотро дар бар мегирад.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барномаи панҷсолаеро таҳия мекунад, ки кам кардани бори гарони маҳсулоти содиротӣ аз дӯши иқтисоди ин кишварро ба ҳадаф дорад. Ин барномаи миёнамуддати воридотивазкунӣ дар худи Тоҷикистон ба роҳ мондани тавлиди дастикам 20 номгӯи маҳсулотро дар назар дорад.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 6 апрел дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон – парлумони ин кишвар дар посух ба эродҳои раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, “лоиҳаи барномаи давлатии мусоидат ба воридотивазкунӣ ва мусоидат ба содирот таҳия шудааст. Мо мушаххас кардем 20 номнӯи маҳсулоти аввалини содиротиву воридотиро ва вазорату идораҳо ҷиҳати дар оянда ташкили истеҳсоли он маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид карда мешаванд, пешниҳодҳо мекунем. Аз ҷумла бо ҳавасманд кардани соҳибкорон барои ташкили чунин корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ. Мо дар дохил барои тавлиди маҳсулот имкониятҳои фаровон дорем.”

Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, тарҳи ин барнома ба зудӣ барои тасвиб ба ҳукумати Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, нисбат ба иҷро шудани ин барномаҳо зиёд хушбин аст ва хафв дорад, ки ин тарҳ низ мисли тарҳҳои дигар дар рӯи қоғаз хоҳад монд: “Агар мо ин чизҳоро як ба як муайян накунем, баъди чор сол боз меоем, вале ин барномаҳо боз иҷроношуда боқӣ мемонанд.”

Раиси парлумон аз ҷумла ёдовар шуд, ки бо вуҷуди таҳияи барномаи амнияти озуқа, соли гузашта Тоҷикистон аз хориҷ 800 ҳазор тонна гандум ва 140 ҳазор тонна орд ворид кардааст.

Баҳси мавзӯи воридотивазкунӣ дар парлумон дар ҳолест, ки иқтисоди Тоҷикистон дар тӯли солиён шадидан вобастаи воридоти маҳсулот боқӣ мемонад ва бино ба ҳисобҳо, то 80 дарсади бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин мешавад. Ба қавли як соҳибкор, “ширу тухмро то ҳол аз Эрону ҳатто белу досро дигар аз Чин меорем.”

Ҳамин тавр, таносуби байни содирот ва воридоти кишвар фавқулодда манфӣ боқӣ мемонад. Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 137,6 миллион доллар маҳсулот фурӯхта, дар ҳамин ду моҳи январу феврал аз хориҷ ба маблағи 448,8 миллион доллар, яъне қариб 3,3 маротиба бештар назар ба маҳсулоти фурӯхтааш мол ворид кардааст. Ин таносуби шадидан манфӣ дар солҳои гузашта аз ҳисоби сели миллиардҳо долларе, ки муҳоҷирони тоҷик мефиристоданд, пур карда мешуд, вале коҳиши башиддати даромади муҳоҷирон дар Русия Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки акнун пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз кунад.

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, барномаи воридотивазкунии ҳукумат танҳо дар сурате метавонад ҷомаи амал бипӯшад, ки ба соҳибкорони ватанӣ имтиёзҳои ҷиддӣ, бахусус дар масъалаи ҳаҷми андоз, қоил бишаванд.

Фермаи мурғи Мӯъминобод аз соли 2012 кор намекунад
Фермаи мурғи Мӯъминобод аз соли 2012 кор намекунад

Далер Исматов, муовини раҳбари ширкати “Исфара фуд”, ки ба коркарди меваи хушк машғул аст, рӯзи 8 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳавасманд кардани соҳибкорони ватаниро барои иҷрои барномаи воридотивазкунӣ аз ҳама муҳим номид: “Барои таъмини рушди кишвар мо бояд тамоми он маҳсулотеро, ки дар худи Тоҷикистон метавон истеҳсол кард, ҳаминҷо тавлид кунем. Барои мисол, истеҳсоли молҳое, чун равған, собун, шакарро бояд ҳаминҷо ба роҳ монем, барои воридоти он беҳуда пул харҷ накунем. Коркарди маҳсулоти кишоварзиро низ бояд бештар кунем. Агар имтиёзҳо бидиҳанд ба аҳли тиҷорат, фикр мекунам, шумори корхонаҳои нав дар Тоҷикистон хеле зиёд мешавад. Агар воридивазкунӣ шавад, ҳам ҷои кор мешавад, ҳам андоз бештар мешавад, ҳам нарх дар бозорҳои Тоҷикистон хеле арзон мешавад. Фақат ҳавасмандӣ даркор.”

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири дар худи кишвар ба роҳ гузоштани тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда як кумиссиюни доимӣ ба раҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода ҳам таъсис додааст. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, ки то охири сол натиҷаҳое ба даст биоянд: “Албатта, яку якбора натиҷаҳои бузург не, чунки барои ташкили ин истеҳсолот вақт даркор, маблағ даркор, ҳавасманд кардан даркор... Лекин то охир сол як натиҷае ҳатман мешавад.”

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, воридотивазкунӣ (импортозамещение) дар асл барномаи осону содае нест, ки Тоҷикистон битавонад дар як ё ҳатто панҷ сол ба он ноил шавад. Барои ин, ба ақидаи онҳо, бояд дар кишвар як ислоҳоти ҷиддии низоми иқтисодӣ ба роҳ андохта шавад.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба гузориши солонаи Doing Business, мизони андозбандии умумӣ (total taxrate), яъне таносуби байни фоида ва андозҳои мухталиф дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад ва аз лиҳози гаронии бори андозаш дар ҷаҳон дар ҷои севум қарор дорад.

Корхонаи дӯзандагии "Гулистон"
Корхонаи дӯзандагии "Гулистон"

Мониаи дигари бузург дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, ки ба ақидаи соҳибкорон, бояд ҳарчӣ зудтар аз миён бардошта шавад, вуҷуди дастикам 43 идораву ниҳоди мухталифи назоратист, ки ҳар кадом салоҳияти тафтиши ширкатҳову корхонаҳоро дорад ва аз соҳибкорон “ҳаққ”-и худро талаб мекунад.

Вале як мушкили умдаи дигар, ки ҳукумати Тоҷикистонро ҳамеша дар роҳи иҷрои барномаҳои иқтисодиаш дасткӯтоҳ мекунад, камбуди сармоя аст. Худи ҳукумат ба далели ҳамин дасти кӯтоҳи молӣ тавони сохтани корхонаҳои бузурги тавлидотиро надорад. Дар айни замон, соҳибкоронро бори миёншикани андоз, тафтишоти беохири идораҳои назоратӣ ва тарси таҳти фишори афроди муштзӯру пурнуфуз аз даст додани тиҷораташон аз сармоягузории ҷиддӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бозмедорад.

Дар натиҷа кишвар солҳо боз дар ҳамин бунбасти истеҳсолоти ватании заиф ва вобастагии шадид ба маҳсулоти воридотӣ дармондааст.

XS
SM
MD
LG