Чеҳраҳои шинохта дар додгоҳ иттиҳоми хиёнат ба давлатро рад кардаанд

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатии Тоҷикистон, ки бо гумони ғасби қудрат, кӯшиши табаддулот ва қаллобӣ боздошт шудаанд, дар додгоҳ иттиҳоми хиёнат ба давлатро рад ва аз фишори муфаттишон шикоят кардаанд.

Мақомот бо далели махфӣ будани парванда дар ин бора суҳбат намекунанд.

Ду манбаи огоҳ аз парванда бо шарти фош нашудани номашон рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "гумонзадҳо аз 18 то 20-уми декабр бо мавод пурра шинос шуда, назарашонро дар бораи иттиҳомҳо гуфтанд." Ин мурофиаҳо баъди ду ҳафта танаффус дар Боздоштгоҳи Душанбе ва паси дарҳои баста баргузор шудааст.

Мусоҳибони мо гуфтанд, "ҳамаи гумонзадҳо, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон; Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ; Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ; Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ гуфтаанд, иттиҳоми хиёнат ба давлатро намепазиранд."

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ин афрод ҳамчунин дар додгоҳ гуфтаанд, ки ҳангоми таҳқиқ муфаттишон ба онҳо фишор овардаанд. Тафтиши парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон бар уҳда дорад, вале назари намояндагонаш дар ин робита маълум нест.

Манобеи огоҳ аз қазия рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас ба додситон (айбдоркунандаи давлатӣ), вакилони мудофеъ ва худи гумонбарон як ҳафта фурсат додааст, ки барои сухани охирин омода бошанд.

“Дар назар аст, ки то охири ин ҳафта додситон барои гумонбарони парвандаи маъруф ба “табаддулот” аз додгоҳ ҷазо талаб кунад ва сипас ҷониби ҳимоя, яъне вакилони дифоъ ва худи гумонзадҳо сухани охирини худро бигӯянд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, баъди ин додрас барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ меравад. Маълум нест, ки додрас баъди чанд рӯз ҳукми худро эълон мекунад,” – афзуд манбаъ.

Баррасии парвандаи маъруф ба “табаддулот” 14-уми ноябр оғоз шуда, то ин дам тақрибан 11 мурофиа баргузор шуд. Наздикони гумонбаронро дар ин муддат ба толори додгоҳ роҳ намедиҳанд ва вакилони дифоъ ҳам аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд. Барои ҳамин ҷузъиёти хеле кам аз ин мурофиа ба расонаҳо роҳ меёбад.

Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.

Рӯйхати боздоштшудаҳо: