Ӯ 71-сола аст ва дар охири моҳи август дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.
Мақомот парвандаи Абдулфайз Атоиро шарҳ надодаанд.
Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотӣ рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ӯ дар солҳои 1997-99 қисме аз хонаи падарашро дар канори шаҳри Кӯлоб ба касе дода будааст. Мақомот ҳуҷҷатҳои онро санҷида, хулоса додаанд, ки дар ин додугирифт “қаллобӣ” дида мешавад. Ин айби нав дар парвандаи ӯст.”
Яке аз наздикони Абдулфайз Атоӣ низ иттиҳоми навро дар парвандаи ӯ тасдиқ кард, аммо нахост дар ин бора бештар суҳбат кунад.
Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳоми “хиёнат ба давлат” нисбат ба Абдулфайз Атоӣ ба нақли шӯхиомези ӯ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як маҳфил пайванд дорад.
"Ӯ кадом қиссаеро нақл кардааст, ки дар солҳои 90-ум бо президент иттифоқ афтодааст. Аҳли маҳфил механданд. Инро сабт карда, ба мақомот расондаанд ва иттиҳоми хиёнат ба давталаш аз ҳамин шухӣ аст,” -- гуфт ӯ.
Манбаи Радиои Озодӣ ҷузъиёти бештаре надод. Санҷиши мустақилонаи ин маълумоти ӯ ғайриимкон аст.
Мақомот чанд чеҳраи шинохтаро, ки дар миёнашон мансабдорони пешин низ ҳастанд, бо иттиҳоми “кӯшиши табаддулот”, “хиёнат ба давлат”, “барангехтани кинаву адоват” ва “қаллобӣ” дастгир карданд. Боздошти онҳо дар тобистони имсол сурат гирифт.
Парвандаи
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон,
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ,
- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои собиқи ниҳодҳои амниятӣ,
- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон,
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ,
- Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва
- Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ паси дарҳои баста баррасӣ мешаванд.